Санаи 13-уми ноябр дар Донишкади иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон конференсияи илмӣ-амалӣ ва ҳамоиши ҷавонон дар мавзӯи «Нақши таърихии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бунёди давлати навини тоҷикон», бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, ҳамзамон Раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Мирзоқосим Каримзода иштирок ва суханронӣ намуд.
Нахуст, директори донишкада н.и.и., дотсент Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан суханронӣ намуда, аз хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳё ва ташаккули давлатдории миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат ва баланд гардидани нуфузу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ёдовар шуд. Ҳанӯз дар вохӯриҳои нахустини худ бо ҷавонон Пешвои миллат эътимод ва боварии комили худро нисбати ҷавонон иброз дошта, аз ҷумла қайд намуданд, ки ҷавонон қувваи бузург ва ояндаи миллатанд ва мо ба онҳо боварии комил дорем.
Мирзоқосим Каримзода дар баромади худ таъкид намуд, ки ҷавонон дар ҳар давру замон чун қувваи бузург ва пешбарандаи ҷомеа пайваста аз ҷониби давлат ба ғамхорӣ фаро гирифта мешаванд. Дар саргаҳи ин ғамхорӣ ва дастгирӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Сипас, н.и.т., дотсенти кафедраи ҷомеашиносӣ Тӯтинисо Мирбобоева дар мавзӯи «Иҷлосияи таърихӣ ва аҳамияти он» маърӯзаи пурмӯҳтаво намуд.
Дар идомаи чорабинӣ муаллими калони кафедраи ҷомеашиносӣ Фирӯз Ҳошимов зери унвони «Нақши мактаби сулҳофари Пешвои миллат дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ» баромад намуд.
Донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси молия ва қарз (гурӯҳи англисӣ) Давронзода Манижабону дар мавзӯи «Саҳми Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии таъриху фарҳанги Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ» баромад намуд.
Ҳамаи маърӯзачиён дар баромади худ аз хизматҳои намоёни Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдоварӣ шуда, ҷавононро ба арҷгузорӣ ба дастовардҳои солҳои Истиқлолият даъват намуданд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ донишҷӯён бо сурудҳои ватандӯстона баромад намуда, хотири аҳли нишастро болида намуданд.