Ҳар маротибае, ки душманони миллату давлати тоҷикро наҳзатӣ ва ё ба доираҳои наҳзат надик унвон мекунам, баъзан худро сарзаниш мекунам, ки шояд на ҳамаи онҳо ба наҳзат иртибот доранду иҷборан онҳоро ба ин гурӯҳи моҷароҷӯ ва ифротгаро шомил месозам. Аммо ҳамин ки матолиби иғвогаронаашон интишор меёбанд, яқин мекунам, ки онҳо аз тафаккури наҳзатӣ болотар андешида наметавонанд. Далел ҳамин мавзӯи сатр аст, ки дар саргаҳи таълимоти наҳзатӣ қарор дорад. Ҳарчанд ки дар доираҳои ғарбӣ масъулини наҳзатӣ аз демократия ва озодӣ ҳарф мезананд ва раҳбари фирории он аз тариқи минбарҳои аврупоӣ дар ин замина доди сухан медиҳад, дар умқи андеша сатру маромимоти фарсудаи мазҳабӣ нуҳуфтаанд. Ин ҷо (манзур доираи фаҳмишу биниши намояндагони наҳзатӣ дар назар аст) демократия ва озодӣ нақше надорад. Матлаби ахирии созмони ифротии “Гурӯҳи 24” таҳти унвони «Поймолшавии Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи нав» ин иддаоро собит месозад.
Дар пушти Сарқонун пинҳон шуда, даъвифурӯшӣ кардан дигар ба кори рӯзмарраи доираҳои хушкандеше мисли Гурӯҳи 24 табдил ёфтааст. Сарқонун тадбирҳоеро алайҳи хурофотиёну ҷаҳолатписандон низ пешбинӣ кардааст. Дигар, Сарқонуни мо низоми давлатдории дунявиро пуштибонӣ мекунад, на низоми динӣ-мазҳабиро. Бо такя ба Сарқонун, ҳар нафаре, ки зидди арзишҳои дунявӣ мебарояд ва хурофотро ба унвони меъёри зиндагӣ ошкоро таҳмил менамояд, муҷрим шинохта мешавад. Давлати дунявӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ҳаққи тасмимоти ҷиддиро дар қиболи риёкориҳои мазҳабӣ дорад. Бинобар ин, аз сатру ҳиҷоб сӯйистифода накунед, ҷанобони Гурӯҳи 24! Гузашта аз ин, ҳодисаҳое, ки чанд сол қабл дар Фаронса рух дод, ин иддаои наҳзатиро ботил месозад. Дар Фаронса озодиҳои тамоми нажоду халқиятҳо риоят мешавад, вале баъзе бонувони мусалмон ин озодиро таҳриф карда, сатру ҳиҷобро риёкорона ба сар карданд ва мардуми Фаронса маҷбур шуд, ки пеши роҳи ин навъ риёкориро, ки таҳти таъсири гурӯҳҳои ифротгаро ва радикали исломӣ қарор доштанд, бигирад. Бубинед, Фаронса як аз кишварҳои демократитарини ҷаҳонист ва замоне ки дарёфт бо ифротгаройии мазҳабӣ дар қолаби даъвифурӯшиҳои занони мусалмон мувоҷеҳ шудааст, роҳкорҳоро дигар кард ва бо фишори мардуми Фаронса ба сатру ҳиҷоб посухи қонунӣ дод. Дар ҷомеаи мо сатр ба сифати муди мазҳабӣ ва ҳатто иддаои динӣ-исломӣ роҳандозӣ гардида, занонро сироят карда истодааст. Агар давлат ва мақомоти марбутаи давлатӣ сари ин масъала бо ҷиддият андеша накунанд, баъд дер мешавад. Он чи ки Гӯруҳи-24 интишор додааст, риёкорие беш нест. Магар давлат ва халқу мамлакат бо сатру ҳиҷоб обод мешавад? Ҳанӯз Мавлоно Ҷомӣ риёкории мусалмононро мавриди интиқоди шадид қарор дода, дар «Баҳористон» ҳушдор дода буд:
Аз далқу асо сидқу сафое нарасад,
В-аз сабҳа ба ҷуз бӯйи риёе нарасад.
Гӯянд, куҷо расад, бигӯ, силсилаат,
К-аз силсила ҳеҷ кас ба ҷое нарасад!
Аммо гӯши ношунавои Гурӯҳи 24 фармудаю ҳушдорҳои бузургони илму дини тоҷикро нодида мегирад ва танҳо назари хушку пӯсидаи хешро асли дин ва мазҳаб медонанд ва мардумро таҳти фишори идеологӣ ва сиёсию мазҳабӣ қарор медиҳанд.
Бахши иттилоотии Гурӯҳи 24 аз тариқи матлаб сатрпӯширо рамзи диндорӣ, тақводорӣ ва имондорӣ талаққӣ намудааст. Охир, сатрпӯшӣ имрӯз муд шуда, ҳар кию ҳар чӣ ба хотири риёкорӣ ва худнамоӣ, ки одати аксари кулли рӯҳонияти муҳофизакор ва мутаассиб мебошад, дар қолаби сатри мусалмонӣ ҷилва мекунад ва ба дигарон, минҷумла занону бонувон мефаҳмонад, ки зан бояд чӣ гуна бошад. Иффат, покӣ, беолоишӣ ва тақводориро танҳо дар зоҳир – пӯшидани сатр дидан ва бад-ин минвол худро миёни аҳли ҷомеа ҷилва додан аз мушаххасоти кори тоифаи махсус шудааст.
Аз назари психологӣ, сатрпӯш ба дигарон як навъ даъворо пеш меоварад ва муддаии покии худ буда, дигарон (занону духтарон дар назар аст)-ро дар баробари худ ноқис ва беҷогард нишон медиҳад. То он даме ки дигар занон сатр напӯшанд, онҳо дар назари ин ашхос нопок, кофиру бедин шинохта мешаванд. Ин аст маънои рамзӣ-символикии сатр аз нигоҳи илми равонковӣ. Ба ин маъно, сатрпӯшон, аксаран огоҳона ва дидаю дониста алайҳи соири занҳои берӯсарӣ қиём мекунанд ва даъвӣ мефурӯшанд. Ин аст, ки ин гуна занҳо, ки огоҳона ва ҳадафмандона сатр мепӯшанд ва миёни ҷомеа ҷилва мекунанд, пеш аз ҳама, даъвӣ пеш меоваранд ва худро аз дигарон бартар менамоёнанд. Дар асл, онҳо бо шакли намоишӣ симо ва амалашонро демонстратсия мекунанд ва таблиғоти динӣ-мазҳабии мақсаднокро анҷом медиҳанд.
Дар баробари ин тоифаи муздур ва ҷаҳолатгаро давлат ва хукумати дунявӣ чораҳо меандешад ва агар чораҳои зарурӣ андешида нашавад, он метавонад дигаронро сироят кунад ва ҷомеаро ба ноамнию бесуботӣ бикашонад. Низоми дунявӣ ҳамин навъи талаботро дар баробари худнамоию риёкориҳои динӣ-мазҳабӣ, ки оқибати хатарбор доранд, мегузорад. Ин ҳуқуқи низоми давлатист. Шумо хуб медонед, ки дар давлатҳои низоми кӯхнаи динидошта сатр иҷборист ва ҳар зане ки ба ин мадрак тобеъ нест, муҷозоти сахт мешавад. Чаро имрӯз талаботи давлати дунявиро, ки Тоҷикистон дар масири он гом бардошта истодааст, нодида мегирем ва аз худ «қаҳрамон» метарошем. Бас аст худнамоию риёкорӣ!
Фаридун Ориёӣ,
таҳлилгар
2 январи соли 2019