МО БОЯД ТАЪСИРИ ГАРМШАВИИ ГЛОБАЛИРО БА ҲИСОБ ГИРЕМ.

 

Дар Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми кишвар аз 29.07.2020 гуфта шудааст, ки дар соҳаи энергетика кишвари мо ба муваффақиятҳои назаррас ноил шуда, аз  соли 2016 маҳдудияти таъмини барқ пурра бардошта шуд. Воқеан ин муроҷиатнома саривақтӣ мебошад. Вале  душманони халқу ватан аз ин мушкилӣ сӯиистеъмол намуда, ҳар гуна хабарҳои бардурӯғ паҳн мекунанд.

Мо аз тадқиқотҳои олимон медонем, ки дар давоми 70 соли охир бар асари гармшавии глобалӣ иқлими кураи Замин ба куллӣ тағйир ёфтааст. Гармшавии глобалӣ чист? Мо медонем, ки манбаи асосии ташаккули иқлими сайёраи мо гармии Офтоб аст. Ҳарорати ҳавои сайёраи мо аз таркиби химиявии он вобаста аст. Агар дар таркиби ҳаво миқдори гази дуоксиди карбон ё метан зиёд шавад, эффекти “гармхона” ба вуҷуд меояд, яъне аз ин газҳо нури Офтоб бемалол гузашта сатҳи Заминро гарм мекунад. Сатҳи замин нури гарми инфрасурхро мебарорад, ки газҳои дуоксиди карбон ва метан онро фурӯ бурда, ба фазои кайҳон рафтан намемонанд. Ин газҳои зарарнок бар асари фаъолияти иқтисодии мардум, аз ҳисоби сӯзиши маҳсулоти нафтӣ, ангишт, ҳезум дар корхонаҳои саноатӣ, нақлиёти автомобилӣ, авиатсионӣ, қатораҳо ва ғайра ба вуҷуд меояд. Дар 60 соли охир бар асари гармшавии глобалӣ ҳарорати миёнаи сайёраи мо зиёда аз 2 дараҷаи Селсий афзудааст. Бар асари ин оби пиряхҳо қариб 30 фоиз кам шудааст. Оби дарёҳои Тоҷикистон зиёда аз 80 фоиз аз барфу борон ва боқимонда аз пиряхҳо ташаккул меёбанд.

Дар солҳои 90-уми асри гузашта аксари кишварҳои ҷаҳон ба созишномаи кам кардани таъсири гармшавии глобалӣ ҳамроҳ шуда, ӯҳдадориҳои кам кардани газҳои зарарнокро ба атмосфера қабул намуда буданд. Масалан кишварҳои ИМА, Хитой, Русия ва Иттиҳоди Аврупо ӯҳдадор шуда буданд, ки иқтисодиёти кишварашонро ба истифодаи сӯзишвориҳои камзарар ба монанди гази табиӣ, нерӯи Офтоб, шамол, об, геотермалӣ гузаранд. Инчунин то соли 2030 миқдори партовҳои газҳои зарарнокро зиёда аз 30 фоиз кам кунанд.

Бар асари гармшавии глобалӣ иқлими кураи Замин куллан тағйир меёбад. Кишварҳои сербориш торафт сербориштар мешаванд. Масалан музофотҳои минтақаҳои Шарқи Дури Федератсияи Россия аз серборишӣ дар даҳ соли охир се маротиба зери об монданд. Ҳамин гуна аҳвол дар музофотҳои шарқии Ҷумҳурии Халқии Хитой мушоҳида карда мешавад. Миқдори тӯфонҳои ба соҳилҳо таҳдидкунанда низ ба маротиб зиёд шудааст. Бо баробари ин дар музофоти Ёқутистони Федератсияи Россия бошад аз хушксолӣ зиёда аз 200 ҳазор гектар ҷангалзор зери сӯхтор қарор дорад. Сабаби ба вуҷуд омадани чунин ҳодисаҳоро олимон аз пайдошавии абрҳои ҷигарранг маънидод мекунанд, ки дар осмони кишварҳои Осиё бисёр мушоҳида мешавад. Аз ин сабаб абрҳои боришовар ба минтақаҳои марказии Осиё ба монанди Осиёи Миёна торафт камтар меоянд. Бинобар ин дар кишвари мо агар дар тирамоҳ ва зимистони имсола миқдори бориш аз меъёр кам шуданаш аз эҳтимол дур нест, аз ин сабаб  маҳдудияти нерӯи барқ ҷорӣ шуданаш мумкин аст.

Мо сокинони кишвар ба ин ҳолат бетараф намонда, кӯшиш намоем, ки нерӯи барқро сарфакорона истифода барем. Ба фасли зимистон омодагӣ дида, ангишту ҳезумро захира намоем. Бо баробари ин бояд қайд кард, ки дар асоси маълумотҳои аз ҷониби мутахассисони соҳа ироашуда хушбахтона, маҷрои дарёи Вахш имрӯз мусоидат карда истодааст, ки ҳар рӯз ба қадри даркорӣ ба обанбори НБО “Норак” барои зимистони дарпешистода об захира карда шавад. Тибқи маълумоти масъулини “Барқи Тоҷик” обанбор миёнаҳои моҳи сентябр то нуқтаи муқаррарӣ аз об пур мегардад ва зарурияти ҷори намудани  маҳдудияти неруи барқ ба миён намеояд.

 

    дотсенти кафедраи математекаи олӣ ва

технологияҳои инноватсионии

ДИС ДДТТ Иброгимов И.И.

 

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *