Вожаи терроризм аслан маънои куштор, даҳшатафканӣ, даҳшатангезӣ, даҳшатовариро дошта, бо шунидани ин ибора касро дар вартаи даҳшат меоварад. Ин зуҳуроти номатлубу даҳшатовар таърихи тулонӣ дошта, аз қадим бо ин амали даҳшатовар мубориза мебаранд, ки ин амалҳои номатлуб то замони мо расидааст ва аз ҷониби тамоми ҷомеаи ҷаҳони амалҳои ин гуна афроди носолими зеҳнию ахлоқиро маҳкум мекунад.
Дар саҳифаҳои рузномаю маҷаллаҳо мехонему дарк мекунем, ки қисми зиёди террористон дар кишварҳои Шарқи Наздик ва ҳатто Аврупою Амрико парчами исломиро баланд бардошта, зери он «Давлати Исломи бунёд месозем» гуфта, ба куштори бераҳмонаи сокинони осоишта даст мезананд.
Ҳаводиси нангину марговари террористии мамолики Шарқи исломӣ ҳатто кишвархои абарқудрати ҷаҳонро водор мекарданд, ки имрӯз аҳли хирад донишмандону мутафаккирон, сиёсатмадорону ҷомеашиносон роҳҳою усулҳои пешгирии чунин амалиётҳои номатлубу дунёбезоронаро харчӣ зудтар дарёфт намоянд. Баръакси хол, терроризму экстремизм шубҳае нест, ки ба аксарияти мамолики дунё метавонад, сироят кунад.
Дар Љумҳурии Тоҷикистон шукри беҳад, ки фазои сулҳу осоиш ва вахдату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон аст, вале падидахои даҳшатноку марговари террористии кишварҳои гуногун ба мо низ бетаъсир нахоҳанд монд, зеро дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ халқи Тоҷикистон ҳам узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Аз ин нуктаи назар гирифтани пеши роҳи ҳама гуна зухуроти номатлубу даҳшатовар вазифаи ҳар як шахси поквиҷдону халқпарвар ва ватандӯсту ояндасоз мебошад.
Агар бобати зиндагӣ ва ҳаёт чуқуртар андеша кунем, ин мубориза ба муқобили марг, ҳама гуна ҷисми зиндае, ки ба дунё меояд, ҳамеша бо марг мубориза мебарад. Инро мо ҳар рӯз ва дар ҳаёти одамону ҳайвоноту наботот мушоҳида мекунем.
Бинобарин, ба маврид аст, зикр намоям, ки олами вуҷуд лозим аст ва зарурат дорад. Онҳое, ки ба дунё меоянд, дар назди худ ва олами вуҷуд масъулият, вазифаҳо, ӯҳдадориҳо доранду онҳо ҳам дар қонунҳои башарӣ ва ҳам дар аҳкоми шаръӣ таҷассум ёфтаанд.
Пас олам, дунё ва зиндаги барои меҳнат, сохтан, бунёд кардан, чизе аз худ гузоштан ва номи накӯ мондан аст, на барои ҳар чи зудтар мурдан.
Аз ин хотир биёед, тарбияро аз оилаи худ оѓозу пурзур намоем, то ҷавонон, ки насли ояндаи ҷомеаи мо ба шумор мераванд, ба ин роҳи пурхатар нарафта, илм омӯзанд, самти ободонию созндагии Ватанро пеша кунанд.