Абдураҳмонов Маҳмуд

Абдураҳмонов Маҳмуд 8 июни соли 1948 дар н.Спитамен таваллуд шудааст. Соли 1954 мактаби миёнаи рақами 3 ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ шаҳраки нови ноҳияи Спитамен дохил шуда онро соли 1964 бомувафақият хатм намудааст. Солҳои 1964-1966 фаъолият дар селхозтехникаи ноҳияи Спитамен кору фаъолият бурда баъдан соли 1966 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин дохил шуда онро соли 1971 хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисод, дотсент.
Ихтисос иқтисодиёти соҳаҳои хоҷагии халқ. Соли 2005 Аълочии маъорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1986 медал барои меҳнати шуҷоатнок сарфароз гардонида шудааст. Солҳои 1966-1968 лабаранти институти хоҷагии қишлоқи ш. Душанбе фаъолият бурдааст. Солҳои 1968-1971 сарлабаранти институти иқтисодиёти АФ, ш.Душанбе, бадан муҳақиқ-коромӯзи шуъбаи тайёркунӣ. Солҳои 1972-1973 хизмат ба сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ, ш.Ёшкар ала ва муҳақиқ-коромӯзи шуъбаи тайёркунӣ. Солҳои 1974-1978 аспиранти пажӯишгоҳ маркази иқтисоди математикӣ СССР. Соли 1978 то соли 1991 ходими калони илми шуъбаи агросаноатии институти иқтисодиёти Госплани Тоҷикистон. Солҳои 1991-1995 дотсенти кафедраи ба нақшагирии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин. Солҳои 1995-2006 дотсент, мудири кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ ва омори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров. Солҳои 2007-2011 дотсенти кафедраи таҳлили иқтисодӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров фаъолият бурдаанд. Аз Соли 2011 то ин ҷониб дотсенти кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар ш. Хуҷанд фаъолият мебарад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *