Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ- фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Боиси қайд аст, ки нақши фарҳанг, ташвиқоту тарғиботи таълиму тарбияи насли наврас дар ҳамин раванд дар таҳкими эҳсоси ватандорӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърихи ниёгон ва дар пешгирӣ аз низоъҳои иҷтимоӣ ниҳоят бузург аст. Беҳуда нест, ки қувваҳои манфиатҷӯй дар оғози амалҳои ғаразноки худ аввал арзишҳои фарҳангӣ-маънавӣ (ахлоқию динӣ)-ро коҳиш дода, фалаҷ месозанд, баъдан ҳисси нобоварӣ ва таҳдид намуда, ба амалҳои зишт ва хавфноки худ даст мезананд.
Сабаби пайдоиш ва паҳн гардидани ин гуна падидаҳои номатлуб аз он шаҳодат медиҳад, ки сатҳи ноустувори шароити зиндагӣ, бехабар будан аз маърифати ҳуқуқӣ ва худшиносӣ, таълиму тарбияи нокифояи насли наврас, хусусан, ҷавонон боиси шомил шудани онҳо ба гуруҳи ифротгаро мегардад. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати шаҳрвандии истиқлолияти миллӣ ва осоиштагии ҷомеаи худро аз чунин пайомадҳои манфӣ ва таъсири қувваҳои моҷароҷӯ эмин нигоҳ дорем.
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмоммалӣ Раҳмон баҳри дастгирии ҷавонон бисёр имкониятҳо ҳам барои таҳсил, ҳам барои кору фаъолият дар соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ фароҳам оварда шуда истодааст.
Эълон шудани Соли 2017- Соли ҷавонон низ беҳуда набуд. Зеро сарвари давлат ҳамеша ба ҷавонони бонангу номус такя менамоянд. Бояд, ҷавобан ба ин ғамхориҳо, ҷавонон, баҳри ободии диёр ҳиссаи арзандаи хешро гузоранд, на ин ки ба ҳар гуна гурўҳҳои нохалаф шомил шуда, тақдири худ ва ояндаи миллатро доғдор созанд.
Дар ин замина дар шароити ҷаҳоншавию душвор гардидани муносибатҳои байналмилалии сиёсию иқтисодӣ ба масъалаҳои ҳифзи симои миллию мазҳабӣ, пос доштани арзишҳои маънавӣ, баланд бардоштани сатҳи фарҳангӣ-сиёсӣ ва маърифатӣ-ҳуқуқии аҳолии кишвар, хусусан, ба ҷавонон диққати махсус зоҳир намудан ба мақсад хеле мувофиқ аст.
Омилҳои ба ин равияҳо шомил шудани ҷавонон, алалхусус, ҷавонони тоҷик кам нест. Ин ҷо мо якчанд чунин омилҳоеро номбар мекунем, ки метавонанд зуд ба дили нафарони камдонишу ноогоҳ роҳ ёфта, ўро беобурў ва миллатро бадном созанд:
- Созмон дода шудани як қатор ҳизбу мазҳабҳои ғайридинӣ;
- Баланд будани сатҳи бекорӣ;
- Бемасъулиятии волидон дар тарбияи фарзандон;
- Муҳоҷирати меҳнатӣ ба кишварҳои хориҷа;
- Ҷаҳонбинии кам доштан;
- Истифодаи ғайрмақсадноки шабакаҳои интернетӣ.
Мутаассифона, ҳазорон нафар ҷавонон ба воситаи интернет ба доми ин бало-шабакаи терористӣ афтода маҳв гаштаанд ва боз мегарданд.
Аз ин лиҳоз, мо омўзгоронро зарур аст, ба ҷавонон, ба донишҷўён оиди мақсадҳои ғаразноки ин ҳизбу ҳаракатхои номатлуб маълумот дода, онҳоро аз ин руйдодҳо хушдор диҳем.
Бояд огоҳ намоем, ки яке аз самтҳои асосии ҷалби ҷавонон ба ин мазҳабҳо шиносоӣ бо зебосанамони шабакавӣ ва ҷалби духтарон ба сафи ДИИШ. Зебосанамони соҳибҷамол ҷавонони камтаҷрибаи тоҷикро ба доми «дурўғини ишқу муҳаббат» афтонида ба коми марг мекашанд. Духтарони танҳоро бошад бо ваъдаи хонадоршавӣ ва зиндагии шоҳона дар мамлакатҳои тараққикарда ба дом меафтонанд. Барои он, ки писарон ва занону духтарони тоҷик гирифтори ин вабои аср нагарданд, моро зарур аст ин роҳҳое, ки барои ҷалби ҷавонон истифода мебаранд, тавассути рўзномаву маҷаллаҳо, барномаҳои радио ва телевизион, инчунин дигар воситаҳои лозимӣ онҳоро огоҳонем ва ин мушкилотро ҳар чи зудтар то андозае ҳал намоем. Зеро мегўянд: «Илоҷи воқеъа пеш аз вуқуъ мебояд».
26-27 сол муқаддам рўзҳое буданд, ки мардуми соҳибватани мо дар ватани худ, дар хонаҳои хеш ҳатто амну осуда намезистанд. Ҳама беқарор ва дар воҳима будем. Ташаккур мегўем ба сарвару роҳбару раҳнамои ин миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки замоне аз даҳҳо минбарҳои хурду бузург, аз сари чандин мизу гуфтушунидҳо бо чунин дилсўзиву қотеъият масъалаи зарурияти ҳифзи ягонаи Тоҷикистон ва аз парешонӣ нигаҳ доштани ин давлату ин миллати ба доми оташкашидашударо гузошту кишварро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандашаваӣ наҷот дод.
Мо ифтихор мекунем, аз чунин Пешвову сарвари сулҳпарвар, ки хушбахтона Президенти имрўзаи мо гардид, вагарна имрўз Тоҷикистони офатзада воқеан чунин побарҷо намебуд.
Бинобар ин, ҷавобан ба ин ғамхориҳо мо бояд ҷавононро дар руҳияи ватандўстӣ, хештаншиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намуда, барои шукуфоии ватани азизамон саҳми арзандаи хешро гузорем.
Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгароютерористӣ имрўзҳо ҳадафи ягонаи насли калонсоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Воқеан яке аз падида ва ҳаракатҳои номатлубу ифротие, ки дар заминаи эътиқодҳои диниву мазҳабӣ амал мекунад , экстремизм маҳсуб мегардад , ки он имрўз бо ҳар гуна роҳу воситаҳо пеш аз ҳама мусоидати аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ , аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо интиқол ёфта , хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ , вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти дилхоҳ кишварро дар пай дорад. Дар ҳамин самт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолае, ки ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардид бори дигар мардуми кишварро огоҳ ва таъкид сохт, ки ба тероризм бозӣ кардан нашояд.
Омилҳое, ки ҷавононро, ба хусус ҷавонону наврасони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаро ба доми ҳиллаву найранги ҳаракатҳо ва гурўҳҳои ифротгароӣ гирифтор месозад зиёд ва бешуморанд, ки дар ин хусус рўзнома ва маҷалаҳои даврӣ пайваста менависанд ва дастурҳои муфид пешниҳод менамоянд.
Ҳар нафар шаҳрванди имрўзаи Тоҷикистон бояд ба худ суол диҳад, ки дар ин самт чи хизмате ба мардум кард ва бояд бикунад.Чанде пеш бо ташаббуси комиссияи татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Варзоб бахшида ба 20- солагии Рўзи Ваҳдати миллӣ дар доираи Соли ҷавонон байни муассисаҳои таълимии ноҳия аз 18.05.2017 то 06.06.2017 вохўрии адибону шоирони кишвар аз ҷумла ноҳияи Варзоб баргузор гардид, ки махсус ба ҳамин мавзўъ бахшида шуда буд. Дар рафти ин чорабинии муфид, ки бевосита Раёсати маориф, шўъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, бахши кор бо занон ва оила, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ , бахши фарҳанг, комиссияи ҳуқуқи кўдак ва ҳамзамон кормандони нашрияи Варзоб саҳмгузорӣ намуданд аз хотири падару модарон хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ дер гоҳ зудуда нахоҳад шуд. Бахусус саҳначаҳои дар ин мавзўъ бахшидаи маҳфили худфаъолиятии муассисаҳои таълимии,ки ҳозиринро гирёнид диданиву хотирмон буд.
Раёсати маорифи ноҳияи Варзоб тасмим гирифтааст барои пешгирии ҷавонон ва наврасон аз гурўҳҳои ифротгароӣ ва терористӣ ҳамин гуна чорабиниҳои тарбиявиро зиёд намояд
9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон Истиқлолияти давлатии худро эълон дошт. Кишварӽои мухталифи ҷаӽон Тоҷикистонро давра ба давра ӽамчун давлати мустақил эътироф намуданд. Аз замоне, ки Истиқлолият дар тоҷикистон шуд, давлат роӽи рушди минбаъдаи худро ба кишварӽои демократӣ, ӽуқуқбунёд ва дуняви мувофиқ сохт. 25-сол аст, ки Тоҷикистон давлати соӽибистиқлол мебошад. Дар 25-соли Истиқлолият дар Тоҷикистон –муассисаҳо, биноҳо, шоҳроҳи азим ва дигар сохтмонҳо сохта шудааст. Имрӯз ҳар як тоҷик аз он ифтихор менамояд, ки соҳиби давлати обод ва озод мебошад.
Мутаасифона, вақтҳои охир дар хориҷи кишвар, яъне дар Сурияву Ироқ ва бархе дигар кишварҳои ҷангзада ба сафи созмонҳои ифротию террористии бо ном “ Давлати исломии Ироқу Шом” пайвастани як гурӯҳ ҷавонони тоҷикистонӣ мутасифона ба чашм мерасад. Ҳанузҳам омилҳои гуногуни иҷтимоӣ ва фарҳангӣ вуҷуд доранд, ки боиси роҳгум задани ҷавонон ва бо ифротиён пайвастани онҳо мешавад.
Иллатҳои сар задани чунин падидаҳои номутлуб, хатари тафриқаандозӣ ва ҷудоӣ дар байни мусалмонони кишвар дар солҳои охир, ин дар ҷомеаи мо пайдо шудани ивоангезӣ, ҳизбгароиву гурӯҳбандӣ дар фазои кишвар мебошад.
Ифротгарои мувофиқи моддаи 3-и қонун “Дар бораи мубориза ба экстремизм” ифротгарои ин зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеи дар шакли амалҳои воқеан чапгаро инъикос ёфтае мебошад, ки ба бенизоми, тагйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, Fасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтанӣ низоъи нажодӣ. Милли, иҷтимои ва динӣ даъват мекунад, ифротгароӣ меноманд.
Тероризм-ин содир намудани амалҳое мебошад, ки бо одамон хатари марг ба миён меоварад, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф кардани рақиби сиёсӣ, вайрон карданӣ бехатарии ҷомъияти, тарсонидани аҳоли ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул кардани қарорҳо мебошад.
Мо худ дарк мекунем, ки таҳкими сулҳу субот мубориза ба ҷинояткори ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкуни метавонанд Fояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу мунтазами кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохтори низоми вобастагии мустақил дорад.
Бинобар зарур мешуморем, ки дар муассисаҳои таълимӣ бояд кори созмонҳои тарбиявӣ ва созмонҳои ҷавонон хуб ба роҳ монда шавад. Чунки бештар сафи созмонҳои байналмилалиро ҷавонон ташкил медиҳанд. Оромиву шукӯҳи ҳар як давлату миллат бар души ҳар як шаҳрванди он вобаста аст, махсусан ояндасозӣ миллат-ҷавонон мебошанд. Бале, ҷавонон хуб дарк намоянд, ки оянда такдири халқу давлати Тоҷикистони соҳибистиқлол бар дӯши онҳо гузошта мешавад. Яъне ҳифзу обод кардан ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани сарзамини аҷдоди ва Ватани азизи мо масъулияти бузург дорад, ки ҳар яки моро зарур аст то ба хотири таҳкими ваҳдати милли пойдориву устувории давлати соҳибихтиёри худ, кушишу талош намоем.
Дар замони мо ҳамаҷо пур аз густариши экстремизм, тероризм мебошад, дар ин бора дар ҳама ҷо зиёд ҳарф мезананду менависанд. Асосан маънои аслии “экстремизм” ифротгарои, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои аз ҳад гузаштан мебошад. Экстремист шахсе мебошад, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравиро роҳ медиҳад. Ин зуҳурот метавонад, ки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон ба миён ояд.
Чуноне, ки ҷаноби олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст “Ӌавонони азиз! Ояндаи Тоҷикистон дар дасти Шумост, биёед ба ҷаҳониён исбот намоед, ки миллати тоҷик-миллати сулҳпарвару меҳанпараст мебошад ва кӯшиш номоед, ки истиқлолияти миллати худро то абад ҷовидон нигоҳ доред ва зиракии сиёсиро аз даст надиҳед”.
Чи хеле, ки Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтаанд, мо наслҳои имрӯзаи тоҷикон, ки масъулияти тақдири давлат ва миллатро бар души худ гирифтаем, бояд халқамонро ҳамеша дар муттаҳидӣ нигоҳ дорем ва бо бунёдкориву созандагӣ раҳнамо созем, моро мебояд, ки Истиқлоли кишвари азизамонро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем ва Ватанамонро ободу зебо гардонем. Бигзор, ваҳдати миллӣ сулҳу суботи поянда, раҳнамои ояндаи неки пиру ҷавони мамлакат гардад.
Барои пешгирӣ ва бартараф кардани хатари ифротгороӣ, пеш аз ҳама аз нигоҳи илмӣ омӯхтан ва ташхису бартараф кардани ана ҳамин қабил омилҳо зарур мебошад.
Мо ҷавононро дар рўҳияи ватандўстиву худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, ба қадри неъмате чун истиқлолияту давлатдорӣ ва ваҳдати миллӣ расида, арзишҳои муқаддастарини давлату давлатдориро дарк намуда, ба воя расем. Бояд мо ҷавонон дарк намоем, ки пос доштани ин муқаддасот ҳам қарз, ҳам масъулият ва ҳам шарафу номуси ватандорӣ, ҳам ифтихор аз давлату миллати хеш ва ҳам талошу заҳмати ҳар фарди бедордили ҷомеа баҳри худшиносӣ, маърифат ва фарҳанги волои миллӣ аст.
Зеро ношукрӣ кардан аз Ватани аҷдодӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот гуноҳи кабира ва дўст доштани Ватан аз имон аст. Аз ин хотир, бояд ҳар яки мо ба қадри Тоҷикистони соҳибистиқлол расида, баҳри сарсабзиву хуррамии он софдилона меҳнат намуда, нуфузу обрўи онро дар арсаи байналмиллалӣ баланд бардорем.
Ассистенти кафедраи иқтисодиёти
ҷаҳон Шораҷабова Ш.З.