ЛАФЗБОЗИИ НАВБАТИИ КАБИРӢ ДАР ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ

 

 Роҳбари сиёҳдилу бадкинаи ТТЭ ҲНИ-Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ дар баромади онлайнии навбатиаш бо рӯзноманигор Маҳмудҷон Файзраҳмонов сараввал дар атрофи хешу табораш сухан ронда, бо ин васила вобаста ба масоили фаъолияти ҳукумату давлат ва роҳбарият туҳмати ғайбатро оғоз намуд.

Бояд ёдовар шуд, ки бародари ҳамсараш бо номи Иброҳим дар Федератсияи Россия аз сабаби беморӣ вафот кардаст ва тариқи ҳавопаймо ҷасади ӯро бо мушкилоти зиёд ба Тоҷикистон оварда, дафн карданд. М. Кабирӣ оид ба ин суханронӣ намуда, нисбати мақомотҳо норозигии худро баён намудааст. Хотирррасон бояд шуд, ки аз дирӯза имрӯз бо назардошти вазъи эпидимологӣ ва гигиенӣ, бахусус дар самти пешгирии сирояти нави короновируси “COVID-19″ ҳар шаҳрвандони кишвар бояд дастуру пешниҳодҳои табибонро саривақт иҷро намояд. На ин ки бо гуфти Кабирӣ ҷасадро то пагоҳирӯзӣ нигоҳ дорад. Ин ҳолат аз нуктаи назари ислом низ дуруст нест. Инчунин ҳарорати боду ҳавои Тоҷикистон дар давраи тобистон, ба ҳамагон маълум аст, ки ҳангоми маросими дафн онро ба инобат гирифтан лозим аст.

Бо баробари ин Кабирӣ дар рафти суханрониаш қайд менамояд, ки рафти ҷараёни ҷанозаро сабти видиоӣ намуда, ба хешу пайвандони марҳум фиристонанд. Ин чи маънӣ дорад?! Чунин намоишкориҳо дар оини мо мавҷуд нест. Агар ҷашни мавлуду тӯйи хонадоршавӣ мебуд, гап дигар буд!. Чанд сол аст, ки Кабирӣ фирорӣ аст ва аз расму оини кишвари моро фаромӯш кардааст. Шояд ин анъана дар кишварҳои Аврупо бошад. Аммо Кабирӣ худро ба нодонӣ зада, барои ҳадафҳои нопокаш чун бақаламон (хмелеон) ранги пӯсташро иваз намуда, бо ҳар гуна обу ранги бадеӣ ва бо роҳи фиреб мардумро гумроҳ кардан мехоҳад. Дар урфият мегӯянд: умри дурӯғ кӯтоҳ аст ва офтобро бо доман пӯшида намешавад.

Боз Кабирӣ зимни суханрониаш худро мусичаи бегуноҳ шуморида, нисбати роҳбарияти давлату ҳукумат оид ба хариду фурӯши иншоотҳо беасос сухан кард. Бояд хотиррасон кард, ки худи ӯ бо пули муфт чандин иншоотҳо, аз ҷумла бозору беморхонаро харида буд ва ниҳоят иншоотҳо, бахусус беморхона таи солҳои тулонӣ мавриди истифода қарор нагирифт. Агар он беморхона саривақт вақт таъмиру тармим мешуд, имрӯз он дар давраи пандемияи “COVID-19″  ба манфиати мардум истифода мешуд.

Инчунин доир ба масоли коррупсия сухан карда, нисбати давлатҳои абарқудрат, ба монанди Франсия, Олмон ва Амрико сухан карда, бо баробари ин Тоҷикистон, инчунин Россия, Узбекистону Турманистон ва Сурияро давлатҳои диктаторӣ номида, андешаи носолим баён менамояд. Чунин сафсатаҳои як мухолифи тоҷик дар хориҷи кишвар метавонад ба муносибати байни давлатҳо таъсири ногувор расонад. Ба андешаи мо нисбати давлатҳои зикршуда, ки бо давлати мо робитаи дӯстию ҳамкорӣ дорад. ҳар шахс бояд бо эҳтиёт сухан гӯяд!

Бо назардошти масъалаи матраҳгардида аз рафтору гуфтори М.Кабирӣ ба хулосае меоем, ки имрӯз наҳзатиёни ҳасадхӯри фитнагар дар киштии ғарқшаванда қарор доранду, чун калламушон барои наҷот ёфтан худро ба ҳар кӯ мезананд. Оқибати кори хиёнаткор ҳамин аст! Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ ғайр аз дурӯғу бӯҳтон гуфтан, дигар коре надорад! Мавриди зикр аст, ки ҳеҷ як шахси бадхоҳу бадкирдор, ҳасадхӯру финтагарон ба мақсад нарасидааст ва нахоҳад расид. Дар робита ба ин аз забони шоир гуфтанием:

Ин фитнагарон боз ба найранги дигар,

Доранд ба ҷойи оштӣ ҷанги дигар.

Бо баробари ин бояд қайд кард,ки ҳар як фарди бедордили ҷомеаи имрӯза, бахусус ҷавонон ҳушёриву зиракиии сиёсиро аз даст надода, барои пешрафту ободии сарзамини хеш камари ҳиммат бубанданд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдат ва осоиштагии кишвар расем ва нагузорем, ки хиёнаткори милат Кабирӣ, дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо лафзбозии худ нисбати кишвари соҳибистиқлоламон сухан гӯяд.

                                       Усмонов С.О.,

                                        устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *