Изҳороти ассистенти кафедраи молшиносӣ ва фаъолияти гумрук Раҳматуллоев Ашрафҷон зидди ҲНИ

ҲНИ яке аз ташкилоти экстремистию террористӣ мебошад. Дар замони мо шахсоне, ки аъзои ҲНИ ҳастанд, кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан мақсади ҲНИ аст. Аз ҳамин лиҳоз мо бояд ба қадри сулҳу субот расем ва ин неъмати бебаҳоро чун гавҳараки чашм нигаҳ дорем.

 Вазъияти ҷаҳони имрӯза моро водор мекунад, ки фаъолияти самараноки тамоми сохторҳои давлатиро барои таъмини боэътимоди сулҳу субот ва амнияти кишварамон равона созем ва барои ҳар як сокини кишвар шароити арзандаи зиндагӣ ва ҳаёти осоиштаро муҳайё намоем. Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки бо мақсади таъмини амнияти давлат ба ҷомеа маблағгузориро барои таъминоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ бо техникаву технологияҳои замонавӣ ва таҷҳизоту дастгоҳҳои муосир бунёди иншооти сарҳадӣ,  мустаҳкам намудани заминаҳои моддиву техникӣ муҳайё кардани тамоми шароити зарурии зиндагӣ ва хизмат барои сохтору мақомоти зикршуда сол ба сол зиёд намояд. Ба хотири ҳифзи сулҳу оромӣ ва пойдории суботу сиёсии ҷомеа  мо ҳам бояд муттаҳид бошем ва ба фаъолияти  сохтору мақомоти давлатӣ  ҳамаҷониба мусоидат намоем ва нагузорем, ки чунин ҳизбу ифротгароӣ ба мардуми тоҷик зарари хешро нарасонида бошанд.

Маълум гардид, ки ТЭТ ҲНИ дар аввал дар зери ниқоби дини мубини ислом мардуми содаву гумроҳро ба майдон бароварда, сипас, онҳоро ҳамчун сипар барои манфиатҳои худ, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар истифода кардаанд.

Мо мардуми сарбаланди Тоҷикистон ҳамешагӣ кўшиши онро дошта бошем, ки ҳар зарраи хок ва ҳар қатраи обро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем ва бидуни амалҳои ношоистаи вожаҳои мавриди назар барои саодати зиндагии оилаи худ ҳиссагузор бошем ва ба василаи ин кору хайру савоб саҳми худро дар пешрафту шукуфоии диёри арҷманди худ, ки номаш Тоҷикистон аст гузорем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *