Мо занони донишкада филми мустанад таҳти унвони «Бозгашт аз ҷаҳаннам», ки тариқи телевизионҳои чумҳуриявӣ ва маҳаллӣ пахш шуда буд, тамошо намуда, паҳлуҳои муҳтавои онро, мавриди муҳокима қарор додем. Дар филми зикршуда яке аз муассисони Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Сатторов Аёмиддин бо тахаллуси «Мулло Аёмиддин», ки истиқоматкунандаи ноҳияи Рўдакӣ, ҷамоати деҳоти Чинтеппа, деҳоти Обчакорон мебошад, аз амали ғайриқонунии ин ташкилоти террористӣ иқрор шуд. Инчунин Сатторов Аёмиддин дар пойгоҳҳои низомии шаҳрҳои Бумаҳен, Пардис, Ироқ ва Остонаи Мозандарони Ҷумҳурии Исломии Эрон масъули омодагии идеологӣ ва динӣ-масҳабии террористони исломӣ будааст. Сатторов А.иқрор шуд, ки ҳодисаҳои 8-уми сенябри соли 2015 оид ба кӯшиши табаддулоти давлатӣ аз ҷониби ҷинояткор Абдуҳалим Назарзода, бо тахаллуси «Ҳоҷи Ҳалим» ва ҳаммаслакони ӯ низ аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо роҳбарии бевоситаи Муҳиддин Кабирӣ тарҳрезӣ гардидааст. Хулоса боз як бори дигар исботи он аст, ки ТЭТ ҲНИ тайи солҳои охир ба чӣ гуна амалҳои пурдаҳшат даст задааст.
Мо, Шўрои занон ва духтарони донишкада кирдорҳои ҷинояткоронаю ғаразонаи аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро маҳкум мекунем ва нахоҳем гузошт, ки хиёнаткорону душманони миллат минбаъд нақшаҳои нохалафи худро амалӣ кунанд. Кулли ҷавононро ба созандагиву ободкории Ватан даъват ба амал оварда, хоҳони онем, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надода Ватани хешро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз намоянд.