ИЗҲОРОТИ устодони кафедраи ҷомеашиносии ДИС ДДТТ нисбат ба хиёнаткорони миллат, ки дастовардҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистонро нодида мегиранд.

Бо ифтихору хушҳолии зиёд иброз медорем, ки дастовардҳои бузурги миллати тоҷик ба шарофати Истиқлоли давлатӣ ва дар партави роҳбарии хирадмандонаи Ҳукумати кишвар бо сарварии Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноил гардидааст, ҳеҷ фарди солимфикру боинсоф инкор карда наметавонад. Имрӯзҳо тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол талош доранд, ки дар устуворӣ ва таҳкими истиқлолияту ваҳдат ҳар чӣ бештар саҳмгузор бошанд. Бояд тазаккур дод, ки дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол дар дар давоми  30 соли Истиқлол хело зиёданд, ки ин пешравию шукуфоии ватанро бархе аз бадхоҳон, хоинону ватанфурӯшон ва душманони дохиливу хориҷии миллату давлати Тоҷикистон ва хоҷагони бурунмарзӣдидан намехоҳанд  Аммо афсус, ки ҷомеа аз шахсони ношукру хиёнаткор холӣ набудааст. Феълан як қисмат шаҳрвандони кишвар дар хориҷа бо роҳбарии хоҷагони зархариди худ, ки аз даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз намехостанд  ва намехоҳанд Тоҷикистони биҳиштосо рӯ ба беҳбудӣ ораду мардумаш оромона зиндагӣ ба сар баранд. Чунончӣ ТТЭ ҲНИ , Гуруҳи – 24 ва дигар равияҳои ифротӣ мақсадашон ноором кардани ватани азизамон мебошад. Умуман ҳама гуна даъвоҳои  фирориёни ин ҳизбу гурӯҳи  мазкур дар хориҷа пучу бедалел буда, мақсади асосӣ ин ба Афғонистони дуюм табдил кардани Тоҷикистони осуда аст. Хушбахтона, онҳо ангуштшуморанд ва ғайр аз талошҳои беҳуда ва суханпардозиҳои буҳтономези беасос дигар чизе надоранд. Баробари ин, таъкидан бояд ёдовар шуд, ки  воқеан ҳодисаҳои нангини солҳои 90 уми асри гузашта  аз ёди ҳазорҳо сокинони кишварамон ҳанӯз ҳам зудуда нашудааст. Мардуми диёрамон як маротиба рӯзҳои сахт, азобу шиканҷаҳо, сарсонию саргардонӣ ва ғаму андӯҳҳои зиёдеро аз сар гузарониданд. Имрӯз то чӣ андоза муҳим будани сулҳу салоҳ ва хотирҷамъиро дарк карданд, муйро аз хамир ва бадию хубиро ба зудӣ аз ҳам ҷудо карда метавонанд. Дида тавонистан, қадр кардани ободиву осудагӣ, сулҳу салоҳ, корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва дар замири худ парваридани пиндори неку рафтори неку гуфтори нек ,моро ҳидоятгар ба фатҳи қуллаҳои илму маърифат хоҳад бурд!

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *