Сафарҳои Пешвои миллат ба манфиати давлату миллатанд!

 

Сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ба Ҷопон маҳз бо даъвати Ҳукумати Ҷопон сурат гирифт, баъзе аз афродро ба таҳлуқа андохт ва ин сафарро беаҳмият эълон карданд.

Ҳоло он, ки ин сафар дар паи худ манфиатҳои бузургро дар пешрафти минбаъдаи кишвари мо хоҳад дошт, ки метавон аз мулоқоти Пешвои муаззам  бо доираҳои соҳибкории Ҷопон ёдрас намуд.

Дар доираи сафари расми Президенти кишвар дар пойтахти Ҷопон шаҳри Токио бо роҳбарияти корпоратсияҳои бонуфузи Ҷопон вохӯрӣ гузаронида, дар мавриди имконияти васеъи мавҷуда дар Тоҷикистон барои сармоягузорӣ, ки аз ҷониби ҳукумати Тоҷикистон муҳайё гардидааст, сухан намуданд.

Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар давоми муносибатҳои якҷоя зиёда аз 426 лоиҳаи иҷтимоӣ аз тарафи Ҳукумати Япония бо маблащи беш аз 350 миллион долларӣ амрикоӣ татбиқ гардидааст. Аз рӯи натиҷаи соли гузашта ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо 40 миллион доллари амрикоиро ташкил дод, ки нисбат ба соли пешин 10 миллион доллар зиёд аст. Ин нишондодҳо далели  ҳамкориҳои  судманди ду кишвар ҳастанд.

Аз ҷониби Пешвои миллат ба имзо расидани як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ  бо давлати Ҷопон далели равшану раднопазири гуфтаҳои болоист, зеро имрӯз тоҷиконро марде сарварӣ дорад, ки тамоми вуҷудаш иборат аз ору номуси ватандорӣ буда, барои тарққиёту пешравӣ, ҳифзи марзу бум, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмиллалӣ шабу рӯз талош меварзад.

Пешвои миллат дар минбарҳои баланд борҳо таъкид мекунанд, ки Тоҷикистон сиёсати дарҳои кушодаро интихоб намудааст. Ин имкон медиҳад, ки кишвари мо бо тамоми мамолики дунё ҳамкории судмандро ба роҳ монад ва барои пешрафту шукуфоии ватани азизамон заминаҳои хуб фароҳам оварад.

Мо ба андешаи бархе аз нотавонбинон, ки сафари Пешвои миллатро бесамар хондаанд, мухолиф ҳастем ва боварӣ дорем, ки ҳар як сафарҳои Сарвари кишвар ба манфиати халқу миллат нигаронида шуда, аҳамияти зиёдеро бархурдор мебошанд.

Ҳомидова Дилафрӯз,
корманди шуъбаи табъу
нашри ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *