БАР ЗИДДИ ХИЁНАТКОРУ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ МУБОРИЗАИ БЕАМОН МЕБАРЕМ!

Роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш ба мисли Муҳаммадиқболи Садриддин баъди исбот гардидани ҷиноятҳо ва бешрафиаш дар кишвари Аврупо паноҳ ёфта, тибқи супориши хоҷагони ҳориҷӣ, асосан тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ, дар барномаҳои ифротӣ, аз ҷумла, барномаи “Паймони миллӣ” ва “Ҳақ ва ботил”ва “Минбари муҳоҷир” баромадҳо намуда, мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, мехоҳад аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан худро бегуноҳ нишон диҳад.
Бояд Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш дарк намоянд, ки имрӯз сокинони кишвар аз кирдорҳои разилонаи ТТЭ ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ оид ба амалҳои номатлуби навбатиашон низ огаҳанд. Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезони душманони миллат боз бар гирдбоди заволёбӣ афтад.
Ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли си сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад. Мо насли даврони Истиқлол, ки рӯз то рӯз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрӯзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!
Дар фарҷоми андешаи хеш қайд кардан зарур аст, ки мардуми тоҷик ба ҳар гуна гапҳои бардуруғу фитнаҳои навбатии ин хоинони миллат бовар намекунанд ва бар зидди ин гуна хиёнаткору бадхоҳони миллат муборизаи беамон мебаранд, ки нақшаҳои ифроткоронаи онҳо амалӣ нагардад!

Р.АНВАРӢ,
асистенти кафедраи
молия ва қарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *