Терроризм ва экстремизм-муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият!

 Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

Терроризм ва ифротгаройӣ дар байни табақаҳои мухталифи ҷомеа, махсусан миёни ҷавонон яке аз муаммоҳои меҳварии ҳаёти башарият буда, оқибат ба бесуботӣ ва вайронкорӣ меорад.

Аз ин хотир, ҳифзи ҷавонон аз чунин гурӯҳу равияҳо ва мубориза ба муқобили ин зуҳуроти хатарафзо вазифаи ҳар як шаҳрванди ватандӯсту озодихоҳ мебошад.

Дар ин марҳилаи ҳассосу печидаи ҷаҳони муосир миллати сарбаланди мо метавонад, бо мафкураи миллӣ ва заковати азалӣ худро аз ин хатарҳо дуртар нигоҳ дорад. Тавре, ки мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, олимону донишмандони мамлакат бояд ба масъалаи тавсеаи мафкураи миллӣ, таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву сиёсии ҷомеа, иттиҳоди нерӯҳои созандаи кишвар, ҳифзи манфиатҳои стратегии Тоҷикистон, мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, хуруфотпарастиву ифротгароӣ, инчунин таҳкими масоили демократикунонии ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар эътибори аввалиндараҷа диҳанд.

Ин амалу зуҳуроти номатлуб метавонад дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон дар дин, сиёсат, идеалогия, илм, фарҳанг ва дар варзиш ба миён ояд.

Дар замони имрӯза шахсон, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое мавҷуданд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто, бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Ба ақидаи аксари муҳаққиқон, сиёсатшиносон, рўзноманигорон экстремизм бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор меояд ва ин падида дар тамоми гўшаву канори сайёраи мо ба амал меояд.

Яке аз сабабҳои асосии экстремизм ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ мебошад. Файласуфи машҳури англис Антони Гидденс навишта буд, ки «мо акнун дар замони хатару таваккал зиндагӣ дорем».

Сабаби дигар ҷараёни бошиддати ҷаҳонишавӣ олами моро тағйир медиҳад, тамаддун, фарҳанг, анъана, урфу одат, дину мазҳаб ва суннатҳои анъанавиро заиф месозад ва ҳатто, тамоман аз байн мебарад. Натиҷаи он на ҳама вақт мусбату дилхоҳ аст ва ин падида эҳсоси нотавонӣ, заифӣ, маъюсӣ ва дар бисёр маврид танаффур (нафрат), эътироз ва муқобилиятро ба миён меорад. Ин омил метавонад, боиси бегонагӣ ва ҷудоӣ аз раванди ягонагӣ, ҳамкорӣ, ҳамзистӣ, таҳаммулпазирӣ гардад.

Омили дигаре, ки бештар дар ҷаҳони ислом, дар байни мусулмонон роиҷ аст – ин эҳсоси беадолатӣ нисбат ба ислом ва пайравони он аст.

Экстремизм ва терроризм аз мафҳумҳоест, ки дар дунёи имрўза вирди забони ҳама шудааст ва ин ду мафҳум ба ҳам пайваст мебошад. Экстремизм (тундравӣ, аз андоза гузаштан) ба терроризм меорад. Истилоҳи «терроризм» (аз калимаи лотинии «tеrrоr») маншаъ гирифта, маъноаш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон мехоҳанд, мақсаду мароми худро бо роҳи зўроварӣ, куштор, тарсу ваҳм амалӣ созанд. Террор кардан, ҷомеаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ афкандан аст.

Ассистенти  кафедраи

                                                                         назарияи иқтисод

                                                                                Ҳакимова Н. К.

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *