Изҳороти кафедраи математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионии ДИС ДДТТ оид ба баромади Муҳиддин Кабирӣ дар чорабинии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо  дар шаҳри Варшава ( аз 8.03.2021)

Мо омӯзгорон медонем, ки аз замонҳои қадим то замони мо нақши зан дар рушди ҷамъияти мо ҳалкунанда буд ва мемонад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Инчунин занон  сарбаландона аз ӯҳдаи роҳбариву фаъолият дар сиёсат низ мебарояд. Баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа яке аз нишонаҳои кишварҳои тараққиёфта ба шумор меравад. Аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳайё намудани шароити мусоид баҳри фаъолияти занон дар сиёсат корҳои зиёд анҷом дода шудааст. Аз ҷумла қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Доир ба баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ва имкониятҳои баробари занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001-2010», «Тарбия, интихоб ва ҷо ба ҷо намудани кадрҳои роҳбарии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016», «Дар бораи дурнамои фаъолгардонии мақоми зан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва чандин санаду меёрҳои дигареро номбар кардан бамаврид аст, ки барои озодона кору фаъолият намудани занон дар корҳои давлатӣ қабул гардидаанд.

Мо аъзоёни кафедра боварӣ ҳосил намудем, ки дар кишвари мо дар масъалаи баробарии ҳуқуқи зану мард корҳои зиёде амалӣ шудааст ва мешавад. Лекин дар ин хусус аз минбари баланди нишасти Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Варшава ҷор задани собиқ роҳбари ҳизби манъшудаи наҳзати исломӣ М.Кабирӣ тааҷҷубовар аст ва оқибат ба пушаймонӣ меорад. Вақт довар буду ҳаст ва ёдовар шудан бамаврид аст, ки маҳз худи наҳзатиҳо ба поймол шудани ҳуқуқи занон ва кӯдакон дар кишвари мо сабаб шуда буданд. Занҳоро ба гаравгонӣ гирифтан, бо зӯрӣ ба касе “тӯҳфа” намудан, бо зӯрӣ ба занӣ гирифтан хоси наҳзатиҳо буданашро мо аз наворҳои силсилафилмҳои “Хиёнат” дида, барои худ хулоса баровардаем. Набояд фаромӯш кард, ки воқеан худи М.Кабирӣ занҳоро ҳурмату иззат намекард, маъшуқаҳо дошт, ҳатто дар маросими ҷанозаи модари худ наомад. Акнун аз минбари баланд дар хусуси поймолшавии ҳуқуқи занон баромад намудани ӯ ба либоси гӯсфанд пӯшидани гург шабоҳат дорад. Ӯ моҷароҷӯи куҳна буду ҳаст ва ҳар як лаҳзаи қулайро ба фоидаи худ истифода мебарад.

Дар мубориза бо моҷароҷӯӣ мо бояд имкониятҳои исломи анъанавӣ ва принципҳоеро, ки асосҳои экстремизми диниро ташкил медиҳанд, аз ҳам фарқ кунем, чунки моҳияти ислом раҳму шафқат, эҳтиром, инсонпарварӣ нисбати занон ва кӯдакон аст.

Вақти он расидааст, ки ҳолати ҷамъияти имрӯзаро ҳушёрона бе таассуби идеологӣ арзёбӣ кунем ва идеологияи миллии худро тавре ба роҳ монем, ки ба ҳиссиёти динии пайравони дину мазҳабҳои гуногун нарасем. Хулоса имрӯз, ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро  истифода намуда, кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *