ҲИЗБИ ИФРОТГАРО

Таърих гувоҳ аст, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 ҳизби сиёсӣ амал мекард. Яке аз онҳо ҲНИТ (Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон) буд, ки дар тамоми минтақаи Осиёи Миёна ягона ҳизби сиёсии исломӣ ба ҳисоб мерафт.

Мо хуб медонем, ки дар Ватани азизи мо – Тоҷикистон ғайр аз ҳизбҳои сиёсӣ, инчунин гуруҳу ҳаракатҳои ифротгарое низ мавҷуд буданд, ки фаъолияташон тавассути баъзе аз ин ҳизбҳо ба роҳ монда шуда буд, ки худ паси парда назорат мекарданд. Баъзе ҳизбҳои сиёсӣ бошанд, дар навбати худ фирефтаи ваъдаҳои пучу бемаънӣ ва маблағи муфти ин гуна ташкилоту ҳаракатҳои террористӣ гардида, дар бораи мақсаду мароми ҳизбиашон манфиатҳои миллӣ, арзишҳои халқ, аз ҳама муҳимаш тинҷиву амонӣ ва ҳаёти ширини мардуми азияткашидаи диёрро фаромӯш мекарданд.

ҲНИТ агар дар аввали фаъолияташ диққати мардумро бо рафтору кирдорҳои номатлубаш наонқадар ҷалб карда бошад, пас роҳбарияти он бо мақсади амалӣ намудани мақсадҳои нопокаш аллакай ба таври ошкоро фаъолияти зиддидавлатӣ бурданд.

Барои ҲНИТ ва ҳамсангаронаш муҳим нест, ки бо инқилобхоҳиашон мардумро ба чӣ вазъи ногувор гирифтор мекунанд. Муҳим он аст, ки қудрати сиёсиро ба даст оранд.

Мардуми шарифи Тоҷикистон, пирони рӯзгордида, ҷавонон, омӯзгорону шогирдон – мо ҳама шукрона аз ин рӯзҳо, аз ин зиндагонии хушу хуррам дорем. Ҳама бо кореву ҳунаре андармон дар фазои сулҳу амонӣ умр ба сар бурда истодаем.  Барои мо аз ҳама чизи муҳим ин сулуҳ амонӣ ҳаст, ки мо онро чун гавҳараки чашм ҳифз менамоем.

Лекин дар ин даврони тинҷию амонӣ моро як чиз ба ҳайрат меорад, ки як тоифа зархаридони беватан, ки дар ватани азизи мо бародарро бо бародар низоъ андохтанд, дар хориҷи кишвар зери тозиёнаи хоҷагони худ давлати ободи- Тоҷикистонро зери танқид мегиранд ва як гуруҳи инсонҳои беватанмондаи ташкилоти экстремистӣ-террористии ҲНИТ таҳти роҳбарии М.Кабирӣ мебошанд, ки мехоҳанд бо ҳар роҳу восита, истифода аз расонаҳо дар олам номи кишвари моро доғдор намоянд.

Акнун ки беватан мондаанд, хору залил, дастнигари хоҷагони худ гардида, ҳоло ҳам бо сиёҳ намудани номи ватани азизи мо машщуланд. Дигар касе онҳоро гуш нахоҳад кард.

Чӣ хеле, ки ба ҳамагон маълум аст  29 сентябри соли 2015 Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ҳамчун ҳизби террористӣ элон карда шуд ва фаъолияти ин ҳизб дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд.  Аммо то ба ҳол қисме аз аъзоён ва тарафдорони ин ташкилоти террористӣ дар хориҷ, ҳар куҷое, бо супориши ҳар касе, сарсону саргардон гашта, ҳар гуна суханҳои бофтаю дуруғро паҳн карда истодаанд.

Мардуми шарифи кишвар, сокинони ватандӯсту худогоҳи мамлакат тариқи васоити ахбори омма муроҷиат намуда, ба мардуми хирадпешаи кишвар ру оварда, даъват менамоем, ки ҳеҷ гоҳ дигар ба суханҳои фитнаангезу дуруғини ин тоифаи ватанфурушу хоин ва беватан гӯш надиҳанд. Ба доми фиребу суханҳои бемаънии онҳо наафтанд. Мо бояд танҳо паи ободкорӣ ва зебо намудани ватани хеш ва рузгори хуш қадам ба пеш гузорем.

Бинобар он мо бояд ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба ватандӯстӣ, ҳифзи Ватан даъват намоем. Нагузорем, ки ҷавонон ба он рафтору кирдори номатлуби чунин хоҷагони гумроҳ гардида, фирефта нашаванд.

Ҷомеаи омўзгорони кафедраи

                                                 иқтисодиёти ҷаҳон

 

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *