Дар асоси ҷадвали тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд санаи 22 январи соли 2019 дар маҷлисгоҳи калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқоти роҳбарияти муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд бо зиёда аз 400 нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид.
Мулоқотро муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Комилӣ Мастура Мухторзода ифтитоҳ намуда, зикр дошт, ки мулоқоти имрўза дар марҳилаи хеле муҳим, рўзҳое, ки мардуми кишвар зери таассуроти амиқ аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кору зиндагӣ доранд, баргузор шуда истодааст. Тавре дар Паёми Пешвои миллат таъкид карда шуд: «Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистони азиз мебошанд. Мо ба ҷавонон эътимоди комил дорем, дастгирии самимонаи онҳоро аз сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумат қадрдонӣ мекунем ва нақши арзишмандашонро дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти кишвар эҳсос менамоем. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад».
Инчунин иттилоъ дода шуд, ки дар қаламрави ноҳия 88 адад муассисаҳои таълимии шакли моликияташон гуногун, аз ҷумла 82 адад муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, 3 адад муассисаҳои таълимии хусусӣ, 2 адад гимназияҳои давлатӣ фаъолият дошта, дар онҳо 70 526 нафар хонандагон, аз ҷумла 35052 нафар духтарон таҳсил доранд ва аз ин шумора 4806 нафарро хатмкунандагони синфи 11 ташкил медиҳанд. Дастовардҳои шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳия назаррас буда, аз ҷумла дар соли сипаришудаи 2018 дар даври вилоятии олимпиадаҳои фаннӣ 91 нафар ва дар даври ҷумҳуриявии он 29 нафар шогирдони макотиби ноҳия соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ дониста шуданд, ки ин яке аз беҳтарин нишондод байни шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳур ба ҳисоб меравад. Инчунин, 2 нафар толибилмони муассисаҳои таълимии ноҳия аз муассисаи таълимии ғайридавлатии “Сафина” ва Муассисаи махсусгардонидашудаи хонандагони болаёқат дар олимпиадаҳои байналмилалии фосилавӣ иштирок дошта, ғолибиятро ба даст дароварданд. Сол аз сол шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия, ки тавассути Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии кишвар дохил мешаванд, афзуда истодааст. Аз ҷумла, дар соли таҳсили 2017-2018 синфи 11-уми муассисаҳои таълимии ноҳияро 4908 нафар толибилмон хатм намуда, аз ин шумора 2826 нафар толибилмон ҳуҷчатҳои худро ба нуқтаҳои бақайдгирии Маркази миллии тестӣ супориданд. Дар натиҷаи супоридани имтиҳонҳо 2206 нафар хонандагон ба донишкадаву донишгоҳхои олии кишвар дохил шуданд, ки нисбат ба соли 2017 мутаносибан 496 нафар ва 195 нафар зиёд аст. Дар маҷмуъ айни замон дар ҳамаи бахшҳои рўзона, ғоибона ва фосилавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар зиёда аз 10 ҳазор ва аз ҷумла дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии қаламрави вилоят зиёда аз 8 ҳазор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия таҳсил доранд.
Сипас роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Суғд, азҷумла ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Ҷуразода Ҷамшед Ҳабибулло, ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шарифзода Муъмин Машокир, ректори Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Олимӣ Рауф Латифзода, муовини ректори Донишкадаи кўҳӣ-металургии Тоҷикистон Насриддинов Замониддин ва мудири кафедраи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ – Алиев Шамшод дар назди хатмкунандагон суханронӣ намуда, оид ба шарту шароитҳои қабул ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва имконияту имтиёзҳои мавҷуда дар донишкадаву донишгоҳҳо маълумотҳои ҷолиб пешниҳод намуданд.
Дар охир хатмкунандагон ба меҳмонони чорабинӣ бо саволу дархост муроҷиат намуда, аз баргузории мулоқоти судманд изҳори қаноатмандӣ намуданд.