ХУЛҚУ АТВОРИ ДЕВКИРДОРИ ХОИНОН ТАҒЙИР НАМЕЁБАД!

Имрӯзҳо баромадҳои ҳарзаомезона дар шабакаҳои иҷтимоӣ ном ивазкунии тез-тези ташкилотҳои ба ном сиёсӣ, алалхусус ҲНИ ба Паймони миллӣ ва амалҳои дигари онҳо собит менамояд, ки наҳзатиёни девкирдор то ҳанӯз аз нақшаҳои нопоку ғаразноки худ, ки ибтидои солҳои 90 –ум доштанд, даст накашидаанд. Онҳо то ба ҳол аз хориҷи кишвар бо тамоми роҳу воситаҳо кӯшиш карда истодаанд, ки ҷомеаи моро ноором сохта, фарҳангу мазҳаби бегонаро ба сари мардуми мо таҳмил кунанд. Бояд қайд кард, ки хоинони миллат – собиқ Ҳизби наҳзати ислом (ҲНИ), алҳол “Паймони миллӣ”(ТТЭ ҲНИ-ПМ) номгузорӣ шудааст сӯиистифода аз дини мубини Ислом бо ғаразҳои сиёсии гурӯҳиву шахсӣ, тариқи барномаҳои ифротӣ бо номи “Паймони миллӣ”, “Пайванд”, “Хақ ва ботил”, “Минбари муҳоҷир” ва “Садои мардум” баромад намуда истодаанд. Ҳадафашон кирдори бераҳмона – расидан ба мақсади ниҳоии худ, ноором сохтани вазъи сиёсӣ, ангехтани зиддият дар миёни қишрҳои ҷомеа, коста намудани обрӯи давлат, эҷоди бесарусомониҳо, ҳамзамон ноҷӯрӣ ворид кардан дар муносибатҳои дипломатии миёни дигар кишварҳо мебошад.
Хулқу атвори девкирдори хоинони миллат бори дигар собит мекунад, ки чунин шахсиятҳои ифротгарои беимон, аз як ҷониб, чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки бо гуфти Сарвари кишварамон дар ҳақиқат хоин ватану миллат ва дину мазҳаб надорад, ҳамзамон як таҳдиде ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҷони ҳар як сокини саӣёра аст. Ин зуҳуроти фалокатбор ҳеҷ умумияте ба дин, аз ҷумла дини мубини Ислом надорад ва бо истифода аз номи Ислом ба хотири ҳадафҳои сиёҳу ғаразноки сиёсӣ содир карда мешавад. Таҳлиллу мушоҳидаҳо нишон медиҳанд,ки ҳаммаслакону пайравони девкирдори ТТЭ ҲНИ бо супориши дастури хоҷагони маблағгузори аҷнабӣ ҳадафи ягона доранд, яъне ғасби ҳокимияти давлатиро роҳандозӣ қушиш доранд, ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопоки худ нахоҳанд расид. Зеро, иродаи қавӣ, матонату устуворӣ, дурандешию дурбинии сиёсӣ ва ҷузъҳои дигари оқилонаифаъолияти роҳбарияти олии кишвар садди роҳи наҳзатиёни нобакори ифротӣ шудаанду мардуми Тоҷикистон бо садоқату меҳри ватандӯстӣ ин сиёсати одилонаро пуштибонӣ ва ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд.

М.САИДХӮҶАЕВА,
сармуаллимаи кафедраи
забонҳои тоҷикӣ ва русӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *