Ахиран идар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сайтҳои марбут ба мухолифин дар хориҷи кишвар навиштаҳои беасосу бепоя ҷой дода мешаванд, ки аз воқеият хеле дуранд. Мисоли равшани он маводе бо номи “Авфи Мирзохӯҷа Исмоилов зери суол рафт” мебошад, ки дар сомони ислоҳ. нет ҷой дода шудааст. Ҳамаи мо хуб медонем, ки дар Тоҷикистон тибқи қонуни авф бисёре аз шаҳрвандон озод карда шуданд ва аз ҷумла теъдоде аз ҳамватанони мо, ки теъдодашон аз 200 нафар изофа мебошад, ба ватан баргашта, ба ҳаёти осоишта машғуланд ва ҳеҷгоҳ таъқибу фишор нисбати онҳо раво дида намешавад. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои онҳо садо додааст, ки худ иқрор мешаванд, ки дар кишвар нисбати онҳо ҳеҷ гуна бадрафторӣ содир намешавад. Онҳо дар навбати худ ҳамватанонро даъват мекунанд, ки ба Тоҷикистон баргашта барои ободию пешрафти кишвар софдилона дидмат намоянд.
Аммо дар мавриди Мирзохӯҷа Исмоилов ҳамин нуктаро таъкид карданӣ ҳастем, ки ӯ изҳори пушаймонӣ карда, ба Ватан баргашт. Умуман бозгашти аъзои ТТЭ ҲНИ, ки бо шинохти ҳақиқати ҳол давоми чанд моҳи охир меафзояд, аз як тараф агар саркардагони ин ташкилоти террористиву экстремистиро нигарон аз бамаротиб кам шудани ҷонибдорон ва ифшо гардидани сирру асрори фиребояшон намуда бошад, аз сўи дигар барои барангехтани дасисаҳои навбатии онон боис гардида истодааст.
Аз нигоштаҳои сомонаҳои хидмагузори онҳо маълум мешавад, ки шаҳрванди ноҳияи Масчоҳ Мирзохуҷа Исмоиловро маҳз Илҳом Ёқубов собиқ Раиси ТТЭ ҲНИ дар вилояти Суғд ба баҳонаи он ки дар Олмон барояш паноҳандагӣ хоҳад гирифт, ба Аврупо бурда муддатҳо сарсону саргардон намуда, боз ҳам акнун мехоҳад гуноҳи худро бар гардани дигарон бор намояд. Аз сарнавишти Мирзохуҷа Исмоилов, ки бар асоси дасисабозиҳои навбатии ТТЭ ҲНИ маълум мешавад, ки онҳо хостори боз ҳам гуноҳро бар гардани мақомоти давлатии Тоҷикистон бор намудан ҳастанд. Аммо андеша надоранд, ки дар асл сабаби сарсонии чандинмоҳаву солонаи ў дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Олмону Арабистони Саудӣ, Русия, Беларусия, Қазоқистон ва монанди рафтани ў кист? Дар натиҷа Мирзохуҷа Исмоилов маҷбур шудааст, ки дар кишварҳои мухталиф муддате саргардон шавад ва ночор бо дарки ин матлаб, ки ин ваъдаҳои бардуруғи Илҳом Ёқубов ва дигар саркардагони ТТЭ ҲНИ ҳаргиз ба ҳақиқат наздикӣ надоранд, бо пушаймонӣ аз бовар бар ин дуруғҳо ба Тоҷикистон баргаштааст. Чун ин гурўҳи хиёнаткорони миллат эҳсос кардаанд, ки асрори чунин ваъдаҳои пучашон фош гардидааст, маҷбур шудаанд то ҳар гуна туҳмату буҳтонро нисбат давлат ва мақомоти давлатӣ баён дошта, худ “аз об хушк” бароянд.
Нуктаи дигаре, ки рўйрост нисбат ба давлат ва мақомоти давлатӣ туҳмат задани ин гурўҳҳои хиёнаткорро нишон медиҳад, он аст,ки гўё “яке аз собиқадорони ҲНИТ Аёмиддин Сатторов, ки бо ваъдаи авф ба кишвар баргашт, барои ширкат ба нишасти САҲА-2018 бо ҳайати ҳукумат омада буд, аммо дар ҳалқаи конвой (муҳофизони ҳукуматӣ) мегашт. Ба ӯ иҷоза намедоданд, ки ҳатто аз ҳалқаи конвой дақиқае берун шавад”. Инсоф куҷост? Охир ҳамагон аз рўи наворҳои пахшнамудаи худи ҳамин гурўҳҳо диданд, ки чигуна Аёмиддин Сатторов дар он рўзҳо озодона дар Лаҳистон гаштугузор дошт ва ҳатто ба намояндагони мухолифин ва собиқ ҳамсафони хеш озодона суҳбат мекард.
Мо чанде пештар филмҳои “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва “Решаҳои ноаён”, ки аз ҷониби шабакаҳои телевизионӣ манзури тамошобинон гардиданд, тамошо кардем ва маъулм гардид, ки ,иддае аз ҷавонон аз кирдорҳои худ пушаймон гашта, ба Ватан баргаштанд. . Аз ҷумла, як гурӯҳ ҷавононе, ки аз ноҳия Ашт, дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанду ба доми афкандаи бархе аз намояндагони ТЭТ фаромада буданд, ба назди оилаи худ баргаштанд, волидайни онҳо дар навор худ тасдиқ карда истодаанд, ки фарзандони онҳо дониставу нодониста ба ин гуруҳҳо шомил шуда буданд ва имрӯз аз кирдори худ пушаймон гашта, ба назди оилаи худ омаданд ва давлату ҳукумат онҳоро аз ҷавобгарӣ озод намудааст.
Дар Точикистони мо низ неруҳое мавҷуд буданду ҳастанд, ки метавонанд боиси нооромии вазъи ҷомеа гарданд. Ниҳодҳои диниву мазҳабии тундрав ва ҳизби террористию мамнуъшудаи наҳзат аз қабили онҳост. Ин ҳизб бо вуҷуди ба даст овардани ҳуқуқи фаъолияти расмӣ натавонист ҷойгохи устувореро дар арсаи сиёсати кишвар касб намояд, аммо, мутаассифона, бо корбурди номи ислом ва сўиистифода аз эътиқоди мардум то ҳанўз саъю талошҳои иѓвоангезро ба роҳ мондааст.
Раъно Маннонова,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент