ҲИЗБИ НАҲЗАТИ ИСЛОМӢ: ПОЁНИ ФИЛМ Шарҳи Ҳафт аломати фано ёфтани ТТ ҲНИ

1 Leave a comment on paragraph 1 0 Як қатор коршиносони дохилӣ ва хориҷӣ ҳангоми ҷамъбасти соли 2018 онро соли хотима ё завол ёфтани яке аз мудҳиштарин ҳаракатҳои экстремистию террористии минтақа, яъне ҳизби наҳзати исломӣ номиданд. Нигоҳе ба ҳодисаҳои соли гузашта нишон медиҳанд, ки дар ҳақиқат, ТТ ҲНИ дар тўли ин сол охирин талошҳои худро барои исботи мавҷудияташ нишон дода, қадам ба қадам аз байн рафт. Бо вуҷуди кўшишҳои зиёди хоҷагонаш ин ташкилоти экстремистӣ ба партовгоҳи амиқи таърих андохта шуд.

2 Leave a comment on paragraph 2 0 Ин воқеият, яъне фанои сиёсӣ ва сохтории ТТ ҲНИ-ро аз омўзиши ҳаматарафаи равандҳои амалии сиёсӣ ва муқоисаи факту рақамҳои дақиқ мушоҳида кардан мумкин аст.

3 Leave a comment on paragraph 3 0 1.Шикасти ғоявии ТТ ҲНИ дар соли 2018
Бузургтарин шикасти ҲНИ дар соли 2018 шикасти ғоявию маънавии он буд. Зеро дар тўли ин сол гурўҳи калоне аз аъзоёни собиқадор ва бонуфузи ин ҳизб хато будани ақидаҳои ифротгароёнаи наҳзатиро расман эътироф карда, ошкоро онро маҳкум намуданд. Аз ҷумла, аъзоёни Раёсати олии ТТ ҲНИ Саид Қиёмиддини Ғозӣ (Эшони Қиёмиддин), Саторов Аёмиддин (Мавлавӣ Аёмиддин), Каримов Раҳим (Мавлавӣ Абдураҳим), Саидиброҳими Назар, Мирзомуҳаммадӣ Навид ва Зарафо Раҳмонӣ нодурустии таълимот ва фаъолияти ин ташкилоти экстремистиро дарк ва эътироф карда, аз он даст кашида, мардуми кишварро ба дурӣ аз ин ташкилот даъват карданд.
Дар навбати худ, узви Раёсати олии ТТ ҲНИ, фарзанди калонии асосгузори ҲНИ С.А.Нурӣ – Муҳамамдҷони Нурӣ, узви Раёсати ТТ ҲНИ, духтари С.А.Нурӣ – Руқия Нурӣ ва умуман, хонаводаи С.А.Нурӣ худро аз фаъолиятҳои роҳбарияти имрўзаи ТТ ҲНИ пурра ҷудо карда, аз иштирок дар ҳорабиниҳои иғвогаронаи онҳо дар кишварҳои аврупоӣ даст кашиданд. Аксари аъзои Роҳбарияти ТТ ҲНИ дар зиндон низ аз мақомоти кишвар дархост намуданд, ки хато будани ин роҳи зиддимиллиро дарк карда, тайёранд, то ононро ошкоро маҳкум кунанд. Садҳо нафар аз фаъолон ва аъзои собиқи ин ташкилот низ аз ин роҳи хато пушаймон шуда, афкори террористии наҳзатро маҳкум карда, ба ҳаёти осоишта баргаштанд, ки маълумот дар бораи ҳар яке аз онҳо дар расонаҳо дастрас мебошад.
Ба болои ҳамаи ин, Раиси фирории ҳизб М.Кабирӣ моҳи сентябри соли 2018 дар суханронии худ дар Варшава наҳзатиёнро ба таври расмӣ «давоми ҳаракати босмаҳиён» ва «насли сеюми босмаҳиён» номида, тамоми он афсонаҳои бофтаи наҳзатиён дар бораи гўё ҳаракати миллӣ ва демократӣ будани ТТ ҲНИ-ро пурра шикаст. Ин эълони М.Кабирӣ буҳрони идеологӣ дар ин ҳизбро боз ҳам амиқтар сохта, онро ба ошуфтагии комили фикрӣ оварда расонд.
Ҳамин тавр, идеология, рўҳия ва мақсадҳои ТТ ҲНИ, пеш аз ҳама дар даруни худаш ба шикасти пурра рў ба рў шуда, аз тарафи аксарияти роҳбарияти собиқи ин ҳизб маҳкум ва рад карда шуд. Ин аломати ҷиддии шикасти усулии ғоявӣ ва маънавии ТТ ҲНИ дар саҳнаи сиёсат ва таърих мебошад.

4 Leave a comment on paragraph 4 0 2.Шикасти пурраи иттилоотии ТТ ҲНИ
Аломати дигари фарорасии поёни кори ТТ ҲНИ пурра камранг шудани фаъолияти он дар фазои иттилоотӣ мебошад. Албатта, дар фазои иттилоотии Тоҷикистон ин ташкилоти террористӣ солҳост, ки ҷой ва нуфузе надорад. Аммо соли 2018 он дар фазои иттилоотии интернетию хориҷӣ ҳам пурра шикаст хурд. Ҳунин вазъиятро дар ду самт мушоҳида кардан мумкин аст:
Якум, дар соли 2018 фаъолияти иттилоотии роҳбарияти ТТ ҲНИ ва сомонаю расонаҳои онҳо якбора камранг шуда, ҳаҷми маводи пешниҳодшаванда дар онҳо даҳҳо баробар коҳиш ёфтааст. Масалан, агар муҳтавои сомонаҳои ифротии ТТ ҲНИ «Паём», «Востокнюс», «Кимиёи саодат», «Наҳзат», «Озодандешон» ва ғайраро ҳатто бо маводҳои соли 2017-и онҳо муқоиса намоед, мебинед, ки он ҳам аз назари мазмун ва ҳам аз назари ҳаҷм тамоман ноҳиз шудааст. Сомонаи иғвоангези «Паём» акнун ҳафтае фақат як ё ду бор таҷдид шуда, сомонаи ифротии наҳзатии «Востокнюс» бошад, ҳанд моҳи охир умуман таҷдид нашудааст. Шояд касе гумон кунад, ки пули наҳзатиён тамом шудааст. Аммо ҳунин нест. Балки гап дар он аст, ки наҳзатиён дигар ҳарфе барои гуфтан надоранд. Онҳо намедонанд, ки дигар дар баробари пешрафт, тараққиёт, осудагӣ ва сарҷамъии кишвар ва миллат ҳӣ гўянд.
Дуюм, дар ин раванд, таваҷҷуҳи хонандагон ба маводи сомонаҳои наҳзатӣ ва эълону изҳоротҳои онҳо то 80% кам шудааст. Муқоисаи оморӣ нишон медиҳад, ки агар дар соли 2015 як муроҷиати видеоии интернетии раиси ҲНИ М.Кабириро Ҳудуди 35 000 нафар (асосан дар хориҷи кишвар) тамошо карда бошанд, ду муроҷиати ахири ўро дар миёна ва охири соли 2018 Ҳамагӣ 4,3 ва 2,1 Ҳазор нафар дидаанд. Ин рақамҲо 10-15 баробар кам шудани бинандагони ҳарфи роҳбари ҲНИ дар фазои интернетиро нишон медиҲанд.
Ҳунин раванди сарозерро дар мисоли тамоман кам шудани хонандагони сомонаҲои ТТ ҲНИ низ дидан мумкин аст. Масалан, дар муқоиса бо соли 2016 теъдоди хонандагони сомонаи «Паём» 20 баробар ва «Востокнюс» 34 баробар коҳиш ёфтаанд. Дар ин сол танҳо хонандагони сомонаи иттилоотии «Ахбор» рў ба афзоиш будааст, ки он ҳам маҳз аз ҳисоби аз мавқеъ ва сиёсатҳои ТТ ҲНИ дуртар шудани ин расона ҳосил гаштааст.
Ҳамин тавр, дар фазои иттилоотии хориҷӣ низ гурўҳи ифротгароии ҳизби наҳзати иисломӣ ба як номи фаромўшшуда табдил гашта, дигар касе дар суроғи он нест. Хонандаи огоҲ акнун аз ин гурўҲи фитнагару ифротӣ безорӣ ҷуста, сухану таблиғоти якрангу обшустаи харобкоронаи онро дигар хондану шунидан намехоҲад.

5 Leave a comment on paragraph 5 0 3.Аз байн рафтани таъсири ҲНИ дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Россия ва Аврупо
Яке аз майдонҳои фаъолияти ТТ ҲНИ муҳити муҳоҷирони кории тоҷик дар Россия ба ҳисоб мерафт. Зеро дар шароити дур будан аз фазои Тоҷикистон, наҳзатиён муҳоҷиронро туъмаи асосии худ қарор дода буданд. Аммо таҳлили вазъият дар соли 2018 нишон медиҳад, ки акнун ҷойгоҳи наҳзатиён дар миёни муҳоҷирони тоҷик дар Россия пурра коҳиш ёфтааст. Зеро, агар дар солҳои 2015-2016 наҳзатиён тавониста бошанд, ки садҳо муҳоҷири меҳнатиро ба доми худ кашида бошанд, дар соли 2018 ин рақам ҳатто даҳҳо нафарро ташкил накардааст. Агар ба ин вазъият аз як тараф муборизаи ҷиддии мақомоти интизомии Федератсияи Россия бо боқимондаҳои наҳзатӣ сабаб шуда бошад, сабаби дигари он барои муҳоҷирони тоҷик пурра ошкор шудани моҳияти террористӣ ва зиддимиллии ТТ ҲНИ мебошад. Баръакс, соли 2018 теъдоде аз шахсиятҳои бонуфузи ТТ ҲНИТ бо ҳамкории мақомоти давлатии Россия ба Тоҷикистон баргардонида шуданд, ки Эшони Қиёмиддин, Мавлавӣ Аёмиддин, Наимҷон Самиев ва ғайра дар зумраи онҳо мебошанд.
Мисоли дигаре, ки пурра аз байн рафтани таъсир ва обурўи ТТ ҲНИ дар байни муҳоҷирони тоҷик дар кишвраҳои Аврупоиро нишон медиҳад, шикасти шармандавори ҲНИ дар татбиқи лоиҳаи ба ном «гирдиҳамоии бузурги тоҷикон дар Берлин буд». Дар ин ҳорабинӣ, ки 10-уми декабри соли 2018 баргузор мешуд, бо вуҷуди моҳҳо омодагӣ ва таблиғоти наҳзатиён, ҳамагӣ 35-40 нафар тоҷики муқими Аврупо, ки узви ҲНИ буда, ё аз он маош мегиранд, иштирок намуданду халос.
Мувофиқи оморҳои гуногун, имрўз дар кишварҳои аврупоӣ ҳудуди 20 000 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кору зиндагӣ ва ё таҳсил мекунанд. Танҳо тибқи номнависии СММ дар соли 2018, ҳоло дар Аврупо ҳудуди 10 000 нафар тоҷикон дар муҳоҷирати корӣ қарор доранд. Пас, иштироки ҳудуди 30-40 нафар аз онҳо дар гирдиҳамоии наҳзатӣ нишон медиҳад, ки ин ташкилот аз тарафи ҳатто 0,001% аз тоҷикони муқими кишварҳои Аврупо дастгирӣ надорад! ҳамин тавр, нақшаи «гирдиҳамоии бузург» ба шикасти бузург ё шармандагии бузурги наҳзатиён табдил шуд.
Ҳамин тавр, умеди охирини наҳзатиён, яъне муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар кишварҳои гуногун моҳияти иғвоангезу террористии ин ташкилотро дарк карда, дигар иҷозат намедиҳанд, ки ТТ ҲНИ аз номи онҳо ва аз ҳисоби онҳо холҳои муфт ба даст оварданӣ шавад. Дар расонаҳо пахш шудани изҳороти даҳҳо анҷуманҳои донишҷўён ва муҳоҷирони тоҷик дар минатқаҳои гуногуни олам, ки мазмуни онҳо безорию дурии муҳоҷирони тоҷик аз ТТ ҲНИ мебошад, худ нишондиҳандаи дигари ин воқеият аст.

6 Leave a comment on paragraph 6 0 4.Шикасти комили «лоиҳаҳои аврупоӣ»-и ТЭТ ҲНИ
Пас аз манъ шудани фаъолияти ТТ ҲНИ дар ҳудуди Тоҷикистон ва кишварҳои минтақа, роҳбарони он талош карданд, ки дар кишварҳои аврупоӣ паноҳанда шуда, худро дар ҳашми ғарбиён ҳун нерўҳои созандаи демократӣ муаррифӣ намоянд. Ин нақшаи наҳзатиён муддате кор дод ва солҳои 2016-2017 роҳбарони гурезаи наҳзат худ ва хешу таборашонро дар Аврупо ҷобаҷо карданд. Аммо бо пурра ошкор шудани моҳияти экстремистию террористии ТТ ҲНИ, дар соли 2018 муносибати кишварҳо ва ташкилотҳои ғарбӣ низ нисбат ба ин ҳизби террористӣ пурра тағйир ёфт.
Якум, мувофиқи ахбори дақиқ, бо вуҷуди дархостҳои ҳандинкарата ва бо вуҷуди миёнаравии ҳанд ташкилоти байналмилалӣ, ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз соли 2016 ба ин тараф аз додани визаи ИМА ба Раиси ҲНИ М.Кабирӣ худдорӣ менамояд. Яъне, мақомоти ИМА ба ин восита аз сафари М.Кабирӣ ба ИМА пешгирӣ мекунанд.
Дуюм, кишварҳои дигари ғарбӣ низ аз тамосу мулоқотҳои ошкоро бо Раис ва намояндагони ҲНИ дурӣ меҷўянд. Масалан, агар дар соли 2016 Ҳудуди 20 мулоқоти М.Кабирӣ бо сафирон, вакилони парламент, роҳбарони ҳизбӣ ва кормандони вазорати корҳои хориҷии давлатҳои аврупоӣ доир шуда бошад, соли 2018 ўро ҳамагӣ 3 намояндаи ин кишварҳо ва ду намояндаи САҲА қабул кардаанд. Албатта, робитаи М.Кабирӣ бо намояндагони зинаҳои поёнии хадамоти махсуси ин кишварҳо идома дорад, аммо ин робитаҳо дигар робитаҳои муздурона буда, аҳамияти сиёсӣ надоранд.
Сеюм, аз оғози соли 2018 муносибати ташкилоти бонуфўзи байналмилалӣ САҲА низ нисбати ТТ ҲНИ пурра тағйир ёфт. САҲА ба таври расмӣ эълон кард, ки маҳз Ҳукумати Тоҷикистонро шарики худ дониста, бо он ҳамкории ҳамаҷонибаро ба роҳ мемонад. Хусусан, муносибати мақомоти САҲА дар ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава, ки рўзҳои 10-21-уми сентябри соли 2018 баргузор шуд, нишон дод, ки муносибати САҲА бо ТТ ҲНИ комилан дигар шудааст. Агар дар солҳои 2016 ва 2017 наҳзатиён дар ҷаласаҳои солонаи САҲА майдондорию фаъолияти баланд доштанд, имсол баробари оғоз шудани ҷаласа, дар рўзи 10-уми сентябр, мизбонон намояндагони ТТ ҲНИ-ро огоҳ карданд, ки дар ҳолати халалдор намудани кори конференсия, онҳо аз Ҳуқуқи ширкати минбаъда дар ҳорабинӣ пурра маҳрум мегарданд. Дар рафти конфронс, раисикунанда суханронии Раиси ТТ ҲНИ М.Кабириро қатъ намуда, таъкид кард, ки дар доираи мавзўи ҷаласа суҳбат кунад. Умуман, баъди суханрониҳои намояндагони ТТ ҲНИ модератор таъкид кард, ки дар баромадҳои шумо асосан зиёдаравӣ ҷой дошта, далелҳои мушаххас мавҷуд нест.
Ҳамин тавр, ҷаласаи солонаи САҲА дар Варшава ба саҳнаи шармандагии комили ТТ ҲНИ табдил шуда, ин ташкилоти экстремистию террористиро як қадами дигар ба ҳошияи таърих гусел кард.

7 Leave a comment on paragraph 7 0 5.Бозгашти боқимондаҳои ТЭТ ҲНИ ба равишҳои террористӣ
Дар тўли соли 2018 моҳияти террористии ТТ ҲНИ бори дигар ба таври ниҳоӣ ва асоснок фош шуда, факту рақамҳои ошкоршуда ин ташкилотро аз рўйхати ташкилотҳои сиёсӣ пурра ба рўйхати ташкилотҳои ҳарбии террористӣ гузаронид. Албатта, дар моҳияти экстремистию террористии ТТ ҲНИ ягон инсони солимфикр ва ягон мутахассиси огоҳ шубҳае надошт. Қатли оми беш аз 150 000 ҳамватанон дар тўли ҷанги шаҳрвандӣ ва анҷоми ҳазарон ҷинояти мудҳиш дар давраи фаъолияташ дар Тоҷикистон моҳияти террористии ин ҳизбро пурра исбот намуда буд. Лек факту рақаму мисолҳое, ки соли 2018 фош шуданд, бори дигар нишон додаанд, ки ТТ ҲНИ на танҳо аз моҳияти террористии худ даст накашидааст, балки бар зидди суботу амнияти давлату миллати мо ҳануз нақшаҳои нави душманона дорад.
Аз ҷумла, узви Раёсати ТТ ҲНИ Айёмиддин Сатторов пас аз бозгашт ба Тоҷикистон ба таври васеъ нишон дод, ки ҳизби наҳзат имрўз дар ҳудуди ҶИ Эрон ва Афғонистон гурўҳҳои нави террористиро омода карда истодааст. Ба шаҳодати бевоситаи ин роҳбари собиқи ҳни, ҳоло дар лагерҳои террористии арок, Қум, Бумеҳан ва Мозандарон даҳҳо нафар ҷангиёни наҳзатӣ аз тарафи инструкторони эронӣ омўзиши террористӣ дида истодаанд. А.Сатторов, ки муддати 1 солу 8 моҳ дар ин урдугоҳҳо ба ҷангиёни ТТ ҲНИ дарси динӣ додааст, ҳамҳун шоҳиди бевосита тамоми ҷузъиёти ин нақшаи шуми наҳзатиён ва хоҷагони онро фош намуд.
Дар соли 2018 ҳамҳунин ҳамоҳангсоз ё «военком»-и ТТ ҲНИ оид ба ҷалб ва фиристодани ҷавонони тоҷик ба лагерҳои террористии ҶИ Эрон боздошт шуда, аз нишондодҳои ў маълумотҳои фаровоне дар бораи аз Ҳудуди Тоҷикистон ва Россия ҷамъ карда, барои омузишҳои террористӣ ба Эрон фиристодани наҳзаиён ифшо гардид. Умуман, то имрўз аз ҳисоби размандагони гурўҳҳои нави террористии ҲНИ Ҳудуди 20 нафар ошкор ва боздошт шудаанд, ки ҳар яке бо мақсади муайян ба Ҳудуди Тоҷикистон фиристода шуда будад.
Ҳунин факту рақамҳои воқеӣ ва бешумор нишон доданд, ки потенсиали сиёсии ТТ ҲНИ пурра ба охир расида, боқимондаҳои он ба гурўҳакҳои хурди террористӣ табдил мешаванд. Аз ин рў, шояд ТТ ҲНИ Ҳамҳун маҷмуаи гурўҳакҳои террористӣ боз муддате таҳдидофар бошад, аммо Ҳамҳун ташкилоти сиёсию идеологӣ моҳияти худро пурра бохтааст.

8 Leave a comment on paragraph 8 0 6.Маҳкумияти байналхалқии ТТ ҲНИ
Солҳои 2017-2018 солҳои маҳкумияти қатъии байналхалқии ТТ ҲНИ буд. Дар ин давра созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва байналхалқӣ, давлатҳои бузурги ҷаҳон, анҷуману иттиҳодияҳои динӣ, уламои бузурги исломӣ ва муҳаққиқони барҷастаи олам ин Ҳизбро расман ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф намуда, онро ба таври расмӣ маҳкум карданд.
ТТ ҲНИ, пеш аз ҳама аз тарафи бонуфузтарин ташкилоти байналмилалии фароминтақавӣ, яъне Созмони Ҳамкории Шанхай ҳамҳун ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф гашта, фаъолияти он дар ҳудуди давлатҳои узви он манъ карда шуд. Мувофиқи тартиботи дохилии СҲШ, тамоми қарорҳо фақат аз тариқи ризоияти ҳамаи давлатҳои узв ё бо усули консенсус сурат мегиранд.
Илова бар ин, ТТ ҲНИ аз тарафи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД ё ОДКБ) низ ҳамҳун ташкилоти эстремистию террористӣ эътироф шуда, фаъолияташ дар қаламрави кишварҳои узви ин ташкилот, яъне Россия, Белорусия, Қазоқистон ва Кирғизистон манъ карда шудааст. Ин ҳизби террористӣ ба Махзани маълумоти умумии Маркази зиддитеррористии ИттиҲоди ДавлатҲои Мустақил, ки ҳайати васеъро (Белорусия, Россия, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Тоҷикистон, Туркманистон, Ўзбекистон) дорост, расман шомил карда шудааст.
Манъ шудани фаъолияти ТТ ҲНИ дар Тоҷикистон аз тарафи доираҳои бонуфўзи динӣ ва сиёсии ҷаҳони ислом низ ҷонибдории ҷиддӣ пайдо намуд. Аз ҷумла, Маҷмаи ҷаҳонии уламои исломӣ, ки яке аз бонуфўзтарин ташкилотҲои уламои исломии ҷаҳон аст, ТТ ҲНИ-ро як ташкилоти экстремистию террористӣ эълон намуда, мусулмононро ба парҳезу дурӣ аз ин ҳизб даъват намуд. Муътабартарин маркази илмию динии ҷаҳони ислом, яъне Донишгоҳи Ал-АзҲари Миср низ ТТ ҲНИ-ро як ташкилоти экстремистию террористӣ эътироф намуда, фаъолияти онро барои мусулмонон зараровар эълон кард. Аз тарафи ин маркази фатвои ҷаҳонӣ мардуд ва террористӣ эълон шудани ТТ ҲНИ ба маънои содир шудани фатво ё Ҳукми шаръии ҲНИ, яъне аз назари шариати исломӣ гурўҳи ғайриисломӣ ва ташкилоти террористӣ эътироф шудани он мебошад.
Дар идома, фаъолияти ТТ ҲНИ дар ҳудуди кишварҳое ҳун Миср, Туркия, Ҳиндустон, Арабистони Саъудӣ ва аксари кишварҳои Ҳошияи Халиҷи Форс низ маҳкум ва манъ шуд.
Хулоса, дар ин сол ТТ ҲНИ ба маҳкумияти комили байналхалқӣ рў ба рў шуда, Ҳамҳун ҷузъи таркибии шабакаҳои террористии байналхалқӣ манъ карда шуд.

9 Leave a comment on paragraph 9 0 7.Аз саҳнаи сиёсат маҳв карда шудани номи ТТ ҲНИ
Ҳамин тавр, дар соли 2018 бадномӣ, корномаи сиёҳ, фанои сиёсӣ ва дигар ҳеҷ гуна шансу оянда надоштани ТТ ҲНИ-ро худи роҳбарони гурезаи он ва хоҷагони хориҷии ҳизб хуб дарк карданд. Бинобар ин, дар ин сол онҳо тамоми кўшиши худро карданд, ки номи ин ташкилотро пинҳон ва иваз карда, фаъолият ва ҳадафҳои шуми худро бо ному ниқоби дигар давом диҳанд. Номи «Ҳизби Наҳзати Исломӣ» акнун барои тиҷоратҳои миллионӣ ва бозиҳои сиёсии «аврупоӣ»-и Раиси тиҷоратпешаи он М.Кабирӣ ҳам на танҳо ба як халал, балки ба як хатари ҷиддӣ табдил шуда буд. Зеро ин ном дар зеҳни тоҷикистониён ва ҷаҳониён ҳамрадиф ва ҳаммаънои мафҳумҳои зишти ҷаҳолат, зархаридӣ, ватанфурўшӣ, ифротгароӣ, экстремизм ва терроризм гашта буд.
Инро хуб дарк намуда, М.Кабирӣ ба ҳиллаи навбатии сиёсӣ даст зад. Ў аз Ҳисоби худи аъзоёни ТТ ҲНИ ду ташкилоти сунъии дигарро бо номҳои «Анҷумани озодандешони Тоҷикистон» ва «Иттиҳоди муҳоҷирони тоҷик дар Аврупо» таъсис дода, бо онҳо эътилофи сунъиеро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» ба имзо расонид. Яъне, ба хотири халос шудан аз номи «Ҳизби Наҳзат» худаш бо худаш паймон баста, акнун худро на «Раиси ҲНИ», балки «Раиси Паймони миллии Тоҷикистон» ном гузошт! Дар анҷумани САҲА дар Варшава (сентябри 2018), дар тазоҳуроти нокоми наҳзатиён дар Берлин (ноябри 2018) ва ҳатто дар табрикномаи солинавии худ ба муносибати соли 2019 М.Кабирӣ дигар аз «Раиси ҲНИ» номидани худ ҳазар карда, худро бо номи сохтаи «Раиси ПМТ» муаррифӣ кард.
Ин рафтори М.Кабирӣ, ки ба қавли Сатторов Аёмиддин, «аз аввал на наҳзатии ақидавӣ, балки як тоҷир буд», охирин зарбаи марговарро ба мавҷудияти ТТ ҲНИТ ворид намуд. Ҳамин тавр, М.Кабирӣ барои наҷоти тиҷорат ва фаъолияти шахсии худ, на танҳо худи ҳизби наҳзат, балки номи онро ҳам ба таври расмӣ аз саҳани таърих маҳв намуд.
***
Ҳамин ҳафт аломати зикршуда, ки ҳар яке ҳақиқати мутлақ ва баҳснопазир аст, нишон медиҳад, ки ташкилоти экстремистию террористии ҳизби наҳзати исломӣ акнун пурра шикаст хурда, ҳамҳун як таълимот, идеология ва ташкилот аз байн рафтааст. Ин ташкилот заминаи иҷтимоии худро низ пурра аз даст дода, ҳеҷ имконе барои эҳё шудан надорад. Бинобар ин, кўшишҳои хоҷагони ин ҳизб ва талошҳои ҳанд нафар фаъоли боқимондаи он барои эҳё ва наҷоти ТТ ҲНИ як кори беҳуда буда, ин ҷасади сиёсӣ дигар ягон таъсир ва истифодаи сиёсӣ ва амалӣ нахоҳад дошт. Зеро тавре, ки мегуянд, поёни филм фаро расид!
Абдулло Ғафуров,
номзади илмҳои таърих, дотсент

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *