Изҳороти устодони кафедраи забонҳои тоҷикӣ ва русии ДИС ДДТТ оид ба ҳангмасозиҳои М. Кабирӣ

Тӯли чанд рӯз аст, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳангомабозиҳои раиси Паймони миллӣ перомуни ташкили ким-кадом як “гуфтугўи мустақим” гапу калочаҳо рафта истодааст.

Ин гурўҳи одамон аз роҳбарашон Муҳиддин Кабирӣ сар карда, то аъзои қаториашон, ки тибқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноятҳои гуногун содир намуданд ва аз кишвар гурехтаанд, ҳаққи муаррифии миллати тоҷикро дар ягон гушаи дунё надоранд.

Имрӯзҳо Кабирӣ мехоҳад, ки сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азизро, ки бо заҳматҳои шабнарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии халқи шарифи кишвар ба даст оварда шудааст, халалдор созад.

Кабирӣ худ дар Тоҷикистони азизи мо ба дунё омада, аз обу хоку ҳавояш истифода бурда, имрӯзҳо аз дур истода яъне пушти парда ба кишвари худ хоинона рафтор карда, мехоҳад, ки маҳз барои иҷро кардани нақшаҳои нопоки худ ҷавононро истифода барад.

Бо ҳар роҳу восита мехоҳад фазои ороми кишвари моро халалдор намояд. Сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакатро, ки баҳри таъмини сулҳу субот ва тараққиёт равона шудааст, мавриди интиқод қарор диҳад ва талош дорад, ки ба воситаи қувваҳои дохилии ватанӣ, ё ин ки баъзе афроди ҷиноятпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб диҳад ва онҳоро ба муқобили ватану миллати худ барангезад.

Аммо имрӯз ҷавонони даврони соҳибистиқлоли мо ҷавонони солҳои навадум нестанд. Имрӯзҳо ҷавонон аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона мекунанд ва дар корҳои ободониву созандагӣ фаъолона ширкат меварзанд. Ҷавонони мо ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву нерӯманд гардонидани Ватан ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона хоҳанд кард.

Мо мардуми сарбаланди кишвар кӯшиш менамоем, ки дар замони ҷаҳонишавӣ зиракии сиёсиро аз даст надода, дар мубориза бо ҳамагуна зуҳуроти номатлуб омода бошем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *