Изҳороти устодони кафедраи математикаи олӣ ва технологияи инноватсионӣ роҷеъ ба навиштаҳои иғвогаронаи Муҳаммадиқболи Садриддин

Дар шабакаҳои интернетӣ имрӯз аз ҷониби хоинону ватанфўрушон-пайғалатони миллат сиёсати дохилию берунаи Тоҷикистонро сарфаҳм нарафта, надониста хабарҳои иғвогаронаро паҳн карда истодаанд. Ин ашхос ба бозиҳои найранги навбатии Муҳиддин Кабирӣ ҳамроҳ шуда, бо супориши хоҷагони хориҷиашон амалӣ месозанд.

Имрӯз ин гумроҳшудагон бо ҳар гуна суханҳои беасосу дуруғу бемантиқи худ мехоҳанд дар Тоҷикистони соҳибистиқлол байни мардуми кишварамон зиддияту кинаю адоват барангезанд. Чунончӣ, Садриддин Муҳаммадиқбол, ки худро донотарош нишон дода, оид ба сиёсати берунаи кишварамон ибрози ақида намуда, худро «сиёсатшиноси барҷаста» мешуморад. Ба ин афроди ивғоандез таъкид ба амал оварда ёдовар шудан бамаврид аст, ки ў кист? Кадом амалу корҳои некашро мардумони кишварамон медонанд. Ва боиси тааҷҷуб аст, ки имрўз дар Аврупо иқомат дошта, бо пуштибониҳои хоҷагони хориҷиаш Садриддин Муҳаммадиқбол худро ҳақиқатнигор мешуморад.

Воқеан ба ҳоҷагони хориҷи ҳамин гуна афрод лозим аст, ки ғуломи доимии онҳо бошанд. Ҳамарўза ашхосони бадкина, ба монанди хислатҳои Садриддин Мухаммадиқбол ва ТЭТ ҲНИ, ки ақидаҳои бегонаву роҳгумшудагонро талқин менамоянд, муборизаи беамон бояд бурд.

 Дар даврае, ки ҷаҳон торафт дар торҳои партофтаи нақшаҳои глобалии абарқудратҳо печидан дорад, қарзи ҳар як фарди миллатпарасту ватандӯст яктост: роҳ надодани ғояҳо ва андешаҳои бегона ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мо ва маҳкум намудани терроризму экстремизм.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *