ВАҲҲОБИЯ ВА ТЭТ ҲНИ – САРЧАШМАИ ТЕРРОРИСТИИ ШАРҚИ НАЗДИК

Дар ҷомеаи муосир дар радафи бисёр дастовардҳо, такмили қонуниятҳои давлатсозию давлатдорӣ бисёр муаммову таҳдидҳо ҷой доранд, ки ин омилҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.Солҳои охир, мутаассифона қариб ҳар рӯз аз расонахои хабарӣ иттилоъ пайдо мекунем, ки дар ин ё он шаҳру мамлакат амалҳои террористӣ анҷом дода шуда, боиси ҳалокат ва захмӣ шудани даҳҳо ва садҳо нафар гардидаанд. Масалан гурўҳи ифротгароии Давлати Исломии Ироқу Шом амалҳое анҷом медиҳанд, ки бетараҳҳумии онҳоро таърих кам дар хотир дорад.
Дар таҷриба ба мушоҳида расид, ки он шахсоне, ки бештар тарафдори ин гурўҳ ва ё ба он давлатҳо рафтаанд, гумроҳ ва фирефтаи зархаридони хоҷагони хориҷӣ, душманони миллат гаштаанд. Оид ба ҷараёнҳои динию сиёсӣ ва ё гуруҳҳои ифротӣ сухан ронем, он гоҳ мо бо назардошти маълумотҳои таърихӣ метавонем мисолҳо оварем. Аз ҷумла, таълимоти “Ваҳҳобия” аз замони ба вуҷуд омаданаш харобгару ифротгаро будааст. Таълимоти ваҳобия дақиқан ҳамин матлабро талаб мекунад, ба ҳамин хотир ҷавононе, ки дар Давлати Ироқу Шом ширкат доранд, аксарияти фикри ваҳҳобгарӣ мепарварад. Воқеан ваҳҳобия баъди дини давлати Арабистони Саудӣ (1920) эълон шудан, ба идеологияи феодалҳои араб табдил ёфт. Ваҳҳобиён ҳоло ғайри давлатҳои Араб дар Афғонистон, Ҳиндустон ва баъзе давлатҳои Африка таъсир дорад. Солҳои охир дар фазои сиёсии сайёра ин гуна гурӯҳҳои ифротие рӯи саҳна омада истодаанд. Махсусан дар Афғонистон, Ироқу Сурия, Яману Сомалӣ онҳо фазои мураккаби ҷаҳони имрӯзаро боз ҳам вазнинтар намуда истодаанд. Аз бесаводӣ ва ё камсаводӣ бошад ва омилҳои дигар ҳамеша сабаби пайвастани мардум, махсусан ҷавонон ба чунин гурўҳҳои экстремистию террористӣ мисли Ваҳҳобия, Ансоруллоҳ, ҲНИ ва ғайраҳо мебошад.
Дар давоми чанд соли охир дар қаламрави Тоҷикистон 75 узви ТЭТ ҲНИ барои иштирок дар фаъолияти ҷинояткоронаи ташкилотҳои террористӣ ва экстремистии ДИИШ, “Ҳаракати исломии Ӯзбекистон”, “Ансоруллоҳ”, “Ҳизб – ут – Таҳрир”, “Ҷамоати таблиғ”, “Гурӯҳи – 24” ва ғайра боздошт гардиданд.
Роҳбари фирории ТЭТ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ шахсан ташкилкунанда ва маблағгузори табаддулоти давлатии моҳи сентябри соли 2015 бо иштироки гурӯҳи мусаллаҳи Абдуҳалим Назарзода дар Тоҷикистон аст, нисбати ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, алҳол дар ҷустуҷӯи Интеропол эълон шудааст.
Бо назардошти масъалаи матраҳгардида ба хулоса омада, аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шудан бамаврид аст,ки чунин гуфта буданд: «Таърих баъд аз ҳазор сол моро водор месозад, ки аз таҷрибаи талхи ниёгони худ сабақ гирем, манфиати давлату миллатро аз ҳама боло шуморем. Ба қадри давлату давлатдорӣ ва Ватани аҷдодӣ бирасем, кишварро аз парокандагӣ, миллатро аз нобудшавӣ нигоҳ дорем. Танҳо Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти мардуми Тоҷикистон бо меҳнати ҳалолу бунёдкорона, тарбияи насли наврасу ҷавонони ояндасоз ва дўстиву ҳамкориҳои судманд ба мамлакатҳои пешқадам моро ба ояндаи пурсаодат мерасонад».
Бинобар ин дар шароити кунунӣ баҳри амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар, миллатдӯсту мусулмон, алалхусус ҷавонон барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва якпорчагии кишвар талош варзад.

Калонова Азизахон
ассистенти кафедраи иқтисодиёти ҷаҳонии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *