Изхороти устодони кафедраи иқтисодиёт ва соҳибкории ДИС ДДТТ оид ба ТТЭ ҲНИ ва дигар гуруҳҳои ифротгаро

Ашхосеро дар ин замон пайдо намудан мумкин аст, ки дини мубини исломро ҳамчун сипар ба манфиати шахсии худ истифода мебаранд. Мисолаш ҳизби наҳзати ислом мебошад, ки фаъолияташ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаасту мақсадаш халал расонидан ба осоиштагии давлату мардуми тинҷу ороми мо мебошад.
Гурӯҳҳои ифротгарои террористию экстремистӣ аз нодонии ҷавонон истифода бурда, тамаддуни исломро нодуруст шарҳ дода, онҳоро ба ин гурӯҳҳо ҷалб мекунанд. Бинобар ин, махсусан, ҷавонон бояд бо илму донишҳои замонавӣ мусаллаҳ бошанд ва мавқеи устувори худро дар ҷомеа дошта бошанд.
Бар зидди чунин равияҳои номатлуб ҳамакаса муборизаи беамон бурдан лозим мебошад. Ба паҳн шудани ин амалҳои нопок мо набояд роҳ диҳем. Роҳбарияти давлат ба ин масъала аз ҳама тараф аҳамияти ҷиддӣ дода, фаъолияти чунин гурӯҳҳоро дар ҷумурии мо манъ кардааст. Бинобар ин аҳли ҷомеа, махсусан ҷавонон бояд, арзиши олӣ доштани ҳуқуқу озодии халқу мардумро пос дошта, барои боз ҳам пешрав шудани обрӯю нуфузи Ватани худ кӯшиш намоем.
Ин равияҳои номатлубу ифротгаро бояд пурра аз рӯи замин решакан шавад, то ки минбаъд зиндагии орому осудаи аҳли сокинони рӯи замин халалдор нашавад.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *