Мубориза алайҳи гояҳои ифротгароии Ҳизби наҳзати ислом вусъати худшиносиро тақозо менамояд

Касе, ки дигаронро бишносад, оқил аст,
вале оқилтар аз ӯ он касест, ки худро бишносад
Лао-тсзӣ   

Дар асрҳои минбаъда Суқрот ибораи “Худро бишнос”-ро шиори фалсафаи худ қарор додааст. Панду андарзҳои мутафаккирони пешин ва амалияи муосир аз он гувоҳи медиҳанд, ки худшиносӣ на фақат заминаи ташаккули инсони комил, балки масъалаи меҳварии бунёди давлати миллӣ ва таъмини амнияти он мебошад.

Таърихи инсоният собит менамояд, ки худшиносии инсон дар ҳама давру замон дар як сатҳ қарор надоштааст, зеро вай зери таъсири омилҳои мушаххаси иҷтимоиву таърихӣ дар раванди ҷомеасозӣ ва давлатсозӣ арзи вуҷуд менамояд. Аз ҷумла дар раванди бунёди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ин падида бо тобишҳои нав ба назар мерасад. Амалияи ҷомеасозии кишварҳои дар ҳоли тағйирёбӣ қарордошта, ки Тоҷикистон дар қатори онҳост, собит менамояд, ки масъалаи худшиносиӣ бевосита ба муаммоҳои бунёди давлати миллӣ ва таъмини амнияти он вобаста мебошад. Дар ин раванд худшиносӣ бо “шинохти худии худ” маҳдуд нашуда, вай бо дарки ҳуввияту мансубияти миллӣ, арҷгузори ба таърих, забону фарҳанги гузаштаву имрӯзаи миллати хеш ва ба талаботҳои бунёди давлати миллӣ вобаста мебошад.

Мубрамии вусъат бахшидан ба ташаккули худшиносии миллӣ дар замони муосир ба авҷ гирифтани ғояҳои ифротгароёнаи ҲНИ  ва дигар гуруҳҳои иҷтимоиву сиёсии мухолифин  вобаста мебошад. Мубалиғони ин ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро тавассути воситаҳои ахбори умум, хоса дар саҳифаҳои иҷтимоии Интернет дар бораи Тоҷикистон маълумоту хабарномаҳои бардурӯғ паҳн менамоянд, ки ҳадафашон  таъсиррасонӣ ба афкори омма, кӯшишест аз ҳолати мутавозини берун кашидани ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Ин мубалиғон кӯшиш ба он доранд, ки тавассути паҳн намудани ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ афкори оммаро гумроҳ созанд, мардумро фиреб дода ба низоҳои иҷтимоӣ кашанд.

Онҳо айби худро надида, айбдоронро дар дигар ҷой меҷӯянд.  Аммо имрӯз мардуми мо хеле зирак шудаанд, онҳо ба қадри сулҳу Ваҳдати миллӣ мерасанд. Магар душманони миллати тоҷик намебинанд ки дар давоми 27 соли сиёсати сулњофарин ва Вањдати миллї ба миллати тоҷик  муяссар гашт,  роњеро тай намояд, ки он шояд ба асрҳо баробар бошад.

Ба андешаи мо, яке аз сабабҳои ҷонкании мубаллиғони ТТЭ ҲНИ ҳам дар ҳамин аст, яъне рӯз аз рӯз давлати милии тоҷикон пурқувват мегардад, мардумонаш дигар ба суханони бардурӯғ, тӯҳматомези онҳо бовар намекунад. Рафтори онҳо аккоси саги аз паси поезд давида истодаро мемонад.

ТТЭ Ҳизби наҳзати ислом амалҳои хиёнаткоронааашро фаъол намуда мехоҳад, пешсафи муборизаи мавфкуравӣ гардад. Пештар Кабириву пайравонаш ҳамеша Ҳукуматро бадном кардан мехостанд. Аммо имрӯз вазъият тағйир ёфтааст, зеро акнун онҳо бо муборизаҳои дихилии мухолифин банд ҳастанд. Дурӯягӣ, ғояҳои ватанфурӯши ба он оварда расонд, ки имрӯз ягон қувва, на намояндагони “Гуруҳи 24”, на озодандешон, на Аттоулоев ва пайравони ӯ  ба Кабирӣ бовар намекунанд. Ӯро на дигарон, балки ҳаммаслакони дирӯзааш рӯирост ба хешутаборчигӣ дар сохтори ҳизбаш, (ҳизби оилавӣ) ватанфурӯшиву миллатфурӯши  дар сухану амалаш, лаббай гӯию лагандбардорӣ  дар назди хоҷагонаш айбдор мекунанд.

Бояд тазаккур дод, ки  мухолифини ҳукумат дар ҳама кишварҳо вуҷуд доранд.  Дар Амрико, Аврупо, Руссия… Вале  ягон нафари онҳо намехоҳанд, ки Ватанашон, халқашон ба оғӯши нотинҷиву ҷангу ҷидолҳо кашида шаванд. Онҳо ободии Ватанашонро, сулҳу субботи ҷомеашонро мехоҳанд. Вале мухолифини тоҷик дар намунаи ғояҳои ифротгароии ҲНИ  ҳамеша аз паи бадномкунии миллат, давлату ҳукумат ҳастанд

Хуб як дақиқа тасаввур мекунем, ки давлатсозииву ҷомеасозии имрӯзаи мо ба онҳо маъқул нест. Агар онҳо дар ҳақиқат ҳам хостгори ободгардонии Ватани хеш бошанд. барои чӣ онҳо бо Ҳукумат ҳамкорӣ намекунанд, чунки онҳо ниятҳои нопок доранд, мансабталош мебошанд. Баъд аз Инқилоби Октябр бисёр шаҳрвандони Руссия ба хориҷа ҳиҷрат карданд. Агар хиёнати Савенкову ва чанд тани дигарро ба инобат нагирем ягонтаи онҳо ба Ватани худро бадном карда ба он хиёнат даст назаданд. Аксари онҳо мехостанд дар кишвари аҷдодиашон тезтар тинҷиву осоиш ҳукмрон гардад, то ки онҳо тавонанд ба оғӯши Ватан баргарданд. Ҳатто душмани ашадии сохти Шӯравӣ А. Сложенитсин дар мавриди қулай ба Ватани аҷдодии хеш баргашт. Ин нависандаи забардасти рус дар бораи камбудиҳои сохти Шӯравӣ асарҳои зиёде эҷод кард, вале мо дар ягон ҷо намебинем , ки ӯ Ватанашро таҳқир карда бошад. Ӯ ҳамеша Руссияро мисли Ватан-модар арҷгузори менамуд. Вале бубинед Кабириҳову Назарзодаҳо чи аз дохилу чи аз хориҷ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки миллати тоҷик, давлату ҳукумати Тоҷикистонро бадном кунанд, мардумро гумроҳ намуда боз матлаби хешро ба даст оранд.

Мухолифин дар шахсияти ТТЭ ҲНИ доимо таъкид менамоянд, ки мо Ватанамонро дӯст медорем, мехоҳем, ки онро бо роҳи дигар ороставу обод гардонем ва ғайраву ва ҳакоза. Ин ҳама дурӯғи маҳз аст. Шумо он кореро мекунед, ки ба шумо  хоҷаҳоятон мефармоянд. Матлаби асосии хоҷагони шумо соҳиби давлат шудан, ҷомеаи дунявии тоҷикро сӯи хурофоту ифрот кашидан аст.

Аз ин рӯ, ман аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям,ки ҳоло дер нашуда аз роҳи бунёдгароиву ифрот баргардед, то ки мо якҷоя Ватани худро обод кунем.

Чанд сухан дар бораи ба ном гурӯҳи “озодандешони хориҷии тоҷик”. Озодандеши дар таърих решаҳои чуқур дорад. Намунаи барҷастаи озодандеширо мо дар фалсафаи Юнони Қадим, дар мисоли фалсафаи Суқрот дида метавонем, Дар адабиётҳо таъкид мегардад, ки Суқрот мутафаккири озодандеш ва мунаққиди гузаро будааст. Вай дар андешаҳои фалсафиаш сохти ҷомеаи ғуломдории Юнон ва муносибатҳои иҷтимоии ҳамон вақтаро зери танқид гирифтааст. Ҳатто барои озодандешиаш ӯро ба маҳкама кашида, ба зиндон мепартоянд.  Вақте ки ба ӯ шогирдонаш фирор намуданро аз зиндон пешниҳод менамоянд, ӯ розӣ намешавад ва заҳр нӯшида ҷон медиҳад.

Падидаи озодандеши дар даври Эҳё ва Замони Нави Аврупо ҳам ташаккул ва такомул ёфта буд. Намунаҳои онро мо дар фалсафаи маорифпарварии Фаронса: Волтер, Монтескё, Руссо, Кондорсе, Кондиляк, Ламетри, Дидро, Гелветсий, Голбах дида метавонем.  Мӯҳтавои  озодандешии ин мутафаккирон аз он иборат аст, онҳо  мафкураи феодалї, таассуби диниро танқид намуда, озодии эътиќод ва  афкорро тарғиб намудаанд.

Ҳадаф аз ёдовар шудани ин нуктаҳо аз он иборат аст, ки  дар таърих падидаи озодандешӣ ҳамчун василаи ислоҳи камбудиҳо ва ободу ороста гардонии ҷомеа баррасӣ гаштааст. Муҳимтарин нукта аз он иборат аст, ки мутафаккирони дар боло зикр гашта барои баёни афкори озодонаи хеш ватанашонро тарк накардаанд, аз сарзамини бегона истода ба дигарон  бунёди ҷомеаро сабақ надодаанд. (Ба ёд оред Суқрот маргро аз гурехтан аз зиндон афзалтар медонад.)

Сад афсӯс, ки имрӯз ашхосе (барои ин мафҳум узр мехоҳем, чунки зери  ибораи “гурӯҳи озодандешон” ному насаби киҳо ниҳон аст, мо намедонем) аз дуриҳои дур истода, ба мо ҷомеасозиро меомӯзонанд. Бубахшед, мо ҳам аз сиру асрори ҷомеасозӣ бохабарем. Мо дар таърих давлату девон доштем. Принсипҳои бунёди ҷомеаи ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ,  иқтисодӣ бозории ба бозори ҷаҳонӣ рақобатпазир, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дигар арзишҳое, ки шумоён иброз доштаед, ба мо ҳам маълум аст. Аммо мо дар ҳайратем, ки шумоён вазъи муташанниҷи ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан дар давлатҳои ҳаммарзи Тоҷикистон ва имкониятҳои имрӯзаи онро ба инобат намегиред.   Ба андешаи мо бузургтарин дастоварди Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ ин аст, ки дар ин солҳо ваҳдати миллати тоҷик ба даст оварда шуд, дар ҷомеа сулҳу осоиши устувор барқарор гашт. Имрӯз дар ҷаҳон давлатҳое кам нестанд, ки бо гузашти солҳо онҳо ҳамчун миллат ба ваҳдат наомаданд ва худро ҳамчун як гурӯҳи иҷтимоиии этникии воҳид нашинохтанд. Барои ин эътироз узр мехоҳем, аммо ба андешаи мо, агар шумо озодандешон дар ҳақиқат ҳам ободиву оростагии ҷомеаи Тоҷикистонро мехостед бо давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамкорӣ менамудед, барои ҳаллӣ муаммоҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ ҷомеаи муосири Тоҷикистон саҳмгузор мешудед. Он гоҳ гуфтан мумкин буд, ки шумо озодандешед, озодандешонед, ки барои рушди ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон хизмати шоён менамоед.

Аз дур истода маслиҳат додан осон аст, аммо дар Ватан қарор дошта, ба “ҷароҳатҳо иҷтимоиӣ”-ии он  дармон бахшидан кори саҳл нест. Барои ин инсон бояд Ватани худ,  миллати худро дӯст дорад, марзи бум, обу хоки онро муқаддас донад. Аз ин лиҳоз. мо  ашхосе, ки дар Шабакаҳои иҷтимоии Интернет андешаҳои  “озодандешона”-и худро баён намудаанд,  озодандешони ватанпарвар номида наметавонем.

   Ҷанобон, бубахшед, ин фикри озодандешонаи мо мебошад.

Расулҷон Солиҷонов
доктори илмҳои фалсафа,
профессори  кафедраи
ҷомешиносии ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *