ТТЭ ҲНИ – ТАШКИЛОТИ БАДКИРДОРОН

              Инсони худогоҳ ва бошараф ҳамеша дӯстдори миллат ва ватани хеш буда, ба корҳои неку савоб иқдом менамояд ва бо ин роҳ ба пешрафти сатҳи зиндагии хеш ва ҷомеа заминаи мусоид муҳайё карда, дар тараққиву гул-гулшукуфоии меҳанаш нақши бориз мегузорад. Ин гуна инсонҳо воқеан ҳам шаҳрванди фахрии ҳар миллату давлат ба шумор мераванд. Дар ҷомеаи мо дар баробари инсонҳои боғайрат ва некравиш ҳастанд инсонҳои бешараф ва касиф ва палид, ки ҳамеша кору амалашон харобкардану харобиоварӣ асту хиёнат ба миллату давлату халқу ватан… Мутаассифона, ин гуна разилони сиёҳкунандаи шарафу номус дар ҳама давру замон буданд ва имрӯз ҳам дар ҳама нукоти ҷаҳон ба чашм мерасанд.  Чунончӣ, хиёнатҳои ТТЭ ҲНИ барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ маълум гардидааст ва халқи тоҷик амалҳои ноҷавонмардонаи бадкирдории роҳбараш Муҳиддин Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро шадидан маҳкум менамояд. Зеро то имрӯз ба ҳамагон маълум гардидааст, ки фаъолияти ҳизби наҳзат фақат иғоварию тӯҳмат ва вайронкорӣ аст.

Террористони наҳзатӣ мардумро ба майдоннишинию сангаркашӣ даъват карда, ҳама кӯшишашонро барои амалӣ сохтани амалҳои ғайриқонунии худ равона намуданд. Хиёнату фиреб ва найрангҳои ин ташкилоти террористию экстремистӣ зиёданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ ҳизби наҳзати ислом бо сарпарастии хоҷагони хориҷии худ ба қатлу куштор ва хунрезӣ даст задааст, ки мардуми тоҷик ин амалҳои ношоиста ва ғайриинсониро аз хотир намебарорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ барои мубориза бар зидди экстремизм тамоми тадбирҳоро андешида истодааст. Ин аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» аз 8 декабри соли 2003 қабул карда шудааст, ки ба он соли 2007 тағйиру иловаҳо ворид гардидааст. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқию ташкилии муборизаро бар зидди экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад. Мо устодону омӯзгорон, таълимдиҳандагон бо рафтору  кирдор бо тамоми азму иродаи худ ҷаҳду талош менамоем, ки ҷавононро дар руҳияи ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ ва риояи қонуну қонуният тарбия намоем.

 

                                                                                 БУРҲОНОВ С.,

                                                                          ассистенти кафедраи тиҷорат 

                                                                                    ва ҳуқуқи ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *