Нест бод терроризм! – ин шиори ҳар як фарди ватандӯсти тоҷик!

Солҳои охир хатарҳои ҷаҳони муосир, назири терроризм, экстремизм, одамрабоӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир боиси нигаронии ҷомеаи ҷаҳон гардидаанд. Дар амри мубориза алайҳи ин хатарҳо нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз аз соли 1999 ҷиҳати  муборизаи фарогир  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро ҳамчун мавқеи стратегӣқабул намуд. Дар Ҷумҳурии  Тоҷикистон 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм» ба имзо расид. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  фароҳеро  дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ҳамин тавр, кӯшишҳои созмондеҳони терроризми байналмилалӣ барои мустаҳкам кардани мавқеи ҷонибдоронашон  дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус  Тоҷикистон, натиҷа надоданд.

          Терроризму экстремизм ҷавононро ба гумроҳӣ мебарад ва ҷавонони ноогоҳ дар охир аз ин амалашон пушаймон мегарданд. Ҷавононро зарур аст, ки ҳама имконияти мавҷударо истифода намуда, барои пешрафти Тоҷикистон талош намоянд. Бинобар ин ҷавононро бояд дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия ёфта, шомили ҳар гуна равияҳои тундраву террористӣ нагарданд ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро ҳимоя намоянд. Дар чунин вазъият масъулияти азими таърихӣ ва рисолати  шаҳрвандии мо аз он иборат  аст, ки давлати ҷавони миллӣ, истиқлолияти он ва ҷомеаи худро аз ҳар гуна пайомадҳои манфӣ эмин нигоҳ дорем.

Дар назди сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон ҷавонон даст ба тазоҳурот зада, оид ба фаъолияти Ҳизби наҳзат, роҳбарони он, дастгирии терроризму экстремизм шиорпартоӣ карданд. Мо аз навор дидем, ки чӣ тавр ҷавонон бо ихтиёри худ ба майдон баромада, таъкид мекарданд, ки ҳеҷ давлат ва кишваре ҳақ надорад ба сиёсати кишвари мо дахолат намояд. Албатта, мо ҷонибдори ҷавонони саодатманди миллатем ва намегузорем, ки ҷангу ҷидол ва хунрезиҳое, ки солҳои навадум рух доданд, бори дигар дар ватани азизамон такрор шаванд. Шиори ҳар як ҷавони худшиносу худогоҳ “Нест бо терроризму экстремизм” мебошад.

 Ҷалолов Нодир, устоди ДИС ДДТТ

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *