ХАЁЛИ ХОМИ НАВБАТИИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ

Аз гузашти таърих ёдовар гардида, қайд менамоем, ки халқи тоҷик саргузашти талху ширинро аз сар гузаронида, бо хислатҳои накӯ, тамаддунофарию илму дониши ҳазорсолаҳо дар арсаи ҷаҳон мавқею манзалати хешро по бар ҷо нигоҳ медорад. Хушбахтона ба бахти миллати мо Тоҷикистон баъди ҳазор сол давлати соҳибихтиёр гардид ва бунёди давлати демократию ҳуқуқбунёд, ягонаю дунявиро интихоб кард ва бо Сарвари хирадпешаю ҷонфидояш ба дастовардҳои бузурги илмию фарҳангӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардид. Вале имрузњо душманони дохилию хориҷии миллат аз мақсадҳои ғаразноки худ даст накашида, бо ҳар роҳу восита мехоҳанд ин халқи куҳанбунёдро бадном созанд.
Бояд ёдовар шуд, ки Сарвари давлатамон аз гуноҳи онњо гузашт карданд ва то ҳатто солҳои 90-уми асри гузашта 30 фоизи ҳайати ҳукумат аз ҳисоби намояндаҳои мухолифин таъин карда шуд.Ба ҳамаи ин аҳду паймон таҳаммулпазирии ҳукумату давлат нигоҳ накарда, бахусус роҳбарону аъзоёни собиқ ҲНИ оқибат ба намакдон туф карданд. То ҳол онњо аз нақшаву ниятҳои нопоки худ даст накашида, аз кишварҳои дуру наздик истода, ба сари давлату миллат санги маломат мерезанд. Мавқеъгирӣ ва њадафњои муғризонаи раёсати ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бо номи “Паймони миллӣ” намоён шуда, мухолиф ба арзишҳои миллии давлату миллати тоҷик мебошад. Ин навбат бо вазъияти душвор ва печидаи ҷаҳони муосир, аз ҷумла, вазъи кунунии Афғонистонро истифода бурда, Кабирию њамммаслакон ва думравонаш дар барномаи ифротиашон оид ба масъалаи нерӯҳои њаракати “Толибон” ба таври худ ғайривоқеӣ маънидод менамоянд. Бояд қайд кард, ки айни замон њаракати «Толибон» њокимияти худро дар ин мамлакатҷорӣ намуда, ба ваъдањои аввалаи худ истодагарӣ надорад. Аз њама бештар њуқуқ ва озодињои занон дар ин кишвар поймол гардида истодааст. Бе ягон сабаб духтарону занон аз хона баромада наметавонанд, њуқуқи донишандўзӣ дар мактаб ва идомаи тањсилро дар донишкададњо надоранд. Ба қатл расонидани як бонуи варзишгар ва њоқазо. Баробари ин дар давоми се моњи охири соли равон дар ин кишвар амалњои террористӣ содир шуда истодааст. Ин лаҳзаҳо халқи афғонро ба таҳлука, нооромии кишвар ва ноумедии оянда оварда расонид. Аз ин лаҳзаҳо пайравони ТТЭ ҲНИ, умуман Кабирипарастҳо мехоҳанд, кишвари биҳиштосои моро ноором созанд. Лекин ин хаёлҳои навбатии хоми хоинони миллат аст!.
Қайд кардан зарур аст, ки Сарвари давлати мо зимни музокироти сатҳи олӣ дар доираи нишасти созмонҳо ва мулоқот бо роҳбарони давлатҳо, бори дигар аз мавқеи Тоҷикистон дар масоили эътидоли вазъ дар Афғонистон пуштибонӣ карданд. Ин дар ҳолест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз суқути давлати Афғонистон ва ғасби ҳукумати ин кишвар аз сӯи њаракати «Толибон» мавқеи худро ошкоро баён намуда, эълон дошт, ки ҷонибдори ҳукумати фарогир бо иштироки намояндагони тамоми неруҳои сиёсӣ ва гурӯҳҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тоҷикон, дар ин кишвар аст. Ҳоло бо гузашти беш аз се моҳи ба қудрат расидани њаракати «Толибон» дар Афғонистон, давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар мамлакатҳои минтақаву ҷаҳон ба ин натиҷа расиданд, ки танҳо ташкили ҳукумати ҳамашумул метавонад низом дар ин кишварро ҷорӣ намуда, таҳдиди хатарҳоро коҳиш диҳад. Ҳамин нукта низ дар суханронии роҳбарони давлатҳои узви созмони мазкур мавриди назари мо нуктаи калидӣ буд, ки ишора ба дурустии мавқеи Тоҷикистон дар роҳи ҳалли мушкилоти Афғонистон аст.
Дар фарҷоми андешаи хеш аз суханронињои Пешвои муаззами миллат муњтарам Эмомалӣ Рањмон иқтибоси зеринро меорем, ки он сармашқи фаъолияти хеш қарор дорад: Мо бояд ҳамеша ва махсусан, дар лаҳзаҳои вазнину хатарзо муттаҳид ва босабру таҳаммул бошем, аз каму костиҳои зиндагӣ рӯҳафтода нашавем, дасти якдигарро гирем, давлати миллии худро соҳибӣ кунем ва Ватани маҳбубамонро обод намоем. Бовар дошта бошем, ки ояндаи Тоҷикистон дурахшон ва фардои зиндагии мардуми тоҷик осудаву обод аст.

А.ҶАББОРОВ,
мудири маркази
бақайдгирӣ ва машварат

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *