ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ҶОМЕАШИНОСӢ ОИД БА СУХАНҲОИ МАҲМАДАЛӢ РАСУЛОВ

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ Маҳмадалӣ Расулов ном нафаре, ки худро афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) муаррифӣ мекунад, бо нашри як изҳорот ва як видео дар Интернет хабар дод, ки КДАМ нақшаи сӯиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ)-ро рӯи даст гирифтааст.

Аз муҳтавои ин мавод бармеояд, ки гӯё собиқ корманди Кумитаи амнияти давлатӣ тибқи нақшаи ба гуфти ӯ таҳиянамудаи Кумитаи мазкур роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ маҳв бояд карда шавад. Барои ин се нафар бо супориши қатъиян махфӣ ба Маскав фиристода шудаанд. Гӯё роҳбари ин даста полковники амният Назаров буда, ҳамчун корманди ширкати тиҷоратӣ дар маркази Русия фаъолият дорад. Аз мӯҳтавои мавод бармеояд, ки мувофиқи супориши аввал аъзои ин дастаи амният гӯё дар байни қувваҳои мухолифин ҷудоиандозӣ намуда, як қисми онҳоро ба Тоҷикистон баргардонанд. Ба гуфти ӯ нақша дигар шудааст, ин дафъа даста бояд роҳбари ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ маҳв бояд намояд.

Ба андешаи мо, ин  изҳорот иғвои интернетӣ аст. Ба ин восита бадхоҳони миллат услуби ҷанги иттилоотиро истифода намуда, мехоҳанд Тоҷикистон, хусусан кумитаи амнияти миллиро ба ҷаҳониён бадном кунанд, гӯянд, ки ин кумита чӣ қадар хадамоти хавфнок аст, ки ҳатто дар Аврупо мухолифинро метавонад маҳв намояд. Бо ин кор Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш худро нишон доданиянд, ки онҳо чи гуна одамони муҳим ва кишварҳои Аврупо ба ҳимояи онҳо талош кунанд.

Мардуми сарбаланди тоҷик дигар фирефтаи афкори заҳрогини бадхоҳони миллат нахоҳанд гашт ва ба ҳар дасисаву гуфорҳои беҳуда дода намешаванд. Мо бояд ба қадри сулҳу ваҳдати миллӣ расем ва онро дар чунин як шароити бениҳоят вазнини ҷаҳони имрӯз ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *