ҶAНГҲОИ ИТТИЛООТИИ БЕМAЪНИИ БАДХОҲОНИ МИЛЛАТ!

Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сабабаи суръат ёфтани равандҳои сиёсӣ, гуногунфикрӣ, бархӯрди андешаҳо ва зиддиятҳои иҷтимоӣ дар руёрӯи муборизаҳои мураккаб дучор  гардидааст. Таҳлили афкори иҷтимоии  ҷамъияти имрӯза аз ҷониби коршиносон дар робита бо ин мушкилот гоҳо объективона ва гоҳо субъективона дар вобастагӣ ба вусъати тафаккур ва сатҳи ҷаҳоншиносию ҷаҳонбиниашон рӯи кор меоянд. Вобаста ба ин  масоил возеҳу равшан мушоҳида мешавад, ки солҳои охир душманони миллати кишвар ба мисоли роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ ва пайравонаш аз имконияту афзалиятҳои шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода бурда, дар барномаи ифротии “Паймони миллӣ..” таблиғи андешаҳои ботил, пеш аз ҳама ноором намудан ва рахна сохтан ба девори сулҳу суботи кишвар, барҳам задани уммеду орзуи мардум ва дар вазъияти ногувор гирифтор намудани ҷомеаи имрӯзаи мо кӯшиш дорад. Кабирию пайравонаш, аз ҷумла Муҳаммадиқболи Садриддин дар барномаи  “Пайванд”ва дигаре  узви аъзои Гурӯҳи-24, Тағойзода Беҳрӯз дар барномаи “Садои мардум” бо иғвоҳои ҳамешагӣ ва матлабҳои бадномкунандааш aз нопокиву беиттиҳодӣ дaрaк медиҳaд, aрзишҳои диниву мaзҳaбиро истифодa бурдa, aмaлиётҳои экстремистиву террористии худро бaҳри бa дaст овaрдaни ҳокимият бо дини мубини Ислом пaрдaпӯш кaрдa, миллaти тоҷик вa хусусaн ҷaвононро бa ҷaнгҳои иттилоотии бемaънӣ дaъвaт нaмудaн ҳаракат дорaнд.

Вале Кабирӣ ва пайравонашон бояд дарк намоянд, ки сокинони мамлакат аз кирдорҳои разилонаи собиқ аъзоёни ҲНИ дар фоҷиаи ҷанги шаҳрвандӣ ва дар замони сулҳу оромӣ  оид ба амалҳои номатлуби навбатиаш низ воқиф мебошанд. Баробари ин бояд қайд кард, ки мардуми Тоҷикистони тозаистиқлол барои пойдору безавол ва ҷовидона мондани осудагиву амнияти миллӣ талоши беш аз ҳарвақта мекунад. Зеро ин сарзамини биҳиштосо ва соҳибистиқлол бо ҷоннисориву ҷонбозиҳои абармардони ҷасуру бонанги миллат ба даст омадааст ва он ҳеҷ гоҳ намегузорад, ки аз дасти як қабил нохалафоне, чун фитнакорону иғвоангезони душманони миллат боз бар гирдбоди заволёбӣ афтад.Ҳар як фарди бонангу номуси миллат, ки имрӯз дар фазои осудаи Ватан умр ба сар мебарад ва дастовардҳои дар тӯли 30 сол ба даст овардаи халқу ватани хешро қадр мекунад.Мо насли даврони Истиқлол, ки рӯз то рӯз аз файзу самараи он баҳравар ҳастем, рӯзгори худро осудаҳолона пеш бурда, имрӯзу ҳамавақт амалҳои номатлуби нафарони хиёнаткору бадхоҳони миллатро шадидан маҳкум менамоем!

 

                     Р.АНВАРӢ,

асистенти кафедраи молия вақарз

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *