Дағдағаи Кабирӣ дар соли 2019 чист?(Аз силсилаи «Инҳоро бояд шинохт»)

Кабирӣ як нафари дорои тафаккури нимамаҳалии бо олудагиҳои биёбонӣ махлут, алломатарош бо донишҳои сатҳи пасти шарқшиносӣ, зоҳирпараст ва тобеи нафси армонии омехта. Ҳамин як ҷумла, маниши Кабириро хулосагирӣ мекунад. Дар ҳамин ҷо метавонем, нуқта бимонем. Нуқтаи ғафси тамат. Коғазро омехтаи ҳарфҳои беҳудаву пуч насозем. Вале ҳамоқатнигории Кабирӣ маҷбур месозад, ки ба умқи фардии ин «сиёсатмадор»-и дингаро бештар зеҳн биронем. Зеро ки:

1. Кабирӣ мероси сулҳхоҳии собиқаи наҳзатро ба ду по ба замин зад ва аз ин ҳизби парлумонӣ ҳаракати террористии дар ҷустуҷуйи Интерпол сохт ва табдил дод.
2. Ба иттиҳоди назари наҳзатиҳои оддӣ, ки мехостанд ба масири миллӣ баргарданд, Кабирӣ бо хонаводааш чунон зарбаи муҳлик зад, ки яке аъзои қаноти ҷангии наҳзат «Ансорулло» шуд, дигарӣ насронӣ гашт, сеюмӣ аҳли ташайъю ва чорумӣ салафӣ. Панҷумӣ дар маҳбас.
3. Адами мудирият тамоми ҳайати шурои олии раёсати ин ҳизбро бинобар даст доштан дар табаддулоти ҳарбӣ ба зиндон бурд. Гардонандаи ин тахалуфот ва таклифоти тафриқавӣ ҳама ба як вожа ифода меёбад: Кабирӣ.
4. Сармояи ину онро ҷамъ кард ва зад дар пояи девори бозори «Саховат». Воқеаҳои ахир маълум агар намекарданд, хуни мадумро мемакид ва боз ҳам аз худ бут метарошид.
5. Пардаи асрор агар аз ҳувияти Кабирӣ бардорем, ҳодисаҳои ачибу ғариби маълум мешаванд. Чунончи, бо такя ба маълумоти нав ва бикри бойгонии таърихӣ маълум мегардад, ки амирсолорӣ ва манғитпарастӣ ва босмачигидӯстдории ин аслбохта решаҳои қавии қавмӣ доштааст. Ин ахбори сиррӣ далолат аз он мекунанд, ки Кабирӣ аз авлоди қурбошӣ Ғаюрбек, тағобачаи амир Олимхони манғитӣ будааст, ки аз солҳои 1920 то 1930 дар ҳудуди Файзобод ба қатлу куштори кормандони давлатӣ, муаллимони замони нав ва занҳо даст мезадааст(манбаъ: В горах Восточной Бухары, А.Нальский, стр.57).
6. Нишонаҳои босмачигарӣ дар ҳар шаклу сурате дар рафтори мухолифони ғурбатнишин эҳсос мешавад. Ин тарзи тафаккур пеш аз ҳама дар мафтуншавӣ ба ақоиди динӣ ва шиорпартоии подарҳаво аз қабили «қиёмат қоим шуд», «шариато завол гардид» ва ё «куффор Бухоро»-ро гирифт» зоҳир мегардад. Ин бархӯрд ба ҳаракати садсола, ки солҳои 20-уми асри гузашта, минтақаро ба чолиш кашида буд, хеле аҷиб ба назар мерасад. Дар ин бозиҳои шайтанатӣ муқассир Кабирӣ мебошад.
7. Кабирӣ аз рӯйи ахбори ҳалқаҳои ба ӯ наздик, гароиши аз ҳад зиёд ба таҷаммулпарастӣ ва зоҳиргарӣ дорад. На ришро қабул дорад ва на бериширо. Ин гуна ашхос ҳама дар талаби ин дунё ҳастанд ва охират.
8. Ҳамин дугонагии тафаккур ва аслбохтагӣ Кабириро ғурбатнишин, ҳизбро валангор ва мардумро овора кардааст. Ин гумроҳи роҳи сиёсат намедонад, ки масири иштирок дар сиёсат созиш аст. Тавба аст. Тавба аз гуноҳҳои собиқа. Поксозии рӯҳӣ. Тозакории тафаккури хароби қотилӣ, узрхоҳӣ аз миллат.

Давом дорад
Комрон Саломов, таҳлилгар

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *