Изҳороти устодони кафедраи математика ва технологияи информатсионӣ перомуни гирдиҳамоӣ дар шаҳри Берлин

Дастандаркорони фирории ҳизби террористӣ ва мамнуъшудаи наҳзати исломӣ, ки аз ҷавобгарӣ дар назди қонун гурехта,  дар кишварҳои аврупоӣ паноҳ бурдаанд, бо ҳар роҳу восита махсусан , бо таълифи хабару мақолоти муғризона тариқи сомонаҳои ифротии интернетӣ кӯшиш доранд, давлату миллати тоҷикро сиёҳ кунанд. Онҳо тариқи пахши ахбори муғризона худро нафарони адолатпешаву ҷоннисори миллат намоиш медиҳанд. Онҳо бо баргузории митингу гирдиҳамоиҳо мехоҳанд обруву нуфузи кишвари азизамонро паст зананд. Аммо ин кори онҳо аслан фоидае надорад ва ба ҷуз зарар ба худи онҳо чизе ба бор нахоҳад овард.

Шукронаи фазои орому осудаи кишвар, ки имрӯз сулҳу субот дар кишвари мо ҳукмрон асту мардуми кишвар пайи зиндагии орому осудаи кишваранд. Аммо, имрӯз бархе ба ном гуруҳҳо азон воқеаи дар кишвари мосар зада, дар тамоми ҷаҳон бонг бардоштаанд.  Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон дар пойтахти Олмон эъломияи матбуотӣ пахш карда, санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар назди сафоратхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон “гирдиҳамоии бузурге” баргузор намуд. Мақсади асосии ин гирдиҳамоӣ барои озод кардани зиндониёни Тоҷикистон Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров нигаронида шудааст. Талаботи дигар аз он иборат аст, ки феҳристи кушташудагон ва захмиёни зиндони рақами 3/3 дар шаҳри Хуҷандро нашр кунанд.

Мо, шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол медонем, ки баъди эълон шудани мустақилияти кишварамон чандин гурўҳҳои сиёсӣ пайдо шуданд ва барои омадан ба сари қудрат ба мубориза сар карданд. Гурўҳҳои муборизабаранда ҳама ғаразҳои сиёсӣ доштанд ва як қисми он гурўҳҳо аз рўйи нишондоди хоҷагони бурунмарзии хеш амал мекарданд. Дар натиҷа дере нагузашта Тоҷикистони нав ба истиқлол расида, ба коми ҷанги мудҳиши шаҳрвандӣ кашида шуд.

Дар андак муддат даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ кушта шуданд, ҳазорон оилаҳо бесаробон монданд, садҳо ҳазори дигар гуреза шуданд, тарки Ватан карданд. Ҳукумати вақт дигар чорае ба кор бурда натавонист. Танҳо бо инояти Худованди бузург баъди Иҷлосияи тақдирсози 16-ум роҳи халосӣкушода гардид. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар такя ба қувваҳои солим ва дар муросо бо мухолифин давлати пароканда ва азбайнрафтаро аз нав ба сари қудрат овард ва тамоми захмҳои ҷамъиятро шифо бахшид.

Дар Тоҷикистони имрўза, ки қудрати барҳам задани ҳар гуна низоъҳои дохилиро дорад ва дар сиёсати байналмилалӣ ҳам эътибори шоиста пайдо кардааст, мо медонем, ки ягон нафарро бегуноҳ зиндонӣ намекунанд.  Мо ҳамагуна митингу гирдиҳамоиҳои мухолифинро дар хориҷи кишвар маҳкум менамоем ва ҳама якдилу якҷон барои ободии ватан хидмат хоҳем кард.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *