Дар вазъияти кунунӣ масъалаи ифротгароӣ ва тундгароии динӣ аз хатарҳои ҷиддӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дониста мешавад. Ин ҷиҳати масъала тақозо менамояд, ки табиати ин зуҳурот заминахои пайдоиш, таҳаввулот ва сабабҳои фаъолгардонии онҳо пайваста, пурра ва хамаҷониба омӯхта шаванд.
Аз натиҷаи таҳлилҳои бӯҳрони сиёсӣ ва молиявию иқтисодиро дар ҷаҳон чунин хулоса кардан мумкин аст, ки гӯё сабаби асосии ҳамаи мушкилот дини ислом ва фарҳанги мусулмонӣ бошад.
Ба марҳилаи сифатан хатарнок ворид шудани вазъияти сиёсию ҷангӣ дар қаламрави Сурияву Ироқ ва Яману Либия пешгӯии хирадмандонаи Пешвои миллати тоҷиконро дар иртибот ба «вусъати бесобиқаи бархӯрди манофеи абарқудрат барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон» комилан тасдиқ мекунад.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии То ҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ бо шарҳи вазъи сиёсии ҷаҳони муосир оѓоз бахшиданд ва он бунёди воқеӣ дорад. Мо дар замони хеле мураккабу пурихтилоф, замоне, ки давлатҳои дунё ҳар кадоме баҳри манфиатҳои хеш талош варзида, дар ин роҳ ба зиёдаравӣ ва таҳқири кишварҳои дигар роҳ медиҳанд, кор ва зиндагӣ дорем. Дар ҷаҳони кунунии мо,ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд. Мо омўзгорон, бояд дар сафи пеши мубориза бар зидди ифротгароӣ ва терроризм бошем. Ҳамчунин, шогирдонамонро ба ҳушёрию зиракӣ даъват намоем. Бо истифода аз далелу рақамҳо фаҳмонем, ки экстремизму ифротгароӣ чӣ гунна равияҳоянд, чӣ ҳадафу матлаб доранд, ба чӣ муваффақ шудан мехоханд.
Мо хуб дарк мекунем, ки таъмини тартиботи ҳуқуқӣ, таҳкими сулху субот, мубориза бо ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ, ки ин зуҳуроти номатлуб метавонанд, пояҳои давлатро заиф гардонанд, аз фаъолияти муътадилу муназзами кормандони мақомоти хифзи хукук ва сохторхои низомӣ вобастагии мустақим дорад».
Барои ҳар як сокини давлати То ҷикистон маълум буд, ки чаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат оид ба вазъи гоеополитикии ҷаҳони муосир чунин бо хавотирӣ ва огаҳона сухан меронанду хушдор медиҳанд, ки вазъияти баамаломада дар минтақаҳои гуногуни олам метавонад, на танҳо ба оромию осоиштагии рўзгори мардуми мо, балки ба аксари мамолики тараққиёбанда ва ё ақибмонда таъсири басо калон расонад. Яъне ифротгароии миллию мазҳабӣ ва ривоч ёфтани терроризму экстремизм дар даҳсолаи охир на танҳо Пешвои маҳбуб ва роҳбари хирадманди давлати моро, балки аксари сиёсатмадорони ҷаҳон ва инсонҳои ба сиёсатшиносию ҷомеашиносӣ машѓулро низ ба таҳлука овардааст.
Ба ҳама маълум аст, ки созмонҳои ифротгар ба наврасону ҷавонон аз ҷиҳати психологӣ фишор меоранд. Мутаассифона, ҷавонону наврасоне, ки ба ин гурӯҳҳои ифротгаро дохил шудаанд, дарк намекунанд, ки чӣ гуна зуҳуроти бегонашавӣ ва бегонапарастӣ дар дили онҳо ҷой гирифтааст.
Дуруст аст, ки ҷавонону наврасон на ҳамеша мушкилоти худро мустақилона ва ба таври мусолиматомез ҳал карда метавонанд. Бинобар ин, гурӯҳҳои ифротгаро аз кутоҳназарии ин гуна ҷавонон истифода бурда, роҳи ягонаю дурусти ҳалли мушкилоти онҳоро ба воситаи зӯроварӣ, ҷанҷолу хархаша, занозанӣ, масхараю таҳқиркуниҳо нишон доданӣ мешаванд.
Мо бояд Ватану модари хешро ҳифз намоем, дар дили хеш ҳамеша ҳисси ватандӯстиро парвариш диҳем, ифтихор кунем, ки чунин Ватани тинҷу ором, зебову хуррам ва соҳибистиқлол дорем. Мо хоҳони онем, ки халқ ва миллати То ҷикистони азизи мо ҳамавақт дар зери партави сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхурии То ҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагонӣ намуда, бо ҳаёти осоишта умр ба сар баранд.
Кафедраи назарияи иқтисод