Изҳороти устодони кафедраи баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудити ДИС ДДТТ оид ба тазоҳурот дар назди сафорати Эрон дар Душанбе

Чанд рўз қабл дар шабакаи интернет наворе пахш гардид, ки дар он даҳҳо нафар рузи 21-уми май дар назди сафорати Эрон дар Душанбе ҷамъ омада,  зидди Эрон ва Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ шиор додаанд.

Чи тавре, ки аз навор бар меояд, даҳҳо нафар дар назди сафорат ҷамъ омада  «Нест бод Кабирӣ», «Нест бод ҳизби наҳзат», «Соли 1990-2000-умро намехоҳем!», «Фарзандони моро раҳгум накунед!», шиор медоданд.

Ҷамъомадагон як  як бо садои баланд “Ҳеҷ кишваре набояд ба сиёсати давлатии Тоҷикистон дахолат кунад”, “Дар Тоҷикистон барои ҷангҳои маҳзҳабӣ ҷой нест!” ибрози сухан менамуданд ва умуман ин тазоҳурот ба фикри мо барои он аст, ки эътирозгарон намехоҳанд кишвари дигаре ба умури дохилии Тоҷикистон дахолат кунад. Ҳадафи онҳо аз руи навор бар ало дида мешуд ва онҳо намехостанд, ки ягон хоинони ватану миллат дар ҳар ҷо давлату миллати моро сиёҳ кунанд.

Бинобар ин ба хоинон ва душманони давлати Тоҷикистон муроҷиат карда, гуфтанием, ки шумо ҳеҷ вақт муваффақ намешавед. Зеро мо мардуми Тоҷикистон шукри ҳаёти орому осуда ва давлати обод карда, барои ободии Ватани азизамон саъю талош менамоянд. Қувваи мо дар ваҳдат ва ягонагист ва  мо ҳушёриву зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст нахоҳем дод.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *