Дар сомонаи «Ахбор.ком» матлабе зери сарлавҳавҳаи «Боз як тирпаронӣ дар Хоруғ» ба нашр расид. Дар он гуфта мешавад, ки бино ба иттилое, ки дар гуруҳи Pamir News дар шабакаи Фейсбук нашр шуд, шоми 13 январ дар маркази шаҳри Хоруғ аз ҷониби кормандони ОМОН тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он як сокини маҳаллаи «Болницен» захмӣ шудааст. Ба гуфтаи муаллифи хабар Саидмансур Шоиков, байни кормандони ОМОН ва сокинони маҳаллӣ вақте баҳс бархост, ки чанд ҷавон ба мошини кормандони милиса роҳ надоданд. Ба гуфтаи муаллиф Толиб Аёмбеков, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Бадахшон ба ҷои ҳодиса омада, бо кормандони мақомот вориди музокирот шудааст.
Оид ба воқеи дирӯзаи Хоруғ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навори видоие пахш гардидааст, ки дар он зиёда аз 20 нафар ҷавонон бо кормандни нерӯҳои махсуси вазорати умури дохилӣ даъвову кашмакашӣ доранд ва дар ин миён садои як тир ба ҳаво баланд мешавад. Дар ин муноқиша Наврас Худоёров аз тири тапончаи пневматикӣ захмӣ гашта дар беморхона бистарӣ мегардад ва аз рӯи гуфтаи табибон ҳолаш хуб аст. Айни замон Додситонии вилояти Бадахшон ба тафтиши ин муноқиша оғоз кардааст.
Бовар кунед, ҳанӯз ҳам ашхосе пайдо мешавад, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита вазъиятро дар шаҳри Хоруғ халалдор созанд. Албатта, инҳо ба ҳамагон маълум аст, аъзоён ва тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятии шаҳри Хоруғ ба ҳисоб мераванд. Мақсади мунокишаҳои аъзоёни ва тарафдорони гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар он аст, ки бояд дидбонгоҳҳои иловагии мақомотҳои қудратии кишвар дар даромадгоҳҳои шаҳри Хоруғ бардошта шавад ва ин ахшоси ҷиноятпеша мисли солҳои қабли ба ҷинояткорӣ даст зананд. Аммо хушбахтона аҳолии ВМКБ аз фаъолияти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ розияд ва ҳаматарафа онҳоро дастгирӣ намуда истодаанд, мардум ба суханҳои ин ҷинояткорон дигар гӯш намедиҳанд. Онҳо тарафдори он ҳасатанд, ки ҳар нафаре тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад, ба амалҳои ҷинояткорӣ даст мезананд бояд дар назди қонун ҷавоб гӯяд, аз ҷумла ин ҷавон Худоёров Н., ки аз ҳисёти авбоши бо кормандони ҳифзи ҳуқуқ кашмокашӣ кардааст бояд барои ин амали ғайриқонунияш ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шавад.
Ҳамин нуқтаро бояд зикр кард, ки на дар гузашта ва на имрӯз давлати мо дар масоили ҳалли мушкилоти дохилӣ алайҳи мардум аз силоҳ кор нагирифтааст ва нахоҳад гирифт. Аммо нисбати ашхосе, ки тартиботи ҷамъиятиро вайрон мекунад ва дидаву дониста нисбати фаъолияти кормандони ҳифзи ҳуқуқ монеаҳо эҳод мекунанд, чораҳои қатъи андешида мешавад, аз рӯи мақоли халқӣ «Мурдани кампир гап не, марг одат мекунад». Дар тамоми дунё давлат муқобили гурӯҳҳои ҷиноятпеша мубориза мебарад ва манфиатҳои миллию давлатиро ҳимоят мекунад. Бадахшон марзу бум ва хоки аҷдодии мост ва мардуми сарбаланду бономуси ин минтақаи зебоманзар ҳаргиз зидди манфиатҳои миллию давлатӣ набаромадаанд.
Воқеан, дар Бадахшон, ягон қазия нест, вале сомонаи «Ахбор.ком»-и Мирзои Салимпул ҳамеша онро «қазия» унвон карда аз он ҳангома месозад. Салимпул, ки зодаи Тоҷикистони азиз аст манфиатҳои шахсиашро аз манфиатҳои миллию давлатӣ боло гузошта тибқи супориши «хоҷагон»-и хориҷияш амал карда баҳри ноором сохтани як минтақаи Ватани азизамон Бадахшон ба дуруғу бӯҳтоннависӣ машғул аст. Ҳайфи ту барин тоҷик, ки бар ивази пулу мол ба миллати худ ба давлати худ хиёнат мекунӣ. Дар хотир дошта бош Салимпул, ки рӯзҳои наздик ту аз ин вазифаат барканор мешавӣ ва «хоҷагон»-и хориҷият туи аблаҳи хоинро ба Тоҷикистон меронанд, ту пушаймон мешавӣ, лекин аллакай дер шудааст ва ту барои ин дасисабозиҳоят дар назди мардуми шарафманди тоҷик ҷавоб мегуи.
Сармасти Валӣ, таҳлилгари масоили сиёсӣ.