Аз таҳлили фазои иттилоотӣ метавон ба хулосае омад, ки дар даҳсолаҳои охир таблиғи ақидаҳои дорои характери ифротӣ ва тундгароёна на танҳо дар кишвар, балки дар тамоми дунё то рафт зиёд гашта истодааст. Мутаассифона ин раванд барои амнияти кишвар ва минтақа хатар ва паёмадҳои манфӣ дорад
Бояд ёддовар шавем, ки аз оғози солҳои 70-80 қарни гузашта ҲНИ бо дархости хоҷагони хориҷии худ ҷавононро ба худ ҷалб намуда сафи худро дар Тоҷикистон зиёд намуд. Соли 1991 ҲНИ расман ҳамчун ҳизби сиёсӣ дар саҳни сиёсат пайдо гардид. Аммо касе намедонист, ки онҳо нияти нопок доранд. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Аз замони табаддулоти нофарҷоми ТТЭ ҲНИ инак соли сеюм сипарӣ мешавад. Ин табаддулоти мазкур бори дигар боиси мағшуш шудани фазои кишвар гардид. Онҳо нақшаҳои худро пинҳонӣ то чанде дар амал татбиқ намуданд. Ин боис гардид, ки ҷанги дохилӣ сар занад. Пас аз итмоми ҷанг онҳо боз бо нақшаҳои ғаразноки хеш руи майдон омаданд. Моҳи сентябри соли 2015 низ амалҳои нобахшидании худро анҷом дода боиси марги чанд тан бегуноҳон гардидан. Роҳбарони ТЭ ҲНИ, ки дар дарозои замони мавҷудияти хеш кореро ба ҷуз аз хиёнат ба миллат анҷом надода буданд ва ҳамеша аъмоли онҳо зидди озодӣ ва истиқлоли миллӣ буд, бори дигар ба халқу ватани худ хиёнат карданд.
Ин ташкилоти террористӣ пас аз созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ ҳам аз ғаразу ҳамоқатҳои хеш даст накашида ба тарзи мудовом ба террори ақидагӣ машғул шу два аз озодиву имконҳое, кидар заминаи ин созишнома ба даст оварда буданд,кўшид то ҷомеаро сахт мазҳабиву ҳуруфотӣ ва таассубзада намояд.Афкори пучу бемояи ин ҳизб зеҳни ҳазорон ҷавононро вайрон намуда,сабаби ба гуруҳҳои террористӣ пайваст шудани онҳо гардид. Қайд кардан ҷоиз аст,ки аз тарафи ҳамин гуна нафарон ҳамагуна хиёнатро интизор шудан мумкин аст.
Тоҳирова Муҳайё, муаллими
калони кафедраи забонҳои
тоҷикӣ ва русӣ