Дин  ва  ифротгароӣ

     Асоси калидии маънавиёт ва ахлоқи инсонро зиёда аз 1700 пеш аз зуҳури дини мубини ислом, пайғамбари оини зардуштӣ  Зардушти Испитамон дар мафҳуми «аша»-ростӣ ва «дуруҷ»-дурeғ, ки бар пояи «дайна»-виҷдон устувор аст муайян намуда, асоси ахлоқии адени баъди зардуштиро дар ваҳдати афкору гуфтору кирдор мустаҳкам намудааст. Чӣ тавре, ки олими варзида ва диншиноси маъруфи тоҷик Шерзод Абдуллозода дар китоби худ  «Диншиносӣ» овардааст: зардушт таълим медиҳад, ки инсон чун аз озодии ирода бархурдор аст, метавонад ҳам муҳарриб (вайронкунанда) бошад ва ҳам ободкунанда. Одамӣ байни  модда ва руҳ, некӣ ва бадӣ, фано ва ҷовидонӣ, зулмат ва нур вокеъ шуда  ва  метавонад он чиро, ки дилхоҳи eст, интихоб кунад. Агар e фазилатро интихоб кард, бояд дорои андешаи нек, гуфтори нек ва кирдори бошад. Ба роҳи бад рафтан  танҳо дар даст задан ба кори зишт нест, балки ҳатто бо роҳ додани андешаҳои бад дар зеҳни худ мо метавонем муртакиби кори  бад бишавем.

    Маълум аст, ки дини мубини ислом аз ин гуна андешаҳои ахлоқӣ ва инсонпарварона холӣ  нест. Зиёда аз он аҳкому ақоид, ахлоқ ва фалсафаи исломи меъёри муайянкунандаи тарбияи маънавӣ ва ахлоқии инсон ва ташаккули ҷомеаи комил мебошанд.

     Дини ислом ба ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангии мардумони Осиёи Миёна пурра  ва бебозгашт ворид гардида аст, ки раият аз он дилпуру сипосгузор аз каромати офаридгор мебошанд.

    Вале чӣ тавре, ки аз воситаҳои ахбори умум маълум гардид ба номи ислом пайвастани куштору хунрезиҳое, ки қариб ҳамарeза аз ҷониби қувваҳои ифротгаро бо супориши ҳоҷигони хориҷии онҳо дар Покистон, Ироқ, Шом, Сурия, Яман содир карда мешавад ба ягон аҳкому ахлоқи исломӣ  ва ҳадисҳои пайғамбари ислом Муҳаммад (с) мувофиқат намекунад, хусусан воқеаи 14.12.2014-и дар шаҳри Пешовари Покистон ваҳшиёна ба қатл расонида шудани 140 нафар кeдаки маъсуму бегуноҳ, (гeё ба мақсади аз ҳукуматдорони Покистон, қувваҳои зидди толибон қасд гирифтанд) ба амал бароварда шуд, кулли мардумони озодаандеш, инсонпарвар  ва соҳибтамаддуни дунёро бетараф гузошта наметавонад. Гарчӣ дар қуръони карим гуфта шудааст: «Ло икроҳа фид-диқ» (дар дин зури даркор нест). Ба андешаи мо ин воқеаи 3-юм аст дар таърихи инсоният баъд аз фашистони Олмонӣ, ки ҳазорҳо кeдакони хурдсолро аввал ҳамчун донор истифода бурда, баъди аз мадор рафтан дар печҳои крематория месeзонданд ё кирдори бераҳмонаи  Темури Ланг, ки дар яке аз шаҳрҳои Осиёи Сагир аз болои садҳо кeдакони ширхор аробаҳои пурборро сар дода буд, монданӣ надоранд. Аҷри ифротгароиро насли калонсоли Тоҷикистон дар солҳои ҷанги тамилии солҳои 90-уми қарни ХХ, ки дар асл ин фоҷиаи миллӣ кори дасти онҳо буд, чуқур бояд дарк карда бошанд. Зеро яке аз сабабҳои ин ҷанги бародаркуш ба ҷахолат, хурофот  ва таассуб дода шудани мардуми он ва маҳалгароиву курсипарастии қисме аз зиёиёни бофарҳанг ва рўҳониёни оқилмартаба буд. Дар солҳои 90-ум қарни гузашта ифротгароён  ба мақсади нопоки худ расидан тамоми усулу воситаҳои тундрав, радикализм,  зурӣ, аз он ҷумла терроризмро истифода бурда фарзандони беҳтарини миллати тоҷик-прокурори кулли ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев, академик М.Осимй, депутатҳои Шeрои Олй Муродали Шерализода, Моёншоҳ Назаршоев, олимони машҳури соҳаи тиб Юсуфҷон Исоқӣ, Минҳоҷ Ғуломов, хабарнигори барҷаста Муҳиддин Олимпур ва дигаронро ба қатл расонданд.

     Ифратгароӣ дар зери ниқоби дин сабабгори бенизомию бетартибии ҷомеа, бадандешӣ, кинаю адовати байни одамон гардида барои рушди иқтисодӣ, иҷтимои, фарҳангӣ, устувории вазъи сиёсати ҷомеа монеаҳои зиёда эҷод мекунад. Сади роҳи ташаккули ҳисси ватандустӣ, ифтихори миллӣ, худогоҳи ва худшиносии миллӣ мегардад.  Дар шуури мардум нисбати давлат ва низоми сиёсии ҷомеа ҳисси бегонагӣ, бетарафӣ  ва бадбинӣ ҷойгирӣ мекунад.

 

Устоди Донишкадаи иқтисод ва савдои  ДДТТ  Авазматов Н    

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *