Ахиран дар пойтахти Олмон-шаҳри Берлин тазоҳурот ё гирдиҳамоии як идда мухолифин ва бадандешони миллат баргузор гардид. Онҳо бо суханҳои носазо дар ҳаққи давлату миллат бадгӯӣ мекунанд ва ҳама дастоварду комёбиҳои имрӯзи кишварро нодида мегиранд. Дастандаркорони ин гирдиҳамоиӣ кист ва онҳо чи мақсаду маром доранд, ба кас равшан нест. Аммо як чиз мусаллам аст, ки дар пасманзари ин ҳама воқеаҳо ТТЭ ҲНИ местад, ки дар хориҷи кишвар садо баланд карда, ба ин васила мехоҳад обруву нуфузи кишварро паст занад.
ТТЭ ҲНИ ва роҳбарияти сиёсии он тайи даҳ соли охир ҳамеша бар пояи тарҳи озору гила ва шикваю шикоят домони интиқоди муғризона барзада, боиси мураккаб шудани вазъ дар минтақа гардиданд. Онҳо иродаи озоди худро надоранд ва танҳо аз рӯи дурӯғпардозӣ мехоҳанд ба зеҳнҳо таъсир расонда, ҷойгоҳеро дар боварҳои мардум аз худ ба вуҷуд оваранд.
Вале ҳар фарди бедордил ва огоҳи миллат бояд андеша намояд, ки онҳо ҳамон гурӯҳҳоянд, ки давлату миллати тоҷикро дар вартаи нобудӣ қарор доданд ва сабабгори аслии ҷанги бародаркушӣ гардиданд. Бояд ҳар як фарди миллат дарк намояд, ки онҳо бештар аз марази вогире дар вуҷуди миллат нестанд. Онҳо нафаронеанд, ки манфиати бегонагонро таблиғ менамоянд ва мехоҳанд аз нав истиқлолияти миллӣ ва давлати миллиро аз байн баранд. Дурӯғпардозӣ, фазилатфурӯшӣ, суханбозӣ, гул задани мардум усули асосии мағзшӯии онҳост.
Ба онҳо такя кардан ва онҳоро бовар кардан ба ҷуз аз нобудии миллат кори бештаре нахоҳад буд. Ин ҳизб ба мисли маризии вогирест, дар пайкараи миллат, аз ин рӯ, сафарбарии ҳамаи неруи солимфикри ҷомеаъ барои аз байн бурдани ин беморӣ метавонад миллати моро аз шарри ин саратон озод намояд.