Иттифоқи Тоҷикматлубот: ҳолати муосир ва дурнамои рушд

Имрӯз дар толори хурди Донишкада миди мудаввар бахшида ба Иди касбии кооператорон таҳти унвони “Иттифоқи Тоҷикматлубот: ҳолати муосир ва дурнамои рушд” баргузор гардид. Дар чорабинӣ профессорон, устодони донишкада, ки дар айни замон аъзоёни фахрии “Тоҷикматлубот” мебошанд, ширкат варзиданд.

IMG_6551
IMG_6557
IMG_6562
IMG_6575
IMG_6581
previous arrow
next arrow
IMG_6551
IMG_6557
IMG_6562
IMG_6575
IMG_6581
previous arrow
next arrow

Мизи мудаввар бо сухани ибтидоии Директори донишкада дотсент Ҳошимзода Ҳ.Ҳ. оғоз гардид. Сараввал директори донишкада ҳамаи иштироккунандагонро бо иди матлуботчиён муборакбод гуфта, ба ҳамагон хонаободиву бурдборӣ таманно намуд. Сипас қайд намуд, ки ҳамасола шанбеи ҳафтаи якуми моҳи июл дар миқёси ҷаҳон Рӯзи байналмилалии кооператсия ҷашн гирифта мешавад ва он аз ҷумла дар Тоҷикистон бо умеди рушду такомул ёфтани ин соҳа барои иқтисодиёти миллӣ  ҷашн гирифта мешавад.

Сухани аввал ба профессори кафедраи менеҷмент Усмонов И.У. дода шуд, ки бо маърӯзаи худ дар мавзӯи “Фаъолияти кооператсияи матлуботи Тоҷикистон дар замони гузариш ба иқтисоди бозоргонӣ ва муаммоҳои таркибивазкунии он” баромад намуд.

Профессор Усмонов И.У. дар бораи таърихи ташаккул ва рушди кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон нақл намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки Кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози ислоҳот ҳамчун сохтори калони савдои деҳот вуҷуд дошта, дар Иттифоқи Шӯравӣ ба саҳми он қариб 30 фоизи ҳаҷми муомилоти савдои чаканаи умумииттифоқӣ рост меомад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, ҳиссаи кооператсияи матлубот 52 фоизи муомилоти савдои чаканаи умумиро ташкил менамуд. Ҳамчунин профессор Усмонов И.У. дар бораи вазъи имрӯзаи кооператсия ва камбудиҳои он таҳлилҳо намуда, оиди зарурати рушди он барои фароҳам овардани таъмини мардум бо маводи зарурии рӯзгор ва умуман баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёт таъкид сохт.

Маърӯзаи навбатӣ аз ҷониби д.и.и., профессори кафедраи менеҷмент Ғозибеков С.А. дар мавзӯи “Потребительская кооперация: современное состояние” пешниҳод гардид. Дар маърӯзаи худ профессор Ғозибеков С.А. дар бораи барпо шудани кооператсияи матлубот дар Тоҷикистон, омилҳои ташаккулёбӣ ва марҳилаҳои рушди низоми кооператсияи матлуботи Тоҷикистон маълумот дод. Аз ҷумла қайд намуд, ки кооператсияи матлуботи Тоҷикистон бо вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии давлат вобастагӣ дошт, мардум ба ин шакли хоҷагидорӣ эътибор зоҳир мекардагӣ шуд, зеро ки талаботи аҳолиро қонеъ мегардонид.

Профессори донишкада Комарова Г.Б. бо маърӯзаи худ зери унвони “Потребительская кооперация Таджикистана в международном кооперативном движении” шунида шуд, ки дар он мавқеи соҳаи кооператсия аз нигоҳи байналмилалӣ, аз он ҷумла СММ, ки онро ба сифати воситаи муҳимтарин дар ҳалли масоили гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ баррасӣ намуда, барои таъсиси он дар давлатҳои гуногун даъват менамояд, сухан кард. Таърихи пайдоиш ва ташаккули ҳаракати кооперативиро дар Тоҷикистон ибтидои асри ХХ меҳисобанд. Он вақт дар уезди Хуҷанд бо ташаббуси мақомотчиёни маҳаллӣ бо садории Арташерский аввалин ҷамъияти матлубот таъсис ёфта буд. Ташкили Иттифоқи матлубот дар Тоҷикистон бо таъсиси Ҷумҳурии автономии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар соли 1924 пайванд дорад. Кооператсияи матлубот, ки барои халқ таъсис дода мешавад, бояд тамоми шароитро барои баланд бардоштани некӯаҳволии мардум, махсусан аҳолии деҳот амал намояд.

Муовини директор оид ба робитаҳои байналмилалӣ профессор Аминов И. аз сафари худ ба давлати Испания ва боздиди кооператсияҳо дар ин давлат нақл намуда, саҳми онҳоро дар рушди давлат таъкид сохт. Дар идомаи нутқи профессор Аминов И. сӯҳбати озод ҷараён гирифт, ва ҳар яке аз иштирокчиён мулоҳизаҳои худро иброз намуданд.

Бояд тазаккур дод, ки ба шарофати заҳматҳои пайвастаи Раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот”  муҳтарам Идиев С.Ҳ. солҳои охир кооператсияи матлубот дар вилояти Суғд рушду нумӯ ёфта,  баргузории чорабинии мазкур низ, ки бо раҳнамоӣ ва дастуроти бевоситаи он кас  ташкил ва баргузор мегардад, бори дигар мавқеи назаррас доштани ин соҳаро дар иқтисодиёти миллӣ собит менамояд.

Бо ҳамин мизи мудаввар хотима бахшида, директори донишкада ба ҳамаи маърӯзачиён ва иштироккунандагони чорабинӣ изҳори сипос намуд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *