Ҳадафҳои нопоки Ташкилоти терористии ҳизби наҳзати исломро маҳкум менамоем

Солҳои охир ТЭТ ҲНИ ҷомеъаи муосирро ба ташвиш андохта ба нобудшавии ҷомеъа оварда мерасонад. Таърих гувоҳ  аст, ки маҳз гурӯҳи ТЭТ ҲНИ ҳизбу ҳаракат ва равияву ҷарайёнҳо ба номи дин сабаби парокандагӣ, бесаводию бемаърифатӣ исломӣ ва ҳизбу ҳаракат, фиркаву ҷамоат ва равияҳои тундрав нодуруст буда, ҳамагуна рафтору кирдор ва шиору даъватҳои онҳо беасосу бемантиқ, мардумфиребӣ, мухолифи таълимоти шариати исломӣ ва сабаби аслии парокандагӣ мебошад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки  соли 2015 мардуми шарафманди Тоҷикистони ҲНИ- ро фаҳмиданду оқибати нохуши онро дарк карданд. Аъзои ҲНИ зина ба зина сафи тарафдорони худро дар мамлакат зиёд намуда, мақсади пароканда намудани давлати соҳибистиқлоламон кӯшишҳо мекарданд.

Бинобар он мо бояд ҳар як фарди солимфикри тоҷикистони ҳушёрию зиракиро аз даст надода, ба чунин рафтори хоинонаи онҳо нафрат орем ва ҷавононро ба рӯҳияи  ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, ваҳдату ягонагӣ ва илмомӯзи тарбия карда ба амалҳои созандагию ободкорона раҳнамун созем. Ҷавонон, ки созанда ва нерӯи пешбарандаи насли замони Истиқлолият мебошанд, ба он рафтору кирдори номатлуби чунин хоҷагони гумроҳгардида, фирефта нашаванд, Ватани худро обод созанд,  ҳифз намоянд, ба қадри Истиқлол, Сулҳ,  Ваҳдат бирасанд.

Майнусова Зарнигор
Мудири маркази таълими забонҳои хороиҷӣ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *