Ҳизби наҳзати ислом сарчашмаи пайдоиши терроризм дар Тоҷикистон

Мусаллам аст, ки фазо ва муҳити муосири глобалӣ рӯз ба рӯз вазъи куллии сиёсию иҷтимоии қисмати зиёди мамолики Шарқи мусулмониро бар асари ҷаҳолат ва хурофоти асримиёнагӣ ва сиёсатҳои геостратегӣ ноҳамвор сохта, дарҳамбарҳамиро дар низоми зиндагӣ ба вуҷуд овардааст. Ин гуна шароит, қабл аз ҳама, аз ниҳодҳои фарҳангию маърифатии ҷомеаи мо тақозо менамояд, ки дар самти муттаҳид намудани қишрҳои гуногуни иҷтимоӣ, фарҳангӣ, сиёсӣ ва дар ин замина нерӯманд сохтани ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷаҳду талош варзанд.
Мардум чӣ будани ҷангу низоъ ва даргириҳои қавмию гурӯҳӣ ва динӣ-мазҳабиро дар ибтидои солҳои навадуми асри бист хуб дарк кардааст ва аз нӯшобаи заҳрогини дурӯғ, дасиса, найранг, ҳиллабозӣ, кинатӯзӣ, фурсатталабӣ, мансабталошӣ, авомфиребӣ ва худотарошии «пирон» ва алалхусус ҳаммаслакони ТЭТ ҲНИ бехабарона нӯш карда, то имрӯз аз таъсири бади он ранҷ мебарад.
Насли миёнсол ва солманд дар хотир доранд, ки ба «шарофат»-и ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистони даргириҳои шармандавори сиёсӣ ба вуқуъ пайваст ва муҳаррикони асосии ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ маҳз пайравони ин ҳизб буданд. Даъвиҳои хурофотӣ, таассубӣ ва қудратталабонаи роҳбарияти ТЭТ ҲНИ дар гузашта боиси зиддиятҳои сахти қавмӣ, гурӯҳӣ, динӣ-мазҳабӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ гардид ва бо дасти олудаи бегонапарастони ватанӣ, ки дар шахсияти симоҳои «авлиёгуна»-и ҳизбӣ рӯи саҳнаи муборизаҳои миллатситез омада буданд, тухми кинаю адовати динию мазҳабӣ кошта шуд. Роҳбарони ҳизб ва фурсатталобони давр тариқи дастгоҳҳои иттилоотии замон моҳҳои май-ноябри соли 1992 таблиғу ташвиқи саросарии ҷиҳод ба муқобили куффорро, ки таҳти ин мафҳум ҳамватанони мусалмони мухолифи режими исломӣ дар Тоҷикистон фаҳмида мешуд, роҳандозӣ намуданд. Табақабандии иҷбории мардуми шаҳру музофотҳои ҷумҳурӣ ба муъмину кофар системаи давлатдорӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, иқтисодӣ ва ахлоқии ҷомеаи тоҷикро дар он солҳо шикаст ва бадгумонии динӣ-мазҳабиро байни қавму миллатҳо ба вуҷуд овард. Ин бадгумонӣ, мутаассифона, бо «саъю талош»-и ҳизби мазкур ва муштариёни он то имрӯз дар зеҳни мардуми минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ боқӣ мондааст ва дар саҳифаҳои таърихи миллат ва Ватани азизи мо чун паёмади шуми ибтикороти муғризонаи пирони маънавию сиёсии ҳизб сабт гардидааст.
Бозичаи дасти бозигарони бузурги минтақавӣ будани ин ҳизб ва муллоҳои саршиноси ҷумҳурӣ имрӯз аз чашми ақли солим пинҳон нест. Маълум аст, ки сарпарастони лоиҳаи ба ном ТЭТ ҲНИ чӣ мехоҳанд: шӯрангезӣ, ҷангандозӣ, хирадзудоӣ, хурофапарварӣ, бегонапарастӣ, ҷаҳолатпарешӣ, қатлу куштор, бесаводӣ, нодонӣ, тафриқаандозӣ… Ин лоиҳаи сиёсӣ дар соли 1992 ҷаҳолати саросариро дар қолаби ҷанги муъмину кофар як муддат густариш бахшид. Муҳри кофар задан ва бо ин ҳарфи носазо тавҳину таҳқир ва ба марг маҳкум кардани касони мухолиф, ки аз ҷумлаи мусулмонон буданд, дар байни авомунносе, ки таҳти таъсири бевоситаи муштариёни шумо қарор доштанд, дар ибтидои солҳои навад муд шуда буд ва қисмати зиёди мардуми камсавод аз шиорҳои зиддиинсонии воизону муллоҳои нуфузманди ТЭТ ҲНИ ба ваҷд омада, орзуи қатли ҳамватанон, хешу ақрабои худро, ки дар либоси дигарандешӣ бадар омада буданд, дар дил мепарвариданд. Таҳқиру тавҳини мухолифон ба як амри муқаррарӣ бадал шуда буд ва бо фармоиши як муллои чалласавод мумкин буд садҳо нафар маҳкум ба қатл ва ё ҳадди ақал радди маърака гарданд. Ин расвоӣ ва беобрӯӣ барои ҳазор соли дигар ба миллату фарҳанги мо басанда аст.
Бо ҳамаи ин нигоҳ накарда ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ ва расидан ба ризоияти иҷтимоӣ тамоми ҷиноёти то соли 1997 аз ҷониби ТЭТ ҲНИ ва аъзоёни он ба вуқуъпайвастаро бахшиданд ва ин ҳизбро дубора ба таври расмӣ иҷозат доданд. Бояд тазаккур дод, ки дар миқёси фазои пасошӯравӣ ТЭТ ҲНИ ягона ҳизби сиёсие буд, ки озодона дар қаламрави ҷумҳурӣ фаъолият мекард ва аз ин имтиёз сӯистифода намуда, ахиран (ибтидои сентябри соли 2015) даст ба исёни сиёсию низомӣ дар қолаби амалкарди Абдуҳалим Назарзода зад, ки паёмади он ба ҳама маълум аст. Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯи мақомоти зиддахли давлатӣ боздошт шуданд. Мунтаҳо, ТЭТ ҲНИ ба созмони террористӣ ва экстремистӣ бадал карда, миёни мардум беобрӯ гардид. Баста шудани ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористидошта задани раёсати ин ҳизб (махсусан дар шахсияти М. Кабирӣ) ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб бо дархости Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ ҳизби террористӣ эълон шуд. Баста шудани ТЭТ ҲНИ, пеш аз ҳама, ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зӯрӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Вале сарони ин ҳизб махсусан М. Кабирӣ мардумро бо роҳи дурӯғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ пӯшиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро буғранҷ кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.
Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Ҷўраева Санавбар Сангиновна
н.и.и. муаллимаи калони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *