Ба афсонапардозии М. Расулов бовар накунед!

Бо мақсади фаҳмонидадиҳии оқибатҳои ногувори падидаҳои номатлуби ҷомеа, амсоли терроризму экстремизм ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, бевосита Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии мамлакат ба таъкид хатари ҷиддии таҳдиди терроризмро баён намуда, аз ҷумла, таъкид карданд: «Моро зарур аст, ки зиракиву ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, мардум ва дар навбати аввал наврасону ҷавононро аз оқибати равандҳои манфии муосир огоҳ созем ва онҳоро аз таъсири хатарноки ҳар гуна равияву ақидаҳои бегона эмин нигоҳ дорем». Имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабару гузоришҳое ба нашр мерасанд, ки аслан асоси воқеӣ надоранд ва ба ҷуз афсонапардозӣ дигар чизе нестанд. Мисоли равшани он изҳороти М. Расулов собиқ корманди Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мебошад, ки сару садоҳоеро дар байни аҳли ҷомеа ба бор овардааст.

Маҳмадалӣ Расулов ном нафаре, ки худро афсари Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ) муаррифӣ мекунад, бо нашри як изҳорот ва як видео дар Интернет хабар дод, ки КДАМ нақшаи сӯиқасд ба ҷони Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати ислом (ҲНИ)-ро рӯи даст гирифтааст. Маҳмадалӣ Расулов, ки худро афсари КДАМ муаррифӣ мекунад, мегӯяд, ҳоло дар яке аз кишварҳои Аврупо қарор дошта, ҳамкориро бо ин ниҳод қатъ кардааст, чунки намехоҳад дар куштори як шаҳрванди Тоҷикистон даст дошта бошад. Маҳмадалӣ Расулов мегӯяд, аз солди 1997 дар КДАМ кор мекард ва аз соли 2003-2004 дар Русия ва баъзе кишварҳои Аврупо ба ҳайси “корманди ғайрирасмӣ” фаъолият дошт. Ӯ меафзояд, соли 2015 бо фармони пӯшидаи роҳбарияти КДАМ дар қаламрави Русия як гуруҳи ғайрирасмии махсуси корӣ иборат аз 3 нафар, аз ҷумла Маҳмадалӣ Расулов, ташкил шуд. Маҳмадалӣ Расулов гуфт, ду узви дигари ин гуруҳ ҳамчун намояндаҳои ширкатҳои тиҷоратӣ кор мекарданд ва худи ӯ ҳамчун ходими ҷамъиятӣ.

Мо аслан ба ин сафсатаҳо бовар надорем ва имрӯз халқи тоҷик дӯстро  аз душман фарқ карда метавонад ва дигар фирефтаи хоинон нахоҳад гашт.

Тоҷибоев Ш. А.,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *