ЛИБОСИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН МУАРИФГАРИ КИШВАР ДАР ҶАҲОН АСТ!

Боиси хушнудист, ки таваҷҷӯҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, рушду инкишоф додани онҳо дар миёни мардум ва ба ин васила бо ҷойҳои корӣ таъмин намудани занону духтарон зиёд гардидааст. Мутаассифона, дар ҷомеаи имрӯза миёни занони мо тақлид ба фарҳанги бегона, пӯшидани либоси сиёҳ ва ҳиҷобу сатр густариш ёфт, ки ин хавфи касодии фарҳанги миллиро ба миён овард.

 Иқдоми имрӯзаи мубориза алайҳи занони сатрпӯш зарур ва айни вақтӣ дар кишвар аст. Сатр ва ҳиҷоб дар шакле, ки имрӯз маъмул шудааст, хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надорад. Сатри сиёҳ бошад, ба мардуми мо куллан бегона аст. Боиси таассуф аст, ки имрӯз занони мо бешуурона майл ба либоси бегонагон намуда, аз фарҳанги бою ғании миллати худ истифода намекунанд. Андеша намекунанд, ки арҷ нагузоштан ба ҳунар ва тамаддуну таърихи худ беэҳтиромӣ нисбат ба миллат аст.

Имрӯз занони тоҷик эҳёи гузаштагони аҷдодони худро аз хотир фаромӯш накунанд. Сатр, ҳиҷоб ин фарҳанги бегона аст. Занони тоҷикро зарур аст, ки бо мафтуни серу ҷазобияти атласу адрас, гулбасти чакани Хатлон ва гулдӯзиҳои нотакрори минтақаҳои худро, ки рангҳои пурҷилои он дар кишвар муаррифӣ гардидааст, истифода баранд. Либоси миллии тоҷикӣ ба ҳусни зебои духтарони тоҷик ҳусни дигаре зам мекунад. Таърих гувоҳ аст, ки зан ва модари тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси халқу миллат ба шумор мерафт.

 Яке аз нишонаҳои асосӣ ва хосаи муаррифгари фарҳангу тамаддуни миллатҳои мухталифи дунё либоси миллии онҳост ва вақте сухан аз либоси миллӣ меравад, ҳатман пеши назар симои занон бо сару либоси хоса пеши назар меояд.  Бояд таъкид сохт, ки дар баробари ин занону духтарони атласпӯш низ зиёданд, ки бо дидани онҳо баҳри дили кас кушода ва садои қалбҳо бо садои нағмаҳои борону хандаи тифлакон ҳамнаво мегардад. Ин гулдухтарони атласпӯшро  фариштаҳо мемонанд.

Имрӯз занони тоҷик эҳёи гузаштагони аҷдодони худро аз хотир фаромӯш накунанд.  Либоси миллии тоҷикона ёдгорӣ аз аҷдодонамон аст, ки нишон, фарҳанг ва маданияти тоҷиконаро акс мекунад.

Дилафрӯз Ҳомидова,
 корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *