Маҳмудҷони Файзраҳмон, сухангӯе ки ба душмантарошии миллат машҳур аст (Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Ин нафарак зодаи Ҷайҳун аст. Модарро бо тамоми хешутабор дар ин ноҳия сархам кардааст. Сархам аз он ки ба душманони миллат пайваста, дар тавҳину таҳқири иттилоотӣ шарик аст.

2 Leave a comment on paragraph 2 0 Хатмкардаи мадрасаҳои покистонӣ мебошад, чалласавод ва кӯтоҳандеш. Аз ҳар хамир фатире, аз ҳар донише сарсариву сатҳӣ дар бораи дину сиёсат чизаке хондааст, вале он фаҳмидаашро чунон мутлақ медонад, тавони танқиди тарафи муқобилро надорад. Аллома ва ҳамадон аст.
3 сол аст заминҳои бобоӣ дар ноҳияи Ҷайҳун хобу валангор ва ба шӯразор табдил ёфтаанд, ин фарзанди фориғбол ва сиёсатбоз дар пайрави раҳбарони ҳаракати террористии мамнуъ, ҳар рӯз бо суханҳои пучу беҳудаи худ, гӯри худро канда истодааст. Ҳамоқатнигорӣ (арбсурдизм) ҷузъи рафтори М.Файзраҳмон аст. Чун сухан ба забон меорад, дарк мекунӣ, ки душмантароши рақами №1 –и наҳзат аст. Душмантарошӣ ба хотири хуморшиканӣ. Аввал, соли 2015 ба Эрон гурехт. Баъдан дар Туркия мутаватан шуд. Сонӣ бо мавҷи гурезаҳои курду араб худро афғон муррифӣ карда, ба Германия расонид.
Ҳолати ба Германия омадани М.Файзраҳмонро шоҳидони айнӣ нақл мекунанд: Рӯзе ки дар қароргоҳи муҳоҷирон ба ӯ кӯмакпулии 320 евро доданд, бо гиряву нола онҳоро гирифта, дар чашму рӯяш мемолид. Мардуми атрофи қароргоҳ, ғуломмманишӣ ва мафтуншавиро дар назди хоҷагони наву пулдӯстии М.Файзраҳмонро дида ҳайрон шуданд. Чандин тоҷиконои Афғонистон бинобар қаробати қавмӣ аз ин ҳолат ба риққат М.Файзраҳмонро маслиҳат оданд, ки ин қадар пасту фурӯмоя рафтор накунад, зеро ин пулҳо мувақкатианд ва 2 моҳ баъд ба охир мерасанд. Баъдан, хурсандии як мусулмонро аз ташкилоти насронии «Штрасфуд» бо ин ҳолу аҳвол аввалинбор мебинанд. Ҳоло он ки М.Файзраҳмон худро аъзои ҳзиби террористии наҳзатӣ муаррифӣ карда буд ва бо ин ҳарфҳо обрӯйи дурӯғин харида буд. Тамоми муҳоҷирони шаҳри Кёлн, аз рафтори М.Файзраҳмон ба ҳайрат омада, бинобар пулдӯстиаш ӯро «анкл Доллар» садо мекунанд.
Мавзӯи дигаре ки ин аслгумкарда даст задааст, ба минбари ҳизби террористӣ табдил додани баъзе расонаҳои кишвари пазиранда мебошад. Музахрафоти вофирро, ки мамлу аз росту дурӯғ аст, ӯ бо Бобоҷони Қаюмзод, наҳзатии хиёнаткор аз тариқи оинаи нилгун мерезанд, миллатро шарманда ва давлатро дар назди бегонагон ҳамчун абзори «террор» вонамуд мекунанд.
Ин дугоники террористманиш дар паҳн кардани дурӯғу оваза устои кор шудаанд. Масъалаи «ҳуқуқи башар» ва ҳимояи «озодиҳои динӣ»-ро дастак карда, ҳангома меандозанд. Тоҷикро бо тоҷик душман мекунанд ва заминаи ҷанги шаҳрвандии навро хилофи манфиатҳои азалии мардуми ин марзу бум, боз доман мезананд. Қомати букриро гӯр рост мекунад. Ин писарони ифротӣ, ки аз падарони ҷангандози худ омили хархаша ва ҷангро ба мерос гирифтаанд, хиёнати такрориро анҷом доданианд.
Муборизаи сиёсӣ давом мекунад, вале душмантарошиҳои М.Файзраҳмон ҳамчун захми носур дар дили фарзандони баору номус он то абад боқӣ хоҳанд монд ва фаромӯш нахоҳанд шуд. Барои ҳар як ҳарфу ҳиҷое ки дар хориҷа гуфта мешавад, ҷавоби муносиб дода хоҳад. Дар вақти муносиб ва дар макони созгор,оқибати кор ҳар кас он даравад, ки кишт.

3 Leave a comment on paragraph 3 0 Қутби Каримов, таҳлилгар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *