Вазъи кунунии чаҳони муосир мо-омўзгорони кафедраи муҳосиботи бухгалтерӣ ва аудитро ҳушдор медихад, ки хамеша хушёру зирак бошем. Имрўзҳо неруҳое ҳастанд, ки метавонанд зери нуфузи таъсиргузории хориҷӣ қарор гирифта, вазъи чомеаро ноором созанд. Дар Точикистони мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзати исломи Тоҷикистон аз қабили онҳост. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ натавонист ҷойгохи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва сўиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанўз саъю талошҳои иѓвоангезро ба роҳ мондааст. Наҳзати исломи Тоҷикистон бо истифода аз арзишҳои дини муқаддас солҳои тўлонӣ дар давлати демократии ва ҳуқуқбунёди мо фаъолият карда ин фурсатро барои худ ѓанимат шумурда, чи нақшаҳое паси парда таҳия намуданд. Ва бо чунин нақшаҳои нопоки худ мехостанд, ки субот ва оромии кишвари маҳбуби моро халалдор созанд. Ҳарчанд, ки дар солҳои аввали Истиқлолият борҳо барои амалисозии нақшаҳои худ талош намуданд, аммо хилофи солҳои қабл дар амали соли 2015 анҷомдодаашон зуд тирашон хок хўрд ва чеҳраи воқеии экстремистӣ ва террористии онҳо ба мардум ошкор шуд.
ҲНИТ баъди қатъи фаъолияти худ ва паноҳ бурдан ба хориҷаву пайвастан бо гурўҳҳои ифротии муқими хориҷа, дар андешаи ноором кардани вазъи чомеаи кишвар аст. Мо омўзгорони кафедра рафтору кирдори ин шахсиятҳои беҳаёву хиёнаткор аз арзишҳои ислом сўистифода намудаи ҲНИТ, ки боиси ба ризқи мардум зомину ҷону номуси мардум таҷовуз карданд дошт ва ва имрўз ҳам дорад маҳкум менамоем.
Имрўз ба хотири хифзи Истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он ҳар як фарди ватандўст бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.