¶ 1 Leave a comment on paragraph 1 0 Мардуми тоҷик расму анъанаҳои худро ҷиҳати пӯшидани либоси миллӣ вобаста ба минтқаҳои кишварамон аз солҳои пешин дошт ва ин анъанаҳои гузаштагони мо то барҳамхурии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ амал мекард. Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кушода шудани рафту омади шаҳрвандони мо ба хориҷи кишвар, аллалхусус ба давлатҳои мусалмонӣ, аз тарафи занони тоҷик пушидани либосҳои ба миллати мо бегона сатру ҳиҷоб ба қавле «муд» шуд.
¶ 2 Leave a comment on paragraph 2 0 Аммо имрӯз чакандӯзӣ яке аз намунаҳои ҳунари гулдӯзии тоҷик буда, аз даврони куҳан то имрӯз боқӣ мондаву асрори дониш ва завқи зебоипарастии занони ҳунармандро инъикос мекунад. Дар аксари шаҳру ноҳияҳои кишвар санъати чаканадӯзӣ маъмул аст. Инчунин арзиш ва мақоми атласу чакан рӯз то рӯз байни ҷавондухтарон баланд шуда истодааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро занони давлатҳои мусалмонӣ либосҳои миллии мардуми тоҷикро ба бар накарданд?. Ҳол он, ки вобаста ба минтақаҳои Тоҷикистон занони тоҷик ҳам сирф либосҳои миллии мусалмониро ба бар мекунанд ва ин анъана аз бибию модарони мо то кунун ба мерос мондаанд, онҳо низ худро мусалмон меҳисобиданд аз рӯи талаботҳои шариати ислом либос мепушиданду мепушанд.
¶ 3 Leave a comment on paragraph 3 0 Мутаасифона, дар кишвари мо бештар хурофоти динӣ дар байни занҳо паҳн гаштааст. Бовар дорам, ки таълимоти динии онҳо ҳам бисёр маҳдуд аст. Вале ҷойгоҳи зан дар ислом бисёр баланд аст, мақоми зан баланд аст, пӯшидани ниқоб навъи дигари рӯсарӣ, ки имрӯз бархе аз занони тоҷик ба бар мекунанд ва он тамоми чеҳраи занро ба ҷуз аз чашм мепӯшонад.
¶ 4 Leave a comment on paragraph 4 0 Имрӯз чакандӯзиӣ дар байнӣ занони тоҷик ҳамчун як бахши дӯзандагӣ таърихи тӯлонӣ дошта, ба рушду нумӯи санъати гулдӯзӣ таъсири зиёд расонидааст ва аз қадим куртаи чакан атласу адрас ҳамчун либосҳои милли зани тоҷик дар ҳар хонавода мавҷуд аст. Баъди соҳибистиқлол шудани кишвар санъати чакандӯзию атласбофӣ ҳам бо роҳи гулдӯзии дастӣ ва ҳам попурӣ пайваста инкишоф ёфтааст. Мо занони тоҷики ба ору номус хеле хурсанд аз онем ки либоси миллии моро тамоми ҷаҳон мешиносанд ва дар феҳрасти ЮНЕСКО сабт карда шудааст.
¶ 5
Leave a comment on paragraph 5 0
Масъуда Абдурашидова,
Муқаддам Юлдошева,
кормандони шуъбаи илм ва инноватсияи ДИС ДДТТ