ВАТАНФУРӮШОНИ ТАНГНАЗАР

Имрӯз яке аз масъалаҳои муҳиму мубрам, ки боиси нигаронии ҷомеа ва ҳамагон гардидааст, ин пешгирӣ аз фаъолияти тахрибкоронаи ҳизбу ҳаракатҳои динӣ-экстремистӣ ва созмону ташкилотҳои террористӣ, аз қабили ТЭТ ҲНИ ба сафҳои худ шахсонеро, ки берун аз ҳудуди давлати хеш ҳамчун ҷинояткор дар ҷустӯҷӯ қарор доранд ва ё назари танг ба тараққиёти ҷомеа доранд ва алалхусус шахсоне, ки худро сиёсатмадор нишон дода, аз сиёсати давлаташон норизо мебошанд ба воситаи ақидаҳои гуногун ҷалб менамоянд. Чуноне, ки таҳлилҳо собит месозад, вақтҳои охир бо шарофати расонаҳои алтернативие чун «Интернет», баъзе паҳлуҳои фаъолияти сиёҳи ҲНИ ва роҳбари он ошкор мегардад. Масалан яке шахсияти ба кишвари мо ношинос бо номи Сиддиқи Акбар, ки дар хориҷӣ иқомат дошта худро “ҳақиқатҷӯй” шуморида, дар якҷоягӣ бо сарвари ТЭТ ҲНИ М.Кабирӣ бо ҳар гуна роҳҳо мақсадҳои разилонаашонро амали кардан доранд. E худро “сиёсатмадор” ҳисобида тангназарона суханҳои беасос мегӯяд. Кӯдак чи дахл дорад ба сиёсат?! Ин бозии навбатии сиёсӣ аст! Сиддиқи Акбар ба бозиҳои навбатии сиёсӣ М.Қабирӣ ва хоҷагони хориҷӣ ҳамроҳ шуда, ба доми “лухтабозӣ” онҳо афтодааст, ки оқибати ин танҳо пушаймонист!
Лозим ба ёдоварист,ки ҳар ташкилот новобаста аз намуди фаъолияташ эҳтиёҷ ба дастгирии молӣ дорад. Пас, дар ин масъала, кӣ дасти кӯмак ба ҷониби ҲНИ дароз карда буд? То ҷое, ки хабарҳои ғайрирасмӣ вуҷуд доранд дастгирии молии ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар будааст. Доир ба ин масоил яке аз сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, зимни баромадаш дар ДУМА-и давлатии Русия гуфта буд: “Чаро оппозитсия (мухолифон)-и мо аз берун маблағгузорӣ мешаванд?”. Яъне, агар оппозитсия аз хориҷи кишвар дастгирӣ ёбад, ин маънои онро дорад, ки душманони миллат аз беруну дарун мубориза бар зидди он давлатро тарҳрезӣ кардаанд.Зикр кардан бамаврид аст, ки ҲНИ пеш аз ҳама ҳамчун дарвозаи вуруди ақидаҳои бегона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, салафият, ҳизби таҳрир ва шиа хизмат намудааст.Дар иртибот ба ин қайд кардан бамаврид аст, ки ҳатто собиқ сарвари ҳизби ҲНИ Саид Абдуллои Нурӣ ба соли 2006 гуфта буд: “Агар бо ҳамин ҳолате, ки ҳизб дорад, ба қудрат расад, ҳам ҳизбро, ҳам исломро ва ҳам миллатро шарманда мекунад.
Хулоса ин амали иғвоангезонаи Сиддиқи Акбарро тамоми мардуми кишари соҳибистиқлол сахт маҳкум намуда, ба хотири ҳифзи Истиқлолияти давлат, таҳкими амну суботи сиёсии кишвар ва рушди рузафзуни он ҳар як фарди ватандӯст бояд вазифаи муқаддаси худро ба хотири пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар кишвар, таъмини амният, таҳкими Ваҳдати миллӣ, ҳифзу нигоҳдории истиқлол, тақвияти иқтидори давлат ва пешрафти ҷомеа содиқона рисолати хешро иҷро намуда, барои ободонии Ватан ва афзудани номи неки он талош варзад.

М. Файзиева,
устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *