Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот заминахои пайдоиш, таҳаввулот ва сабабҳои фаъолгардонии онҳо пайваста, пурра ва хамаҷониба омӯхта шаванд.
Барои ҳар яки мо маълум буд, вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоч ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо Пешвои маҳбуб ва роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машѓулро низ ба таҳлука овардааст.
Ҳадафи мо ҳамин аст, ки давлати Ватани соҳибистиқлоламонро обод созем, барои ҷангҳои мазҳабӣ роҳ надиҳем ва намехоҳем хоинони миллат дар ҳар ҷо давлату миллати моро вайрон созанду кишвари дигаре ба умури дохилии То ҷикистон дахолат кунад.
Дар таърихи давлату миллати тоҷик рӯзҳои тираву тор маълум аст. Ҳамон вақт ҳам баъзе гурӯҳҳои ифротгаро ба ҳам омада даркору нодаркор мушт ба сина зада худро дӯстдору ҷонибдори миллати тоҷик мехонданд. Вале вақт нишон дод, ки сухан дигару амал дигар аст. Маҳз ҳамин қабил гурӯҳҳо ба мақсади ба ғаразҳои шахсӣ расидани мардумро гирди ҳам оварданд, сафсата хонданд ва хеле афсӯс ки дар сангорҳои муқобил ҷой доданд. Ва ҳамин тавр оғоз ёфт мушкилиҳо ки оқибат ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда ҳазорҳо кушта, деҳаҳо хароб, мардуми сарсон ва дур аз ватанро боқӣ гузошт. Ва имрӯз ҳамон қувваҳои ифротгаро боз мехоҳанд вазъиятро дар ҷумҳурӣ ноором кунанду ба қавле “обро лой карда моҳӣ доранд”.
Ахиран дар назди сафорати Эрон гирдиҳамоии ҷавонон баргузор гардид, ки бо шиору овезаҳо зидди сиёсати Эрон дар қиболи дастгирии терроризм ва раиси ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ садо баланд карданд. Мо зидди ҳама гуна митингу гирдиҳамоии сокинон ҳастем, аммо дар наворҳо хуб дидем, ки ҷавонон бо ихтиёри худ ба назди сафорат баромада, оиди масъалаҳои зикршуда андешаҳояшонро баён доштанд. Албатта, бозиҳои сиёсии зиёдро дидем ва дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дахолати кишвари Эронро мушоҳида кардем ва он чандин бор тавассути телевизион намоиш дода шуд.
Мо чунин бозиҳои сиёсиро маҳкум месозем ва намегузорем, ки фазои сулҳу Ваҳдат дар ҷумҳурӣ халалдор шавад. Бо ҳамин мақсад бо нақшаҳо ниятҳои нек атрофи Ҳукумати кишвар сарҷамъ омада, як ният, як мақсад дорем, ки маҳаки асосии он ободии Тоҷикистон ва осоиштагии мардум аст.