КАБИРӢ ТО БА КАЙ МАРДУМРО ФИРЕБ МЕДИҲӢ!?

Раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон, ки барои як гуфтугӯи мустақим бо мардум иқдом кард, ки дар он давоми 2 соат ба суолҳои воридшуда посух гуфт. Мавзӯи саволҳо гуногун буданд ва чун баҳс тӯлонӣ буду мардум дар кишвар имкони тамошои онро надоранд, “Паём”, ки минбари розу ниёзи наҳзатиҳост  тасмим гирифт баҳсро вобаста ба мавзӯъ қисм-қисм созад ва шарҳи муҳимтарин мавзӯъҳоро дар шакли чопӣ нашр кунад.

 Аммо ин ҷо соле ба миён хоҳад омад, ки дар ягон посухҳои Кабирӣ муҳимият дида намешавад. Чаро Кабирӣ аз он посухе, ки бояд аз рӯи виҷдон дар сафи чандин зиндониёни наҳзатӣ омада, ҷазои гуноҳҳояшро бояд ҷуброн кунад сар мепечида бошад. Ана ин ҳам суол ва ҳам посухе бояд мебуд, ки муҳимиятро инъикос мекунад. Ситоиш ва дилсӯзиҳои Кабирӣ як суханони мардумфиребона аст.

Ба М.Кабирӣ, раиси Паймони милии Тоҷикистон гуфтаниам, ки шумо худ, кӣ ҳастед, ки аз фарҳанг сухан мекунед. Оё наҳзатиҳо фарҳангро медониста бошанд? Бале шояд шинохту донистани шумо фарҳанги азҳоби худатон бошад, фарҳанги ботини нопоки худатон бошад. Вале айнан ҳамон фарҳангеро, ки пушти он фасодкориҳои шумо паси парда мемонад, бо фарҳанги милли мо тавъам нест. Зеро арҷгузори ва гиромидошти зан ва модари тоҷик барои фарҳанги ахлоқи ва маънавии халқи азизам аз ҳама болотар аст. Кабирӣ дар идома, бо баёни ин ки табиати мардуми тӯҳматбоф ҳамин аст, ёдовар шуд: Ман хоҳиш мекунам, ки нисбати зан ва модари тоҷик ин корҳоро бас кунед!

Ин коре, ки шумо мекунед, дахолат дар масъалаи хусусии мардум аст. Ва васвасаҳи Кабирӣ, ки гуноҳи зан чист ва гуноҳи к=дак чист, маънои онро дорад, ки бигузор мардҳо барои фиреб надодани нафси худ бояд занро фиреб диҳанд. Бо итминони комил гуфта метавонам, ки ин ҳама ҳангомасозиҳои ӯ танҳо барои манфиати худи ӯст!  Кабирӣ дар баромадаш боз ишора кардааст, ки дар масъалаи сиёсӣ ба миён гузоштани обрӯи зан, хоҳар ва модарон  ҷоиз нест.

 Ин суханонро нафаре гуфта истодааст, ки худи аъзояш даст ба фаҳш мезанад.  Ислом қудрати ислоҳ кардани ҳамаи гуноҳҳои бандагонашро дорад, дар сурате, ки бандааш дар назди Худо тавба намояд. Мақсади ин нафарон, ки бо супориши махсуси хоҷагонашон иҷро мекарданд, беобрӯй кардани давлат ва Ҳукумати кишвар, бор кардани тӯҳмат бар сари олимони воқеан ҳам диншиноси тоҷик мебошад.

Дилафрӯз Ҳомидова,
корманди бахши табъу нашри ДИС ДДТТ   

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *