НАЙРАНГИ НАВБАТӢ ВА Ё СЕНАРИЯИ СОЛИНАВИИ М.КАБИРӢ

Мо дар сомонаҳои интернетӣ мехонему тамошо мекунем, ки боз хоинони миллат, аз ҷумла, яке аз Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби назҳати исломӣ бо роҳбарии Муҳиддин Кабирӣ, ки аз хорича истода, ҳамчун ватанфурўш ба мисли хазандаҳо пўсту рангашро иваз намуда, бо суханҳои аҳриманӣ табрикоти солинавиашро дар Фейсбук ҷой ниҳодааст.

Вобаста ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки аз ҷониби Сархатиби вилояти Суғд Ҳоҷӣ Хўсайн Мўсозода зимни номаи худ ба АМИТ «Ховар таҳти унвони «БЎҚАЛАМУН. Дар бораи боз як тамаллуқ ва риёкории роҳбари наҳзатиён Муҳиддин Кабирӣ» изҳори назар кардааст. Ин андешаҳои сарвари уламои вилоятро мо ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

Бояд қайд кард, ки роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ кӯшишҳои бенатиҷаи худро ҷиҳати ҷалби таваҷҷўҳ ба ҲНИ ва таъсиси анҷуману созмонҳо дар соли нав идома додани аст. Яъне, бо ибораи дигар ин найранги навбати ва ё сенарияи навбатии М. Кабирӣ аст. Бо боварии комил метавон гуфт, ки ТТЭ ҲНИ ба ҳадафи нопоки худ нахоҳад расид, зеро мардум ҳақиқати воқеиро кайҳо дарк намудаанд. Шаҳрвандони Тоҷикистон аксар ба ҲНИ эътимод надоштанду надоранд. Имрўз он ҳама давраҳои вазнин паси сар шуданду ба ҳукми таърих даромаданд. Аз ин рў, аз фаъолияти ибратомўзи Президенти Тоҷикистон ёдовар шуда, хизматҳои арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар расидан ба сулҳи тоҷикон, мустаҳкамсозии пояҳои давлатдорӣ ва рушду тараққиёти Тоҷикистон ёдовар шудан бамаврид аст.

Бо ифтихор метавон гуфт, ки халқи тоҷик таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастовардҳои беназиру сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ соҳиб мегардад. Аз хизматҳои бемисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқу давлат, нақши ҳалкунандаи Иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мавқею манфиати НБО-и «Роғун» дар расидан ба яке аз се ҳадафи сиёсӣ «Истиқлолияти энергетикӣ» муваффақияту комёбиҳои бузурги кишварамон метавон арзёби кард.

Итминон дорем, ки бо дарки дурусти масъалаҳои матраҳшуда ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

Файзулло МАМАДҶОНОВ,
котиби Шўрои олимони ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *