Ҷавонони тоҷик манқуртшудагони Эрон нестанд!

Имрўзҳо вақте, ки мо ба тариқи воситаҳои ахбори омма ҷаҳони сиёсиро мушоҳида мекунем, кишварҳои абарқудрат барои ҳалли қазияи Сурия гуфтушунид карда истодаанд, вале чунин гуфтушунидҳо ягон натиҷаи судмандро барои халқи оддӣ надорад. Зеро дар Сурия якчанд кишварҳо гурўҳҳо ва ҳизбу ҳаракатҳои мухталифи ҷангҷўёнро, ки аксарияташон ҷавонони раҳгумзадаи Сурия мебошанд, ҳамчун манқуртҳои худ идора карда истодаанд. Кишварҳои абарқудрат кўшида истодаанд, ки аз сарвати табииву ҷойгиршавии геополитикии минтақавии Сурия бештар манфиат дошта бошанд.
Ба ёд меорем, Сурия давлати пешрафта буд, аммо бо сабабҳои фирефта шудан ва ба манқуртҳои кишварҳои абарқудрат табдил ёфтани ҷавонони Сурия давлат ба дасти террористон, ки аз тарафи кишварҳои манфиатхоҳ, аз ҷумла Ҷумҳурии исломии Эрон дастгирӣ меёбанд, афтода, тамоман ба харобазорҳову мазорҳо ва аҳолии Сурия бошад дар лагерҳои кишварҳои гуногун дар ҳолати қашшоқиву қаҳатӣ зисту зиндагӣ доранд.
Ҷангҳои имрўзаи Ироқу Сурия, Яману Либия ва як қатор кишварҳои Африқо маҳз аз сабаби паҳн гаштани бадбиниву нафрат ба ҳамдигар бо тариқи одамони мутаассиб сабаб шудааст. Миллионҳову ҳазорҳо одамон аз хонаву дар, хешу табор, кору мол маҳрум монда, дар азобу машаққат дар ҳолати гурезагӣ зиндагӣ карда истодаанд. Кишвари Урдуни араби Ҳошимия ду милион аҳолӣ дорад, аммо имрўз дар ин давлат зиёда аз нўҳ милион одамон зиндагӣ карда истодаанд, ки ҳафт милион гурезаҳо аз Сурия, Ироқ ва Фаластин мебошанд. Онҳо ягон ҳуқуқи иштирок дар корҳои давлатӣ ва на хизматӣ ва ҳатто шаҳрванди Урдун ҳисоб намешаванд ва гурезаҳои аввалин зиёда аз бист сол дар Урдун бе хонаву дари доимӣ ва на кору фаъолияти дилхоҳ дар ҳолати камбағаливу нодорӣ зиндагӣ доранд. Сабаби азоби зиндагии сатҳи пасти гурезаҳо фанатизми гурўҳҳои ҷавонони он кишварҳо шудааст. Ҷавонони мутаассиб бо фанатизми хеш бозичаи кишварҳои ғарбӣ шудаанд, бехабар аз он, ки гурўҳҳову ҳаракатҳои мухталифу ҷудоихоҳ ҳазорон хуни ҳамдигар ва одамони бегуноҳро рехта истодаанд. Тамоми боигарии кишварашон ва молу мулки падарону бобоёнашонро барои харидани яроқу аслиҳа сарф карда истодаанд. Сурия кишвари тараққикарда истода ва мардуми он кишвар осудаҳолона зиндагӣ мекарданд ва хатогии ҷавонони он кишвар боис шуд, ки мутаассибони динӣ ҷангҳои тўлониро ба миён оварданд. Ҷавонони бехабару мафкураашон маҳдуд ба баъзе афсонаҳои ғарбӣ бовар карда зидди ҳукумати хеш ҷангро оғоз арда два дар охир ҳам аз хонаву дари хеш маҳрум монданд ва ҳам Сурияро ба қаъри ҷангу хун фурў бурданд. Аз ин ҳолат истифода бурда гурўҳҳову ҳаракатҳои дигарӣ мутаассиб ба майдон омадаанд, ки онҳо ҳам бо ҳукумати Сурия ҷанг карда истодаанд ва ҳам бо худи ошўбгарон, яъне револютсионерон ҷангида хонаву дар ва замини онҳоро ба тариқи ҷангҳои ваҳшиёна аз дасти аҳолӣ кашида гирифтанд. Духтарону занҳои онҳоро ба зўрӣ гирифта, байни худ хариду фурўш карда истодаанд ва мардуми он кишвар наметавонанд, ки зану духтарони хешро бозпас бигиранд. Зеро террористон онҳоро ба зании муваққатии хеш қарор додаанд. Чунин амалҳои ваҳшиёнаро ислом ҳеҷ гоҳ таълим намедиҳад ва надодааст. Аммо ашхоси ифротгарову мутаассиб, ҷудоихову бадбини дигарон аз номи исломи муқаддас баромад карда, аз ҷумлаи хоинони дини мубини ислом маҳсуб меёбанд. Дар тобистон соли равон ин гурўҳҳои ҷудоихоҳ ақаллиятҳои муқимии дигар динҳову мазҳабҳо ва ҳатто курдҳои такҷояро аз хонаву манзили хеш рондаанд. Онҳо дар ҳаққи дигар мусалмонҳо фикр накардаанд, ки дар кишварҳои аксарияти аҳолиашон гайри мусалмон зиндагӣ ва ё ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Эрон ҳамчун кишвари мазҳабгаро дар ҷангҳои ховари наздик ширкат варзида истодааст, ки маҳз бо тариқи фанатикҳои мазҳабгаро таъсири Эрон амалӣ мегарданд. Набояд фаромўш кард, ки давлати Эрон бар зидди давлати мо низ нақшаҳои душманона доштааст ва мо шоҳиди он гаштем, ки чи тавр ин давлат ба тариқи киллерҳои мутаассиб, ки аъзоёни гурўҳи террористии ҲНИТ будаанд, бисёр инсонҳоро ба қатл расониданд. Эрон кўшиш дорад, ки ҷавононро ба худ ҷалб карда, таълимоти мазҳаби шиаро, ки аз мазҳаби Имоми Аъзам дур аст, ҷорӣ намояд ва бо ин ѓасби ҳокимияту давлат намояд, ки шоҳиди ин гуфтаҳоро дар иштироки Эрон дар ҷангҳои Сурия, Ироқ, Яман ва кишварҳои дигари мусалмоннишин мебошад.
Умед дар он аст, ки мардуми меҳнаткаши мо ин сатрҳоро мехонанд ва навиштаҳои моро ба таври дуруст дарк намуда, хулосаҳои заруриро ба худ мебароранд ва ман ҳамчун шаҳрванди ин кишвар умеди онро дорам, ки доимо дар кишвари азизамон сулҳу субот бошад ва сарзамини мо аз ҷумлаи кишварҳои мутараққӣ шинохта шуда, зиндагии мардум бозҳам беҳтару хубтар гардад ва тамоми кишварҳои дунё мамлакати моро ҳамчун давлати соҳиби тамаддун, мардуми маданияти баланддошта ва равшанфикру бозаковат шиносанд.
Ҳамроҳу ҳамфикр шудан ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мутаассиб пушаймониву харобоварӣ меорад. Таассуби гурўҳӣ ҳам аз нуқтаи назари қонунҳо ба вазнинтарин гуноҳҳо оварда мерасонад.
Ҷавонони имрўзаи мо набояд ба суханҳои ба эҳсосотоваранда дода шуда, аз роҳи худ ба фанатизми мазҳабӣ даст зада, ба гурўҳҳову ҳаракатҳои мухталиф шомил шаванд ва ё тарафдорӣ карда, аз манқурти кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Эрон шудан худро эмин нигаҳ доранд.

Камолов Ф.А., Якубова Н.Я.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *